Паёмак ба Сайёфи Мизроб:
“Чун одоби эҳтироми бузург ба устод Лоҳутӣ оромгоҳи ӯро соати 8-саҳар барои дидан (зиёрат) омадам. Аз соли 1985 наздики 40 сол аст, ки сари қабри устод омада, майсаву алафро тоза, болою атрофи онро мерӯбам, сангу навиштаи онро мешӯям. Низ чанде аз ашъори эшонро бо оҳанги Одина Ҳошим ва Аҳмад Зоҳир баланд мехонам. Афсӯс, ки дар ин 38 сари қабри устод сиголиш (дуо) кардан, касе, ҳатто дар зодрӯзаш надидаам, ба ҷуз замони чемпионати футболи ҷаҳони соли 2018, ки мухлисони Лоҳутӣ аз тамомии дунё омада буданд. Худат суратро бубин. Бо дуруд”.
Ин чанд рӯзи ташрифи оғои Путин ва сароини ИДМ ба Душанбе, ҳайати эҷодии СССР ба ин маърака банд буд. Низ шумораи навбатии СССР ба ин муносибат бахшида хоҳад шуд. Аз эшон (СМ) хабаре наомад, ки боз паём равон кардам:
– Дар бораи зодрӯзи Лоҳутӣ ин шумора ҷо ҳаст, ки зуд материалро ҷамъоварда равон кунам?
Ин Сайёфи мо, ки худ марди аҳли адаб аст, баъди чанд сония:
– БАРОИ УСТОД ЛОҲУТӢ ҲАМЕША ДАР ДИЛИ МО ҶО ҲАСТ, – навишт.
– Олиҷаноб.
Тобистони соли 1985 дар шаҳри Москва дуюмин Фестивали ҷавонон ва студентони ҷаҳон аз рӯзи 27-уми июн то 3-юми август гузаронида шуда буд. Дар он аз 157 кишвари ҷаҳон, зиёда аз 26 ҳазор ҷавон аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, ё ВЛКСМ-и СССР даъват гардид. Барои меҳмондории чунин шумори бузурги хориҷӣ, боз наздики 30 ҳазор комсомолу кормандони дигар ташкилоти ҷавонони СССР-ро сафарбар карда, намоиш (фестивал) хеле хуб гузоронида шуд. Ман ҳам дар байни шумори ҷавонони ҷаҳон ба сифати намояндаи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар гулгашту раставу толори қаҳрамоншаҳри Москва дар тан либоси тоҷикӣ, қадам зада, чанд маротиба ҳамроҳ бо ҳамсабақонамон Маҳмадамин, Эркамоҳ, Сайфиддин ва дигарон (ба ин расм нигаред, гуруҳи донишҷӯёни Тоҷик дар “Майдони Сурх”) шеъри тоҷикӣ хонда, бо сари баланд худро шинос мекардем.
Рӯзи 27 уми июли 1985 ҳамоиши бузург атрофи варзишгоҳи машҳури “Лужники” баргузор гардид, ки дохил ва атрофи онро то масоҳати 2-3 км. ҷавонони сару либоси мардумӣ дошта, иҳота карда, шӯру ғавғо, рақсу суруд, таблу нағоразаниро то ба фалак мебардоштанд. Гуруҳи мо, дар назди девори қабристони “Новодевичье кладбище” расид. Нисфи ҳамоиши рӯзро, бо студентони кишвари араб, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар назди он гузаронида будем. Ҳини гузашт аз назди дарвозаи ин қабристон пирамарди тахмин 70-75 соларо дидем. Бо баъзе аз мо шинос шуду, изҳори миннатдорӣ кард. Замони худро шинос карданам, ки ман Тоҷик ҳастам, чизе нагуфта, дасти маро нарм гирифта, пеши қабри № 5 бурд.
-Ана дар ҳамин ҷо яке аз бузургтарин шоири форсу тоҷики асри XX Лоҳутиро ба хок супоридаанд.
Ҳуш аз сарам парид. Ҳеҷ боварие надоштам, ки ин пири солхӯрдаи Москва маро бо Лоҳутии овозадор шинос мекунад. Баробари дидани номи Лоҳутӣ дар тани ҷавони 25 солаам, кафтар виж-виж зада, пайдо шуд. Ба ваҷд омада, тарафи тахтасанги рӯйи қабр нигоҳ кунам, ё сипоси бепоён ба ин марди шоирдӯсту бофарҳанг гӯям.
Баъди хондани номи Абулқосим Лоҳутӣ, бовар кардам, ки манзили охирати бузургвор ин ҷо будааст. Ҳини дар Донишгоҳ хондан аз устодон шунида будам, ки устод Лоҳутиро дар Москав ба хок супоридаанд, лекин дар куҷо намедонистам.
-Бобо! Шумо аз куҷо номи ин шоирро медонед?
-Бузургсолони ман ҳам назди ин шоир Лоҳутӣ хобидаанд. Ҳар замон мебинам, ки пеши ин марди эронӣ адибони СССР, ки мешиносам, зуд-зуд омада, мепурсанд. Ана бо ҳамин ман ҳам дӯсти ин шоири Шумо шуда мондам. Мебинӣ, ки умри ман ҳам ба поён расида истодааст. Дар ҳақиқат мардуми порсу тоҷик бузургони хеле зиёд дорад. Ба Москав ойӣ, ё зиндагӣ кунӣ, аз ёд набарор.
Сад афсӯс, ки ҷавони масту по дар ҳавои сарбаланд будам, ба чунин бузургвориҳои мардум кам аҳамият медодам, номи ин бузургвори марди руси бо мо дӯстро напурсида будам.
Аз ҳамон соли 1985 васияти ин марди шарифро гирифта, наздики 40 сол аст, ҳар 12 октябр ва баҳорон болои сари оромгоҳи Лоҳутӣ омада, онро тозаву оро дода, 1, ё 2 ғазали ноби ӯро баланд мехонам, низ сиголиш (дуо)-е хонда, ёд мекунам. Нигаред ба расм. Шояд руҳи фавтидагони ин оромгоҳ сухани волои Лоҳутии Кирмоншоҳиро шунаванд. Кӣ медонад, лекин ғулғулаи шеъри Лоҳутӣ то ҳоли ҳозир миёни мардум танинандоз аст.
Чунин суоли машҳури Лоҳутӣ ҳеҷ замон куҳна нахоҳад шуд, ки дар пештоқи дарвозаи шаҳру деҳоти Зодгоҳи мо навишта мешуд, ки назари ҳар роҳгузарро зуд ба худ мекашид.
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
Лоҳутии озодихоҳ
Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 12 октябри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳ, 500 км. дуртар аз Теҳрони Эрон, дар оилаи косиб ба дунё омада, пеши бузургвор падари мӯзадӯзаш каме дониш мегирад. Бинобар рӯзгори вазнин, аз паи қути лоямут, сафари олам мекунад. Дар бораи ҳаёти адабии устод навишта бисёр аст. Бояд гуфт, ки Абулқосими ҷавон замоне ба сар бурда, ки хунинтарин ҷанги якум (1914-1917) ва дуюми ҷаҳон (1939-1945) гузашта буд. Баъди поёни ҷанги якум аз соли 1917 то соли 1919 дар қаламрави Эрони имрӯза чунон қаҳтӣ ба миён оварда мешавад, ки аз 20 млн. нисф зиёди мардуми меҳнаткашу адабиётдӯсти он аз гуруснагиву маризӣ кушта шуда буд. Чунин нажодкушӣ (геноцид)-ро касе надида буд. Достони ин мардумкуш алоҳида аст, ки эҳтимол дар оянда ривоят хоҳем кард.
Хулоса, ба Ҳиндустону Туркия, Қафқоз ва атрофи ин минтақа сафар карда, инқилобро дар шаҳри Боку ва Тифлис пешвоз мегирад. То ин замон шеъри зиёде офаридааст, ки андар озодӣ ва меҳри инсон мебошад. Баъди гашти зиёд соли 1922 дар 35 солагӣ ба СССР-и ҷавон омада, то охири умр мемонад.
Лоҳутӣ – шоири Тоҷик
Устод яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравист. Низ Иттифоқи нависандагони СССР-ро таъсис дода, роҳбарӣ карда. Соли 1925 ба Душанбе омада, хизмати арзанда мекунад. Суруди милии Тоҷикистони Шуравӣ сухани Лоҳутӣ буда, бо тасдиқи Иосиф Сталин аз соли 1946 то соли 1992, наздики 50 сол шабу рӯз дар фазои хабарии ҷаҳон паҳн карда мешуд. Бо рафиқ Сталин ва роҳбарони СССР муносибати хеле хуб дошт, ки замони тасдиқи Тоҷикистони соли 1924-1929 хизмати эшон дар ташкили давлат Тоҷикистони нав бебаҳост.
Чанд вақт дар кори фарҳанги ҷумҳурии тозабунёд кор карда, боз ба Москва омадааст. Шеъри “Иди Тоҷик”, яке аз бузургвориҳои устоди муҳтарами мост:
Иди Тоҷик
Зери чархи нилгун то ҷон Ватан дорем мо,
Ҳуши ҷон бар сурати аҳли Ватан дорем мо.
Аз шуҷоатмандии халқи тавонои диёр,
Сарфарозиҳо ба ҳар як анҷуман дорем мо.
Рӯзу шаб дар арсаи меҳнат паи ному нишон,
Кӯшиши мардона мисли таҳмтан дорем мо.
Мардуми мо нашканад паймону қавлаш ҳеҷ гоҳ,
Нафрат аз номардуми паймоншикан дорем мо.
Зинда бош эй Тоҷикистон!
Ид бар болои ид, Ид дар шаҳру деҳу куҳу даман дорем мо.
Аҳмад Зоҳир ва Лоҳутии инқилобчӣ
Аҳмад Зоҳир шеъри “Зиндагӣ охир сарояд”-ро хонд, ки сабаби инқилоби соли 1978 дар Афғонистон мегардад:
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест…
Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,
Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дур,
Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест.
Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,
Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!
… Ки ин Лоҳутӣ аз сомони ман дигар чӣ мехоҳад?
Аз Лоҳутӣ навишта хеле зиёд дорем, лекин дар бораи бузургдошти ӯ дар шаҳри Москва кам чизе дорем, ба ҷуз оромгоҳаш. Ба тарафи касе санге партофтанӣ нестем, лекин 1 чиз маълум аст, ки барои чӣ то ҳол пайкараи устодро болои қабраш намегузорем? Дигар чизи аз ҳама муҳим он аст, ки дидан (зиёрат)-и ягон адибу давлатмардони гузаштаву ҳозираро тамоман намебинед. Аз фавти устод наздики 80 сол сипарӣ мешавад. Агар ин замон мекарданд, зуд онро дар ВАО бо тантана пахш мешуд, ки ин ҳам нест. Пайкараҳои зиёдеро дар шаҳри Москва мебинем, лекин нишоне аз ин марди ходими калони фарҳангу давлатӣ, низ тахтасангеро намедонем, агар бошад нишон диҳед. Дар ашъори Лоҳутӣ меҳр ба кишвару шаҳрванд, озодии одаму инсониятро дар домони поку вафодорӣ мебинем, ки устод 70 соли бобаракаташро бахшидаанд:
Ҳамепурсанд чӣ дорӣ дар вафодорӣ, намедонам,
Ба ғайр аз покии домони ман дигар чӣ мехоҳад?
Тамоман обрӯям рехт аз дасти ҳавасҳояш,
Намедонам дили нодони ман дигар чӣ мехоҳад.
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва
