Пас аз нашри матлаби сардабири газетаи мардумии СССР бо номи «ППГ» дар шумораи гузашта, Раҳмиддин Саломзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои техникӣ, дотсент яке аз аввалинҳо шуда ба ин мушкил, ки ба проблемаи №1-и пойтахт мубаддал гаштааст, вокуниш кард. Ӯ дар матлаби худ сабабу омилҳои тамбашавӣ, роҳҳои аз байн бурдани пробкаҳоро низ шарҳ додааст. Мо бархе аз нуктаҳои муҳими шарҳу эзоҳи муовини раиси шаҳри Душанберо вобаста ба тамбашавии нақлиёт дар пойтахт меорем, зеро «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст!». Мо Метавонем!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии тамбашавии роҳҳои автомобилгард дар шаҳрҳо инҳоянд:
- Афзоиши шумораи нақлиёти шахсӣ
Дар солҳои охир шумораи мошинҳои шахсӣ босуръат афзоиш ёфта, суръати рушди инфрасохтори роҳро пушти сар гузоштааст. Ин ҳолат боиси сербории роҳҳо ва ба вуҷуд омадани тамбашавӣ мегардад.
Мутобиқи иттилои ШБДА РВКД дар дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе шумораи воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз 87 442 адад дар соли 2021 ба 144 930 адад дар соли 2024 баробар шудааст, ки зиёдшавӣ 65,7% ро ташкил медиҳад.
- Шумораи зиёди автомобилҳои аз берун ба шаҳр воридшаванда
Тибқи маълумоти ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ба шаҳри Душанбе 44 548 адад воситаи нақлиёт аз ноҳияҳои гирду атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ворид мешавад. Ҳамин тариқ, ба ҳисоби миёна бо инобати воситаҳои нақлиёти аз берун ба шаҳр воридшаванда ҳамарӯза дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе 160 492 адад воситаи нақлиёт дар ҳаракати роҳ иштирок менамоянд.
- Қобилияти гузарониши роҳҳои автомобилгард (зичии ҳаракат)
Зичии ҳаракат (интенсивность) дар роҳҳои автомобилгард бо шумораи хатҳои ҳаракат вобастагии мустақим дорад. Он одатан бо нишондиҳандаи адади мошинҳо дар як соат (мош/соат) чен карда мешавад ва барои банақшагирии инфрасохтори нақлиётӣ муҳим аст. Аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида қобилияти гузарониши роҳ вобаста ба шумораи хати ҳаракат (дар як самт) ба ҳисоби миёна дар 1 хати ҳаракати роҳ қобилияти миёнаи роҳ ва зичии ҳаракат 600-900 мошин/соат, дар 2 хат 1200-1800 мошин/соат, дар 3 хат 1800-2700 мошин/соат, дар 4 хат ва бештар аз он 2400-3600+ мошин соат аст.
- Шумораи чароғакҳои роҳнамо ва гузаргоҳҳои пиёдагард
Дар умум, 203 адад чароғаки роҳнамо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, ки аз ин 76 адад чароғаки пиёдагард, 127 адад чароғаки роҳнамои нақлиётӣ мебошанд. Идоракунӣ ва назорати чароғакҳо ба КВД “Шаҳри Хушманд” ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди РБДА ВКД ҶТ (КДҶМВИ) вобаста гардидааст.
- Шумораи таваққуфгоҳҳо дар шаҳр, аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои пулакӣ
Набудани тавақуфгоҳҳои замонавии баландошёна (ба монанди таваққуфгоҳи 7-ошёнаи ҶДММ “Корвон” дар саршавии бозори “Корвон”) низ яке аз омилҳои тамбашавӣ ба шумор меравад. Шумораи таваққуфгоҳҳо, хусусан таваққуфгоҳҳои пулакӣ, нақши калидӣ дар ташаккули ҳаракати нақлиёт ва танбашавии шаҳрӣ доранд.
- Шумораи воситаҳои нақлиёти кироякаши такси
Шумораи зиёди таксиҳо, махсусан дар маркази шаҳр ва наздикии бозорҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо, сабаби афзоиши шиддати ҳаракат мешавад.
Дар аксар ҳолатҳо, таксиҳо дар ҷойҳои мамнуъ таваққуф мекунанд ё суст ҳаракат мекунанд дар ҷустуҷӯи мусофир, ки боиси монеа дар ҷараёни ҳаракат мегардад.
Таксиҳои ғайриқонунӣ (бидуни иҷозатнома) ва аз квотаи муайяншуда зиёд фаъолиткунанда ба низоми нақлиётии шаҳр осеб мерасонанд, зеро ба танзими давлатӣ итоат намекунанд. Онҳо метавонанд дар ҳар куҷо ва ҳар вақт таваққуф ё ист кунанд, ки сабаби ташкили танбашавии ғайрирасмӣ мегардад. Азбаски онҳо аксар вақт ба қоидаҳои ҳаракат итоат намекунанд, ба амнияти роҳ низ таҳдид мекунанд.
Бо мақсади аз байн бурдани таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолияткунанда ва ба танзим даровардани фаъолияти такси дар шаҳр шумораи (квотаи) такси дар шаҳри Душанбе ба 12 000 адад расонида шуда ба чор ширкати кироякаши такси вобаста гардид.
- Ба талабот ҷавобгӯ набудани истгоҳҳои нақлиётӣ
Истгоҳҳои нақлиётӣ, ки ҳамчун нуқтаҳои асосии саворшавӣ ва фаромадани мусофирон хизмат мекунанд, бояд бо талаботи техникӣ, миқдорӣ ва фазоӣ мутобиқ бошанд. Аммо, дар аксари шаҳрҳо, истгоҳҳо на ҳама вақт ба талабот ҷавобгӯ буда, худ омили танбашавии ҳаракати нақлиёт мегарданд.
Истгоҳҳое, ки дар ҷойҳои номусоид (масалан, дар наздикии чорроҳаҳо, дар ҷойҳои танги роҳ) ҷойгиранд, боиси монеа ба ҷараёни асосии ҳаракат мешаванд. Нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус, микроавтобус ва ғайра) ҳангоми таваққуф дар чунин ҷойҳо маҷбур мешавад, ки як қисмати роҳро бандад.
- Хати алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ
Дар шароити муосири шаҳрсозӣ, системаи самараноки нақлиёти ҷамъиятӣ бояд бо муҳити мусоиди ҳаракат таъмин бошад. Яке аз омилҳои калидии ин самаранокӣ – хати алоҳидаи ҳаракат барои автобус, троллейбус, микроавтобус ва дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Аммо дар бисёре аз шаҳрҳо, набудани чунин хати алоҳида боиси танбашавии шадиди роҳҳо мегардад.
Набудани хати алоҳида ба тамбашавӣ чунин таъсири манфӣ расонида метавонад:
а) якҷоя шудани тамоми воситаҳои нақлиёт дар як хати ҳаракат
Нақлиёти ҷамъиятӣ маҷбур аст дар як хати ҳаракат бо мошинҳои шахсӣ ҳамсафар бошад.
- Чорроҳаҳо ва таъсири онҳо ба танбашавии ҳаракат
Шаҳрҳои муосир бо шабакаи мураккаби роҳҳо ва чорроҳаҳо муайян карда мешаванд. Чорроҳаҳо – нуқтаҳои буриши роҳҳо – дар ташкили ҷараёни ҳаракат нақши калидӣ доранд. Вале вақте шумораи онҳо зиёд ё нодуруст танзим шуда бошад, метавонанд ба танбашавии шадиди ҳаракат оварда расонанд.
Чорроҳаҳои танзимшаванда ҷараёни ҳаракатро назорат намуда, ба ҳаракати равон дар чор самт имкон медиҳад ва амнияти ҳаракатро таъмин мекунад.
- Ҳамкорӣ ва намудҳои гуногуни нақлиёти истифодаи умум (метро, трамвай, монорелс, роҳҳои ресмонӣ (канатные дороги))
Яке аз роҳҳои самараноки коҳиши тамбашавӣ – ин рушди нақлиёти ҷамъиятии гуногуннамуд мебошад. Дар ҳолате, ки дар шаҳр танҳо автобус ва микроавтобус фаъолият дорад, набудани метро, трамвай, монорелс ва роҳи ресмонӣ (ropeway) ба афзоиши сарборӣ ба роҳҳои заминӣ ва танбашавии доимӣ оварда мерасонад.
Бо ҷорӣ намудани чунин воситаҳои нақлиёт, ҳам суръати ҳаракат ва ҳам сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад. Танзими сиёсати нақлиётӣ бояд ба самти тақвияти инфрасохтор ва навсозии намудҳои ҳаракат равона гардад.
Дар соли 2025 анҷоми таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз он корҳои дақиқи лоиҳакашӣ оғоз меёбанд. Хатти аввалини метро, ки ба нақша гирифта шудааст аз ҷануби шаҳр оғоз ёфта, то марказ, ба минтақаи Сирки давлатӣ мерасад. Дарозии ин хат тақрибан 10,5 километрро ташкил медиҳад.
- Нақшакашиҳои шаҳрсозӣ
Ҷойгиршавии муассисаҳо ва сохторҳои гуногун дар дохили шаҳр ба зичии ҳаракати нақлиёт таъсири калон мерасонад. Шаҳри Душанбе низ аз ин қоида истисно нест.
Таҳияи нодурусти нақшаҳои шаҳрсозӣ, ҷойгиркунии ғайриоқилонаи минтақаҳои истиқоматӣ ва корӣ, инчунин, норасоии таваққуфгоҳҳо сабабгори шиддатёбии мушкилоти нақлиётӣ гардидаанд.
- Садамаҳо ва корҳои таъмири роҳ
Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи ҳодисаҳо соли 2022-ум 244 ҳолат будааст, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 44 нафар ҳалок ва 256 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамин тариқ, соли 2023 шумораи садамҳо 228 ҳолат, ки дар натиҷа, 47 нафар ҳалок, 229 нафар захмӣ ва соли 2024-ум 208 ҳолати садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 38 нафар ҳалок ва 195 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
- Риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ
Қонуншиканиҳои маъмул, аз ҷумла, таваққуфи нодуруст, риоя накардани чароғакҳои роҳнамо ва дигар қоидаҳо, монеаи ҷиддӣ дар роҳи ҳаракати мунтазами нақлиёт мешаванд.
Роҳҳои ҳалли масъалаи тамбашавӣ:
- Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ
- Муосирсозии шабакаи нақлиётӣ: зиёд кардани хатсайрҳо, кам кардани фосила байни ҳаракатҳо ва нав кардани паркҳои нақлиётӣ.
- Ҷорӣ намудани хатҳои махсус барои автобусу троллейбусҳо.
- Рушди нақлиёти роҳи оҳан: метро, трамвай ва қатораҳои сабук.
- Шаҳрсозии оқилона ва устувор
- Бунёди роҳҳои таворавӣ, чорроҳаҳои бисёрқабата ва магистралҳои ҳалқавӣ.
- Ҷорӣ намудани технологияҳои “шаҳри хушманд” (Smart City) барои назорати рақамии ҳаракати нақлиёт.
- Татбиқи модели “шаҳри 15-дақиқаӣ”, ки сокинон метавонанд дар давоми 15 дақиқа ба макони кор, таҳсил ё истироҳат бирасанд. Моҳияти ин модел дар он аст, ки сокинон бояд тавонанд дар масофаи на бештар аз 15 дақиқа роҳ, хоҳ пиёда ва хоҳ бо воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ба макони кор, таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, истироҳат, харид ва дигар заруратҳои рӯзмарра дастрасӣ дошта бошанд.
- Тарғиби нақлиёти алтернативӣ ва сабз
- Рушди роҳҳои велосипедронӣ, инфрасохтори самокатҳо ва минтақаҳои пиёдагард.
- Ҷорӣ намудани субсидияҳо ва имтиёзҳо барои истифодабарандагони нақлиёти барқӣ ва экологӣ.
- Маҳдуд кардани истифодаи нақлиёти шахсӣ
- Пардохти махсус барои ворид шудан ба маркази шаҳр.
- Кам кардани теъдоди таваққуфгоҳҳо ва баланд бурдани арзиши онҳо.
- Тарғиби истифодаи муштараки нақлиёт тавассути каршеринг ва дигар барномаҳо.
- Истифодаи технологияҳои рақамӣ
- Насби чароғакҳои зеҳнӣ бо системаи мутобиқшаванда ва мониторинги ҳолати роҳ дар вақти воқеӣ.
- Истифодаи замимаҳои мобилии навигатсионӣ барои пешгирӣ аз роҳҳои серодам.
- Таҳлили маълумоти калон (big data) барои таҳияи нақшаҳои мудирияти ҳаракат ва пешгирии тамбашавӣ.
