Ман хеле мутаассифам, ки дар давроне ахиран қарор дорам, ки журналистика мефавтад. Дақиқтараш онро, журналистикаи профессиоанлиро мекушанд. Агар накуштаанд!!!
Агар аҳамият додаӣ, хонанда, дар Тоҷикистони азиз, маҳз кишвари мо, дигар ба сайру тамошову сафару командировкаҳои расмӣ, масъулин тик-токерҳоро мебаранду блогеронро меоранд. Зидд нестам. Раванд. Оянд. Вале пурсида мешавад, аз масъулин, ки дар кадом кишваре дидаву шунавидаед, ки зимоми таблиғу ташвиқи ватану ватандориро ба тик-токеру блогерони, маъзарат, вале дар аксари маворид, бесавод бовар кунанд?
Дар олам ҳастанд блогероне, ки воқеан ҳам муаррифигари давлату миллати хешанд. Вале аксарияти ишон аз «остинчаи журналистика» гузаштаанд. Блогерону тик-токерони мо фазосоз нестанд. Рӯиҳамрафта, аксарият, шояд 95% бештар хатти саводи оддии кофии навишту талаффузи 1 ҷумлаи саҳеҳ надоранд. Усулан зидд нестам, ки онҳо фаъол бошанд. Бошанд! Вале маро чизи дигар ба ташвиш овардаааст, ки масъулин замони ахир тик-токпарасту блогермуҳаббат шудан доранд.
Худое накарда, имрӯз сари давлати мо боди тунди хатаре вазад (сари дилхоҳ давлат он мевазад!), кӣ бояд аз манофеи давлатии мо ҳифз кунад? Оё мо дорем, журналисте дар пояи Владимир Соловёв, Брилёв, Познер, Дмитрий Гордон, Таккер Карлсон? Инҳо имрӯз мунодиву муаррифгар ва муҳофизи фазои иттилоотии кишварҳои хешанд.
Дур намеравем, 1 Павел Зарубини рус, бо 1 телефон ва асои селфисоз-худнаворгир, аз Тоҷикистон, барномаҳое аз сафари Путин В.В. таҳия кард, ки тамомии олами журанлистикаи мо, дар дохили кишвари худамон, натавонист кардан! Ҳол он ки мо дар Тоҷикистон, шукри Худо, техникаву технологияи пешрафтатар аз русу англису амрикоӣ ҳам дорем. Аммо кадр надорем! Кадрро кӣ, кто, ким месозад? Суол риторикист.
Ва аммо аз ҳама бештар дар журналистикаи байналхалқӣ англисҳо пешсафанд. Дар феҳристи номдортарин журналистони олам (бовар кунед, ҳаст ин рӯйхат), усулан англисҳо меистанд:
Роберт Фиск (Англия), Кейт Ади (Англия) ва Кристиан Амонпур (Англия). 2-тои ахир бонувонанд. Кейт агар Ордени Импературии Британияро соҳиб шуда бошад, пас Амонпури эронтабор, ки бо 2 забон англисиву форсӣ матлаб таҳия мекунад, ягона нафаре шуд, ки бо ӯ Ҳуснӣ Мубораки мисрӣ ва Муаммар Қаззофии лубнонӣ, дар даврони табаддулоти «Баҳори Араб» суҳбат оростанд. Баъдан ин 2 танро мардуми зерфишори тик-току блогу саҳафоти иҷтимоии Фейсбук қарор дошта, сарнагун сохтанд. Яке зиндонӣ ва дигариро таҷовуз кардаву куштанд. Имрӯз ин миллатҳо аз карда пушаймонанд. Вале дигар ба кӣ мегӯй?
Сабаби ун бадбахтиҳо низ ин ҳам буд, ки дар ун кишварҳо афроде набуд, ки идеология бар шонаҳои онҳо такя занад. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар мекарданд…
Баъдан феҳристи рӯзноманигорони беҳтарини оламро амрикоиҳо ҳамел шудаанд:
Роберт Апшур «Боб» Вудворд (ИМА), Андерсон Купер (ИМА), Ширин Бхан (Ҳиндустон) ва Гленн Гринвалд (ИМА).
Дар миён танҳо 1 намояндаи осиёист. Бону Ширин (оре, зан аст), беҳтарин гузоришгари ватани хеш аст ва 1 нюанси аҷиб он ҳам ҳаст, ки аксарияти инҳо бо англисӣ барнома омода мекунанд. Забони байнулмилалӣ.
Акнун суоле ба миён меояд, ки дар тули 34 соли истиқлолияти давлатӣ, ки хеле ва воқеӣ дар ҳама соҳот пешравӣ кардем, мо чанд журналисти англисзабон тарбият кардаем? Ягон-то!
Онҳое, ки ахборро дар тарҷума мехонанд, журналист нестанд. Журналист БОЯД худаш барнома таҳия кунад, фазосоз бошад ва ахбори ҷаҳонро аз призмаи хеш баҳогузорӣ намояд.
Мо на блогери англисзабон дорему на тик-токеру на «фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ», ки бо англисӣ чӣ, ки ҳатто русӣ ва фаронсавию хитоӣ барнома таҳия намояд.
Дар бораи блогерони маъруфи таблиғгари мавзеъи дидании ватани хешу барномарезони соҳаи туризм низ бубояд гуфт. Аксарияти ишон журналистони хубеанд, ки ба блогер тағйири касб кардаанд. Фарзи мисол дар кишварҳои пасошуравӣ блогер-сайёҳони укроинӣ маъруфанд, ба мисли Антон Птушкин (сафарнома), Дмитрий Комаров (сафарномаи ҳуҷҷатӣ). Блогерони русу укроинӣ имрӯз ба таърих бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки талаби замон аст. Ҳамзамон, дӯсти питерии ман, шарикдарсам, ки дар 1 гурӯҳ мехондем, Игор Семиков дар барномаи интернетии Машнюс ё худ MASHNEWS. Новости промышленности. НОВИНКИ ВООРУЖЕНИЯ.
барномаҳои профессионалии ҳарбие таҳия мекунад, ки ба гуфти бобои Ғулом «ови даҳонат мерава!». Медонед сабаб чист? Инҳо ҳама аз «остинчаи журналистикаи профессионалӣ» бархостаанд.
Чӣ магар русу укроиниву англису амрикоиву ҳиндӣ тик-токеру блогери сакалту надоранд? Миллион – миллион!!! Ва аммо чун манофеи милливу давлатӣ пеш омад, такя бар хирад, касбият, дониш ва…солдидаҳо мезананд.
Шояд оқилаке пайдо шаваду гӯяд, мо чунин журналист надорем. Правильно! Надорем. Зеро таваллуд накардем, тарбият накардем, омода насохтем. Ягон нафар аз батни модар журналист таваллуд намешавад. Ба надоштан ку надорем, вале бо ҷорӯби «ҷавонсозии журналистика» саф-саф рӯзноманигорони касбии солдидаро ба пенсия руфта партофтем. Мактаби устод-шогирдро барҳам рехтем. Журналистикаи тоҷик думбурида шуд, ба таъбири арабони бодияшин, ки пасон дар Қуръон низ сабт ёфт «ҳувал абтар»-уштури думбуррида гардид, яъне наслзо нест дигар ин касб!
Ҳамин аст, ки имрӯз низ, ба нохост ягон матлаби хубу хондании профессионалие нашр шавад, муаллифаш ё Абдуллои Раҳнамост, ё Шарифи Ҳамдампур, ё Саъдии Маҳдист, ё Раҷаби Мирзо, ё Хуршеди Атовулло, ё Ҳуриннисо Ализода, ё Марям Давлатова…ё ягон собиқадори дигари матбуот.
Муҳимтару аҷибтар кор дар ин моҷаро он аст, ки ҷои ақаллан додан ба ҳамин будаҳо имконияти тарбияти шогирду соҳибмактабӣ, мо бархе аз ишонро маҳдудтар мекунем, даҳонашонро мебандем, газетаашонро мебандем, баъзеро зиндонӣ мекунем, баъзеро ба расонаҳои электронии расмӣ роҳ намедиҳем. Бо ин ҳама ишон боз ҳам дар соати сахт пушти манофеи миллат қомат алам мекунанд. Шахсан ман намедонам, мо журналистикаро куҷо бурданиему бо он чӣ кор карданием…
Ҷавонон имрӯз аз маҳдудаи 1 дақиқа навори Риилс (Reels), 30 сония тик-току 2 дақиқа блог убур карда наметавонанд. Андешаи ояндаи миллат маҳдуд шудааст, дар ана ҳамин 0,5-1-2 дақиқа. Фикр, ки маҳдуд шуд, ҷаҳонбинӣ низ коҳиш меёбад. Гунаҳи ишон нест. Ҷурм аз мост, ки натавонистем, барои ояндаи рахшони журналистикаи тоҷик кадр, шогирд, пасованди хешро тарбият ва ба ҷамъият туҳфа кунем.
Дунё пеш меравад, пир ҷавон намешавад. Мо низ кадом рӯзе меравем ва бо устодони хеш мепайвандем. Ва суоле моро азият медиҳад, ки журналистикаи Тоҷик дар оянда аз марзи тик-току блог унсутар убур мекунад ва ё на?
Шояд соати саъде даррасидааст, ки баъд аз қонун дар бораи «Мақоми омӯзгор» ҳукумат қарору қонуне қабул намояду аз қишри осебпазиртарини ҷомеа-журналистикаи профессоиналӣ ҳифз кунад? Бовар кунед, моро низ бисёр ғам медиҳанд…Суол албатта риторикист. Мо Метавонем!
