Дидгоҳи ман дар бораи таназзули ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон.
Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ибтидо ҳамчун платформа барои муошират ва табодули андешаҳо сохта шуда буданд, дар солҳои охир ба майдоне табдил ёфтаанд, ки рафтори ғайриахлоқӣ, моҷароҳо ва нақзи марзҳои шахсиро намоиш медиҳанд. Дар Тоҷикистон, ки анъанаҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ ҳамеша ҷойгоҳи муҳиме доштанд, ин зуҳурот нигаронии махсусро ба миён меорад.
Бӯҳрони масъулияти шахсони машҳур
Видеоҳои моҷароангез, ки дар онҳо ситораҳои шоу-бизнес ва блогерони маъруф рафтори номатлуби худро нишон медиҳанд, қариб ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст.
Яке аз мисолҳои наворе бо Қадамӣ Қурбон миёни мардум ҳамин шабу рӯз сару садои зиёдеро барпо кард. Ин навор танҳо 1 намунаи ин тамоюл аст. Проблема на танҳо дар худи рафтори ғайриахлоқӣ Қадами Қурбон ва афроди дигари дар навор буда, балки дар он аст, ки чӣ гуна он ба аудитория пешкаш карда мешавад.
Бисёре аз ситораҳо, то ҳадде аз одобу ахлоқ дур шудаанд ки саҳнаҳои номаҳрам ва ҳатто ҳаёти шахсии худро ба намоиш мегузоранд, фаромӯш мекунанд, ки контент ва мӯҳтавое, ки онҳо дар марази умум ба намоиш мегузоранд онро ҳазорон ҷавон бо зеҳни ҳанӯз ноомода тамошо мекунанд.
Насли ҷавон аксар вақт блогерон ва ситораҳоро ҳамчун намуна барои пайравӣ мебинанд. Аммо ба ҷои илҳом бахшидан барои рушд, таҳсил ё кор, чунин шахсиятҳо намунаи рафтори моҷароҷӯёна ва нақзи меъёрҳои ахлоқиро тарғибу ташвиқ медиҳанд. Ин арзишҳои ахлоқии ҷавононро вайрон мекунад, цинизмро зиёд мекунад ва ба фикри онҳо таҳмил мекунад, ки барои маъруф шудан метавон аз ҳар гуна марзҳо гузашт ва аз фарҳангу арзишҳои худ дур мешаванд.
Ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ: аз набудани он то ташаккулёбӣ
Мушкилоти асосӣ дар набудани ахлоқи рақамӣ аст. Агарчи дар ин замина ҳамкорони мо чанд соле пеш корҳоеро анҷом доданд, аммо ин ҷавонон аслан аз ин меъёрҳои ахлоқӣ хабар надоранд. Дар талош барои лайк ва тамошо одамон фаромӯш мекунанд, ки ҳатто дар интернет ҳудудҳои иҷозатпазирӣ вуҷуд доранд. Сабт кардани видеоҳо бидуни иҷозат, маҳкум кардани дигарон дар сатҳи ҷамъиятӣ, паҳн кардани маводи хилофи ахлоқ – инҳо на танҳо ғайриахлоқист, балки қонунро низ нақз мекунад.
Ба ҷои ин, шахсони маъруф метавонистанд платформаҳои худро барои пешбурди арзишҳои эҳтиром, фарҳанг ва кумакҳои мутақобила истифода баранд.
Қонунгузории Тоҷикистон ҳифзи ҳаёти шахсиро пешбинӣ мекунад, аммо дар бештар авқот ин меъёрҳо ро нақз мекунанд. То вақте ки механизмҳои мушахас ва самараноки ҷазо барои нақзи марзҳои ҳаёти шахсӣ ҷорӣ нашаванд, ин мушкилот танҳо бадтар хоҳад шуд. Муҳим аст, ки ҷомеа низ ба муҳокимаи ин масъалаҳо ҷалб карда шавад, то талабот ба намунаҳои мусбати рафтор ташаккул ёбад.
Чи бояд кард?
Ҳама чизеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух медиҳад, ҳамчун меъёр қабул накунанд. Рафтори ғайриахлоқии шахсони маъруфро муҳокима ва маҳкум кунанд. Муҳим аст, ки баҳсҳо ба самти созанда равона карда шаванд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба як воситаи рушд ва муттаҳидсозии ҷомеа табдил ёбанд, аммо барои ин ҳар яки мо бояд масъулияти худро дарк кунем. Шахсони маъруф ҳамчун намояндагони таъсирбахши ҷомеа вазифадоранд намунаи рафтору ахлоқ бошанд. Агар мо ба таназзули ахлоқ чашм пӯшем, пас на танҳо арзишҳои фарҳангии худро, балки насли ояндаро низ аз даст медиҳем.
Эҳтироми ҳаёти шахсии дигарон, риояи ахлоқ ва наафтодан ба фитнаҳое, ки ҷомеаро аз дарун вайрон мекунанд.
Инаст дидгоҳи ман.
Зеваршо Муҳаммад,
журналист
