РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: АЗ ФАРЗАНДОНИ БАҲОДУР УРОҚӢ ХАБАР ГИР!

Баха Уроқов 11 декабри соли 2022 ба ҷаҳони улвӣ пайваст ва ҳамасола дар ин моҳ бо супориши редаксионӣ мо аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагонии оилаи ҳамкасби худ бохабар мешавем. Ва ошкоро мегӯем, ки аҳли байти журналисти фақид дар зерназари редаксияи газетаи мардумӣ қарор доранд.  Мо метавонем!

Ҳамеша зери ғамхорӣ ва тавааҷҷуҳ

Баъди вафоти Б. Уроқов редаксияи мардумии СССР беҳтарин шароитро барои фарзандони собиқ журналист муҳайё намуд. Сардабир, ҳамеша дар ҳама маҷлисҳо аз суханони марҳум ёдовар шуда, меафзуд, ки бояд кӯдакони ҳамкасби мо беназорату бенаво ба воя нарасанд. Чун аз даргузашти Уроқов 2 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳар моҳ маоши ӯ ба оилаашон гузаронида мешавад. Аммо бо наздик шудани солрӯзи вафоти ҳамкасбамон ин навбат бояд мо огаҳ мешудем, ки фарзандонаш айни замон чи гуна таҳсил доранд? Зисту зиндагӣ ва аҳволу шароити онҳо дар кадом сатҳ аст? Ин суолҳое буданд, ки ман бояд тибқи супориши редаксионӣ аз оилаи собиқ ҳампешаам посух меёфтам.

Соли гузашта, фарзандони Баҳодур дар Мактаби Президентии барои кӯдакони болаёқат дар н. Кушониён ройгон таҳсил мекарданд. Сарвари мактаби Президентӣ Илҳом Қодирӣ бошад пайваста аз ҳоли таҳсилу тадриси ин муҳассилин огаҳ буд. Ҳатто шахсан ба онҳо китобу дафтар ва либоси мактабии ройгон дастрас мекард. Вале ин сол ба мо маълум шуд, ки мутаассуф кӯдаконашро зани раҳматӣ, ихтиёран, аз ин мактаб гирифтааст. Ҳарчанд директори мактаби президентӣ талош мекард, ин кудакон дар ин мактаб боқӣ монанд. Вале…

Аз Мактаби Президентӣ рафтанд…

28.11.2024. Соат ба вақти Бохтар 09:10 дақиқа. Барои аёдати оилаи ҳампешаамон мо ба н.Кушониён, ҷамоати деҳоти Ф. Саидов, участкаи 4 роҳсипор шудем. Ба осонӣ хонаи Баҳодурро ёфтем. Чунки пеш маротибае чанд бо ҳамкорон ба хабаргирии фарзандонаш омада будем. Ҳамон мошини тамғаи «Волга»- е, ки раҳматӣ бо ӯ гаштугузор мекард, бо навиштори «СССР», дар ҳавлӣ истода, гуё, ки Баҳодур ҳоло меояд. Назди дар хело фарёд кардем. Ниҳоятан ҳамсари Баҳодур баромада, моро ба хона даъват кард. Баъди аҳволпурсӣ аз фарзандонаш пурсон шудем. Ва баъди фаҳмидани ҳолат якбора даҳонамон воз гашт, ки Чаро????

Вақте аз таҳсилу зиндагии кӯдакон суол кардем маълум шуд, ки аз  Мактаби Президентӣ қатъи таҳсил кардаанд. Ва ростӣ ҳайрон ҳам шудем, ки чаро онҳо аз беҳтарин шароит даст кашидаанд? Магар таҳсил дар Мактаби Президентӣ хуб нест? Хондан ройгон, либос ройгон, китобу дафтар ҳам ройгон…буд! Зимни суҳбат оилаи Баҳодур изҳор дошт, ки шароитҳо олӣ буданд, аммо чун 1 нафари онҳо аз ин мактаб рафтан хост, дигаронаш ҳам он ҷо мондан нахостанд. Ба гуфти кӯдакон онҳо гуё зиқ шудаанд. Аммо ин ҷавоби онҳо моро қонеъ карда натавонист.

Мо ба мактабе, ки онҷо баъди мактаби Президентӣ кӯдакон интиқол шудаанд, равон шудем. Мактаби рақами 19 – и ноҳияи Кушониён. Ҷое, ки 2 писари раҳматӣ таҳсилро ин ҷо оғоз намуда, ҳамин ҷоро барои илмомузӣ интихоб кардаанд. Мо сараввал аз ҳолати дафтару китоб ва рӯзномаву дигар аёниятҳои таълимии писарон хостем хабар гирем. Шоҳрух-писари калонии марҳум имсол дар синфи 10 таҳсил дорад. Аз хонданаш қаноатманд ҳаст ё не, дар охири сол муайян хоҳад шуд. Зеро меҳнати 10 солаи ӯ муддате пас ошкор хоҳад гашт. Писарони дигарӣ Юсуф ва Некрӯз, ки дар синфи 6 ва 4 таҳсил мекарданд, мутаассифона ҳангоми дар муассиса будани мо аз дарс озод буданд ва мо натавонистем аз ҳолати таҳсили онҳо огаҳ шавем. Аз омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳам аз рафти таҳсили онҳо суол кардем. Ва аёнамон гашт, ки хушбахтона таҳсили хуб доранд.

Фариштаи Баҳодур

Фариштаи Баҳодурро дар муассисаи томактабии «Офтобак» вохурдему аз ҳолаш хабар гирифтем. Фаришта духтари хело доно буда, барои мо шеъраке ҳам қироат кард. Шеъри ӯро мо ҳамроҳи модараш ва мудири боғча шунида, аз будубошаш дар боғча пурсидем. Ба гуфти мудири боғчаи мазкур, Фаришта духтараки хело донояк ва хушзеҳн буда, ба осонӣ машғулиятҳоро аз худ мекунад ва ӯ дар ин ҷо роҳат аст. Боғчаашро дӯст медорад. Мо умед дорем, ки ин дустрӯяки доно замоне чун умеди волои падар ба воя расида, ҳатман номбардораш хоҳад буд!

Юсуфи Баҳодур

Аз модари Юсуф (ҳамсари Баҳодур) дар бораи таҳсилу шарту шароити зиндагонӣ ва фарзандонаш пурсон шудем. Бинобар ба гуфти ҳамсари Б. Уроқов Юсуф ҳам баъди гузаштани акааш зиқ шуда, аз модараш хоҳиш мекунад, ки ӯро аз Мактаби Президентӣ гирад. Ва модар ба хоҳиши ӯ монеагӣ накарда, ӯро ҳам ба муассисаи таълимии рақами 19 интиқол мекунад. Ҳамсари Баҳодур афзуд, ки Юсуф нисфирӯзӣ ба мактаб меравад ва аз ин лиҳоз ҳоло дар майдон машғули футболбозист.

Бо Юсуф ҳам дидор карда, аз дарсҳояш ва аз сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ пурсида, сабаби ба дигар муассиса омаданашро хостем фаҳмем. Юсуф дар посух мегӯяд, «Вақте акаам омад, ман зиқ шудам. Таҳсил ин ҷо ҳам хуб аст. Ҳоло соатҳои наздик бояд ба дарс равам. Дар вақтҳои бекорӣ ба футбол машғул мешавам. Зеро ҳавасам ба ин бозӣ бештар аст. Падарам ҳам футболро дӯст медошт».

Воқеан ҳам Баха Уроқов мухлиси футбол ва баргузоркунандаи Ҷоми СССР дар н. Кӯшониён будӣ…

Ёди дӯст гиромист

Ба хотири хизматҳое, ки Б. Уроқов дар пешрафти матбуоти даврӣ кардааст, редаксияи мардумии СССР ҳамасола дар авоили моҳи декабр, аз ҳолу аҳволи аҳли байти ин коргараш хаюбар гирифта,  ятимони ӯро, то ҳадди зӯррас, пуштибону дастгир хоҳад монд…

Ҷойи Баҳодур Уроқов биҳишт!!!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube