Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ 2 иди дигарро расмӣ кард: аз ин баъд ҳамасола рӯзи 21-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 25-уми май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қайд карда мешавад.
Дар 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар ворид гардидааст, ки беш аз 57 %-и онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ба операторон барои алоқаи пастсифат огоҳӣ дод, ки дар сурати ислоҳ нагаштан, «ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонда мешавад!».
Ширкати «Барқи тоҷик» аз шаҳрвандони кишвар хост, ки дар сурати қатъу васли нерӯи барқ ба ҳангома роҳ надода, барқро сарфа ва маблағи истифодаро сари вақт пардохт намоянд.
“Маркази барномаҳои байналмилалӣ”- и Вазорати маориф ва илми кишвар эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷа дар соли 2025 (дар макотиби олии 184 давлати дунё дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯйи ихтисосҳои гуногун) шуруъ шудааст.
