ЧеКист…

Сар аз фаъолияти зиддиинқилобиро шуруъ кардани Феликс Эдмундович Дзержинский (1877-1926) кормандони сарсупурда ва асилу шогирдони ростини ӯро ЧеКист (Чрезвычайный Комитет по борьбе с контрреволюцией) ном мебурданд.

Ба таҳқиқ шахсияти Дзержинский ҳатто баъди сари ӯ ва пас аз пошхӯрди СССР низ, қобили эҳтироми умум аст. Душманонаш хатои ӯро наёфтаанд, ҳарчанд то ҳанӯз меҷӯянд ва аз паша фил месозанд. Қобили пазириши таърихнигорони шуравист, ки бе ҳузури Дзержинский ва кумитаи амнияти инқилобиву давлатие, ки сохт, шуравӣ ҳамчун давлат намепоист. Вале чун ЧеКисти асил бо 1 ҷуфт сарулибоси низомӣ ва он ҳам «казенный» аз олам рафт. Рафт, вале аз худ ниҳоде бо номи КэГэБэ СССР ба мерос монд, ки то ҳанӯз олами таҷассусӣ аз шунуфти номаш меларзад.

Табъану зотан тамомии кумитаҳои амниятии пасошуравӣ худро меросбари КГБ медонанд. Маврид ба зикри хос аст, ки бо пошхӯрди шуравӣ кумитаҳои амниятии 15 республикаи бародарӣ буданд, ки давлатҳо барҳам нарехтанд. Кумитаи амнияти Тоҷикистон низ дар ин моваро на танҳо истисно нест, ки бояд намунаи ибрат бошад. Зеро агар ба дигар мақомоти қудратӣ олами ҷиноӣ камобеш роҳ бурда бошад ҳам, дарҳои амният бо сарварии генерал Сайдамир Зуҳуров барои одами беруна ва бегона мустаҳкам баста буданд. Ва ин ниҳод дар паҳлӯи Сарвари Давлат ва ғояҳои давлатсози ӯ аз аввал қомат алам кард.

1 тан аз шахсиятҳои барҷастаи «Командаи Президент» генерал-майор, Давлатхоҷа Назиров аст, ки имрӯз роҷеъ ба Шахсияти ӯ, ки боиси ифтихори ҳар ватандори асил мебошад, суҳбат мекунем…

 26.11.2024. Соат ба вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Генерал Давлатхоҷа Назиров тавассути қатораи Душанбе-Ростов ба самти Россия ҳаракат кард. Тавре худи генерал дар суҳбат бо СССР гуфт, «барои хондани чанд дарс-лексия маро даъват кардаанд». Зимнан тавре ба мо иттилоъ расид, баъди ин лексияҳо, бояд дар моҳи майи соли 2025 ба генерал Назиров унвони Академики Академияи Илмҳои Россия дода шавад…

Давлатхоҷа Назиров, ки бар синни 86 – солагӣ такя задааст, воқеан ҳам ЧеКисти асил аст. Бо тамомии маънояш. Ӯ шоҳид ва иштирокчии бевоситаи тамомии гирумонҳои солҳои «перестройка» дар қораи шуравист. Зеро то соли 1986 дар Федератсияи Советии Россия, дар ҳайати кормандони олирутбаи КГБ СССР кору фаъолият мекард. Вале бо «вазиши насими бозсозии горбачёвӣ», ба Маскав телеграммаи оҷил меояд, тақрибан ба ин мазмун:

– Дар РСС Тоҷикистон ҳаракатҳои иртиҷоъии исломӣ сар боло мекунанд ва республика ба кадре чун Назиров сахт эҳтиёҷ дорад…

Аз генерал мепурсем, ки «чаро карйераи худро, ки нав дар Россия зуҳур мекард, гузошта, баргаштед?». Мегӯяд:

– Ман, албатта, кадри советиям. Аммо ватан ва миллатам Тоҷикистону Тоҷик аст. Зимнан ҳамаро партофта, бо 1 ҷомадони нимапур ба Душанбе баргаштам…

Давлатхоҷа Назиров баробари бозгашт ба омӯзиши фаъолияти ячейкаҳои наҳзатӣ шуруъ мекунад. Кораш ба ҳадде «ювелирӣ» буд, ки то ҳанӯз, ҳатто пешвоёни ифротиёни наҳзатӣ ба дипломатия, професионализм ва корбарияш арҷ мегузоранд. Минҷумла, маҳз ӯ протсеси боздошт ва ҳабси Абдуллои Нурӣ-пешвои наҳзатро дар роҳи Ёвон ташкил карда буд. Аммо баъди бастани Сулҳ Нурӣ ӯро бо иззату эҳтироми баланд қабул ва ҳамкорӣ мекард. Зеро дар корбарии ЧеКисти асил набояд зӯроварӣ ва таҳдиду фишору тарсдиҳӣ бошад. Чунки, ба гуфтаи худи генерал Назиров, «фишору тарс мардумро аз ин ниҳод дур мекунанд! Бояд ба дили мардум роҳ бурд, на дилашонро аз худ сард кард»…

25.11.2024. Соат ба вақти Душанбе 19:17 дақиқа. Соате бо доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзо-корреспонденти Академияи Илмҳои ФР, полковники амнияти Тоҷикистон, генерал-майори Вазорати дифоъи ФР, журналист, сардабири газетаи мустақили «Щит» (Сипар), худоҳофизӣ мекардем, писараш Назир даромад ва мо шоҳиди аҷаб гуфтумоне гардидем. Назир гуфт, «Падарҷон, билет 2300 сомонӣ будааст ва пули додаи Шумо каме нарасиду қарз карда ҷуброн намудам». Мо ҳайрон ба ҳамдигар нигаристем. Нафаре, ки бо 1 занг метавонад 100 билети ройгон гирад, аз кисаи худ чиптаи қатора мехарад?! Вақте ин ҳайратамонро бо сухан пероста кардем, Давлатхоҷа Назиров хандида гуфт:

– 86 сол муҳтоҷи касеву чизе набудам ва бо маошу нафақа рӯз мегузаронам. Наход дар пирсолӣ барои 300 сомонӣ худро муҳтоҷи касе кунам???

Ин дам пеши назари мо чеҳраи ба тамомии сокинони шуравӣ ошно ва поктарин кадри иттифоқи советӣ-Феликси «оҳанин» ҷилвагар шуд:

– Болобаланд, лоғарандом, бенафс, боғурур ва 1 инсони шарафманду фурӯтан. Аммо дар Тоҷикистони соли 2024…

Зиҳӣ, ЧеКисти асил. Медонем, ки ин матлабро Шумо намехонед. Зеро то нашри он аллакай ба Россия расидаед. Ва низ намедонед, ки Шумо дар феҳристи рубрикаи навбатии «Ифтихор» шомил будеду мутаассуф навбататон пас аз сафаратон фаро расид. Зеро агар мо медонистем, ки меравед, барвақттар менавиштем, то дар вагони қатора ҳиҷҷа карда, хонда равед. Вале бовар дорем, мутолиаи ин матлаб барои он афроде, ки худро давомдиҳандаи кори Шумо ва ЧеКист мехонанду дар ҳифзи амну осоиштагии Давлати навини Тоҷикон, паҳлуи Сарвари Давлат саф задаанд, аз манфиат дур нест:

Мафрӯш обрӯйи Ватанро зи тарси ҷон,
Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун!!!

 

 ФАРЗАНДИ ҲУКУМАТ

Ҳини таҳсил Давлатхоҷа Назиров дар курси 5-уми факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин бо донишҷӯи курси 1-уми ҳамин факулта Фирӯзамо Мералишоева оила бунёд кард. КГБ СССР соли 1963 фарзанди ҳукумат – Давлатхоҷа Назировро ба ҳайати худ хонд. Охири ҳамон сол ҷавони қобилу ташкилотчӣ ва ташаббускор ба хондан, дар курсҳои олии КГБ СССР сафарбар шуд. Ӯ дар ин мақомот зиёда аз 20 сол ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм машғул буд. Зиёда аз 15 сол бо маъруфтарин намояндагони ислом, руҳониён, эшонҳо, саидзодаҳо ва тӯраҳо дучор омад. Аз солҳои 70-ум ба исломистҳо, руҳониёни ҷавон, ки кӯшиши исломисозиро дар сиёсати давлати советӣ ният доштанд, сару кор гирифт…

Давлатхоҷа Назиров таҳсилдидаи Мактаби олии КГБ СССР дар шаҳри Минск (1964). Фаъолият дар ниҳоди КГБ Тоҷикистон, шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Перми Россия ӯро соҳибмартаба гардонд. Ҳангоми хидмат 3 маротиба (1974, 1977, 1988) курсҳои роҳбариро гузашта, аз корманди амалкунанда то сардори шуъба сабзид. Мавсуф моҳи октябри соли 1989 дар рутбаи полковник барои расидан ба синни бознишастагӣ ба нафақа баромад. Генерал-майори неруҳои низомии СССР (ФР) аз соли 2001.

 

 Ваколатдори дин

Баъди ба нафақа баромадан ба симати Ваколатдори Шуро ба корҳои дини назди Кабинети Вазирони СССР дар вилояти Кӯлоб (1990), мутахассиси пешбари шуъбаи совети Хазинаи сулҳ дар Тоҷикистон (1991), ёрдамчии раиси Кумитаи давлатии муҳити зист (1991), ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), мушовири вазири иқтисоди Тоҷикистон (1998-2000), муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон (2002-2003), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2004), директори Маркази таҳлилии масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм «Щит» (2003-2004),  сармуҳаррири рӯзномаи «Щит» (аз октябри соли 2003).

 

Нависандаи сиёсӣ

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1991), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010), номзади илмҳои фалсафа (2005), доктори илмҳои фалсафа (2010), дорандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2013).

Муаллифи 6 монография, 3 маҷмуаи мақолаҳо, бештар аз 200 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ буда, бо масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ машғул мебошад. Монографияҳои ӯ « «Религиозно-политический экстремизм и терроризм в Центральной Азии (2007), «Проблемы международного терроризма и религиозного экстремизма в условиях глобализации» (2009), «Политический ислам в Таджикистане» (2010), «У терроризма нет лица» (2012, 2013), маҷмуи мақолаҳои «Генезис религиозно – политического экстремизма и терроризма» (2006), «Угрозы и вызовы терроризма, религиозного экстремизма странам Центральной Азии, Российской Федерации и КНР (2010), «З. Бжезинский и его «великая шахматная доска» (2012)… дар Осиёи Марказӣ ва Россия мавриди омӯзиши амиқ қарор доранд

Китобҳои бадеӣ «Искатели приключений» (2007), «Наркобароны» (2010), «Саидамир Фиғони и его потомки» (2010), «Фархор – твои люди» (2019), «В плену у моджахедов», «На страже родины» (2017) ва ғайра ба килки ӯ тааллуқ доранд…

 

Умари Шерхон,

Сайёфи Мизроб,

СССР             

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube