Дар тули таърих сарзамини мардхези Балҷувон бо орифон, шахсиятҳои номвар ва диловаронаш маъруф гаштааст. Аммо, ин ҷо танҳо як аҳд – давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро зикр менамоем. Аз таърихи ин ҷанг муайян аст, ки аз шумораи умумии барандагони унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон се пурдил – Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев ва Исмат Шарифов зодагони ин диёри файзборанд.
Сафар Амиршоев зодаи деҳаи Заргари Ҷамоати Садайбарда, Саидқул Турдиев деҳаи Хонобод ва Исмат Шарифов деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон мебошанд.
Сафар моҳи декабри соли 1941 аз Балҷувон, Саидқул соли 1942 аз шаҳри Сталинобод, Исмат соли 1941 аз ноҳияи Данғара ба ҷабҳа рафта, дар набардҳо алайҳи фашистони истилогар қаҳрамонона ҷангида, баҳри дифои Ватан ҷони худро нисор кардаанд…
ДИЁРИ ҚАҲРАМОНОН
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 260 деҳаи ноҳияи Балҷувон 7696 нафар ба фронт рафта, аксар дар размгоҳҳо шаҳид шудаанд. Агар аз вилояти Кӯлоб зиёда аз 50 ҳазор нафар ҷавонмард ба ҷабҳа рафта бошад, беш аз 10 дарсади онро фарзандони ноҳияи Балҷувон ташкил медоданд…
Дар ин ҷанги пурдаҳшат ҷабҳае набуд, ки дар он фиристодагони Тоҷикистон ширкат наварзида бошанд. Аз ҷумла, ҷавонмардони балҷувонӣ дар озод намудани шаҳру деҳоти Россия, Украина, Белоруссия, Молдавия, кишварҳои назди Балтика, мамолики Аврупо аз истилогарони фашист саҳми арзандаи хешро гузоштаанд…
САФАР МУРОДОВ
Ин дов аз боби сарбози ҷасуре сухан хоҳем гуфт, ки вай низ зодаву парвардаи ин диёри бостонист. Сафар Муродов 26-уми марти соли 1902 дар деҳаи Оқбулоқ (Чашмаи Сафед)-и Ҷамоати Солмолидашти ноҳияи Балҷувон дида ба дунё кушодааст. Пас аз хатми синфи ҳашт ҷавони навхат аз соли 1934 ба пешаи омӯзгорӣ шуғл меварзад.
Сафар моҳи марти соли 1942 ба ҷабҳа сафарбар мешавад ва то соли 1945 дар ҳайати корпуси 30 (91 асп) бар зидди фашистони гитлерӣ меҷангад.
Моҳи апрели соли 1945, бинобар сабаби захмдорӣ, ҷароҳати вазнини дасти чап, ба ақибгоҳ рухсат мешавад.
АЗ БИЛЕТИ ҲАРБӢ
* Июли 1943 ҷароҳати вазнин (слепое осколочное ранение носа – проникающее с повреждением костей).
* Январи 1944 ҷароҳати сабук (осколочное ранение правой кисти и правой колени).
* Октябри 1944 ҷароҳати вазнин (повреждение мв. срезанно нерва после скв. пулевого ранения кисти).
* Соли 1944, ҳамчунон, сарбозро сармо мезанад.
МАҲВИ БЕСАВОДӢ…
То замони муҳоҷир шудан, Сафар Муродов дар Балҷувон омӯзгор буд. Хонаводаи онҳоро соли 1947 ба ҳудуди ноҳияи Қизилмазор (баъд Совет, ҳоло Темурмалик) муҳоҷир мекунанд. Сарбози шуҷоъ аз 1-уми январи соли 1948 ҳамчун омӯзгори маҳви бесаводӣ (ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қизилмазор) ба фаъолият мепардозад.
Аз моҳи августи соли 1949 то соли 1950 мудири Мактаби ибтидоии №12-уми назди Мактаби Навқадами ҷамоати ба номи В.И. Ленин ва аз моҳи сентябри соли 1951 омӯзгори мактаби №9-уми ба номи Андреев буд.
Дар ин миён сарбози шуҷоъ, солҳои 1948-1951 дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (ғоибона) таҳсил намуда, соҳиби маълумоти педагогӣ мегардад.
Солҳои баъдӣ Сафар Муродов, аз моҳи сентябри соли 1953 ҳамчун омӯзгори мактаби №14-уми ба номи В. Маяковскийи Ҷамоати Танобчӣ, аз сентябри соли 1957 омӯзгори Мактаби миёнаи №36-уми деҳаи Ҷайралӣ ва солҳои 1963-1966 омӯзгори Мактаби ҳаштсолаи №12-уми ба номи В.Маяковскийи ноҳияи Совет фаъолият дошт…
ЗЕБОСАНАМИ ОСЕТИНӢ
Соли 1960 ба деҳаи Ҷайралии ноҳияи Совет зебосанаме бо роҳхати комсомолӣ ба кор омад. Омӯзгори фанни забони русӣ Дзансолова Дофга Аслангериевна зодаи деҳаи Задомски ноҳияи Махчани Осетияи Шимолӣ ба Тоҷикистон омада буд…
Сафар дар ин давра танҳо мезист. Ба як назар вай ба ин бонуи осетинӣ меҳр баст. Як соли дароз мактуб менавишт, аммо посухе намегирифт. Ниҳоят, сабр аз даст раҳо намуда, аз бону қотеона дархост, ҳа ё не. Дофга як сол ба гаштугузор, рафтору кирдор ва фаъолияти омӯзгории Сафар назорат бурд, ҷавонмард писандаш омад. Аммо, арӯс як шарт гузошт, ман розӣ, гуфт ӯ, вале ту ба Осетия меравӣ ва дили падару модарамро меёбӣ…
Ҷавонмарди ғаюри кӯҳистони тоҷик бе истиҳола роҳи диёри гардунро пеш гирифт. Ва аз Осетия бо дуои пирони кӯҳистон ба Ватан баргашт. 11-уми сентябри соли 1964 онҳо ақди никоҳ баста, хурсандии фараҳбахше оростанд…
ПАЙВАНДОН
Падараш Мурод Худоёров, модараш Сарвар Азизова, ҳар ду зодагони кӯҳистони Балҷувон мебошанд.
Бародарони сарбоз: Раҷаб (падари генерал-майор Абдусаттор Раҷабов), Олтибой, Саидқул баъди муҳоҷират аз Балҷувон дар ҳудуди ноҳияи Совет бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ ихтиёр намудаву соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони солеҳ шуданд.
Фарзандони ҷанговар Розия (1950), сокини ноҳияи Вахш, хонашин, Ҷамолбӣ (1953), сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣӣ, омӯзгори мактаби миёна, Файзулло (1955), сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, майори милитсия, нафақахӯр, Сайфулло (1957), сокини шаҳри Душанбе, муовини декани факултаи стоматологияи ДДТТ, Гавҳар (1962), сокини шаҳри Душанбе, муовини директори Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов, алҳол дар нафақа…
ҲИҶРАТ ВА МУКОФОТ
Хидматҳои ҷангии сержант Сафар Муродов бо медалҳои «Барои шуҷоат», “Барои мудофиаи Ленинград», “Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои 20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ва ғайра қадр шудааст.
Сержант Сафар Муродов 29-уми ноябри соли 1966 дар 64-солагӣ аз олам гузашт. Пас аз гузашти беш аз се сол, моҳи марти соли 1970 ҳамсар ва фарзандони сарбоз дар асоси қарори Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 24.5.1968 таҳти №144, барои обод кардани водии Вахш (марти соли 1970) ба ҳудудуи совхози “Гулистон”-и ноҳияи Вахш кӯчиданд.
Ҳуҷҷати муҳоҷирии № 9877 аз 12-уми марти соли 1970 ба номи Дзансолова Дофга дар бойгонии хонадон маҳфуз аст.
БАР БОД ДИҲӢ…
Аз рӯи нақли фарзанди сарбози ғаюр Гавҳар Муродова падараш Муродов Сафар ҳамчунин, бо орденҳои Ситораи Сурх ва Шараф (дараҷаҳои 3 ва 2) сарфароз гашта будааст. Бигузор чунин бошад, аммо, мутаассифона, дар ин хусус ҳуҷҷати тасдиқкунандае дастрас нагардида.
Муроҷиати пайвандон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ва бойгониҳои ҷумҳурӣ натиҷаи дилхоҳ надод…
Баҳри рӯшанӣ андохтан, ба ду китоби солҳои охир батабърасида рӯ овардем. Китоби якум «Балҷувон – 1941-1945»…
Баъдӣ «Қомусномаи Айн» (Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода, Душанбе, «Шарқи озод», 2011). Мутаассифона, дар ин китобҳо нисбати ҷанговар Муродов Сафар маълумоте зикр наёфта.
Пас аз мутолааи китобҳои фавқ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки то кунун шумораи аниқи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон норӯшан мемонад.
Ҳоло ҳам дер нашуда. Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, иттиҳодияи собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайра дар назди ҷанговарони давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳам вазифадору ҳам қарздоранд. Кас бе надонистани таърихи гузаштаи дуру наздики хеш ба камол намерасад. Ҳақ бар шоири ширинадо Ҳабибулло Файзулло:
Эй он, ки гузаштагонро намеорӣ ёд,
Бар бод диҳӣ, умеди моро бар бод.
Умари ШЕРХОН
25.11.2024
