БОХТАР: КӮМАКИ МАН КУҶОСТ?

Салом СССР! Ман собиқадори мақомоти қудратӣ буда, солҳои 1990 – 2004 баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва баъд дар Раёсати пулиси андоз кор кардаам. 3 маротиба ҷароҳатҳои вазнини оташфишонӣ ва ҷисмонӣ гирифтаам.

Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ветеранҳо» аз 07.04.1995 сол тибқи моддаҳои 8-9-45-46 ба ман ва аъзои оилаам бояд дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ кӯмаки иҷтимоӣ дастрас карда шавад. Аз ҷумла ман бояд аз кӯмаки доруворӣ ва хурокворӣ низ бархурдор бошам, аммо ин гуна кӯмак ба ман ҳеҷ гоҳ намерасад.

Чаро? Ба ин суол кӣ бояд посух гуяд: МИҲД н.Бохтар ва ё Агентии ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон?

Тошмат Мамедов,

ш. Бохтар,

к. Дӯстии халқҳо 38-18,

Тел: 988327461

Аз СССР: Воқеан ҳам муаллифи ин шикоят ҳамон нафарест, ки дар моҳи январи соли 1993 аввалин шуда, Байрақи Сурхро дар боми бинои ҳукумати н. Ғарм, зери тиррезии муҷоҳидину душманони давлати Тоҷикон парафшон карда буд (он замон байрақи Тоҷикистон дастраси омма набуд). Зимнан чунин қаҳрамонҳоро набояд мо имрӯз фаромӯш кунем ва ҳақро ба ҳақдор бояд расонид. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube