Абдуманнони Махсум, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи СССР аз ш. Истаравшан бо идора тамос гирифта, гуфт, ки 1 пешниҳод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат дорад.
– Бубинед реформаи соҳаи маорифи кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул намуда, омили асосии рушди ин кишвар эълон намуд. Ҳамсоякишвари мо ба хишти аввали тарбия – муассисаҳои томактабӣ аҳамияти стратегӣ дода, Вазорати махсус таъсис дод. Чаро дар мо чунин вазорат набошад?
Дигар ин ки дар кишвари Кореяи Ҷанубӣ дар тамомии биноҳои баландошёна қабати 1 ва 2 боғчаҳои кӯдакона аст ва хушбахтона ин таҷрибаро аллакай дар пойтахти кишвари азизамон – ш. Душанбе низ пиёда карда истодаанд. Аммо ман дар ш.Истаравшан надидаам, ки ошёнаҳои поёни бино боғча ё маркази омӯзиш бошад, ҳама мағоза, дорухона, парфюмерия аст.
Бигузор Ҳукумати кишвар ба домсозон шарт гузорад, ки аз 10 этажи бунёдшуда дар 2 ошёна ҳатман боғчаи кӯдакона таъсис дода шавад. Бо ин роҳ яке аз масъалаҳои мубрам – камбуди муассисаҳои томактабӣ аз байн меравад.
