ДУРУДИ БАҲОРИВУ ПАДРУДИ ТИРАМОҲӢ

Рӯзи ҷумъа (29.11.24) хабари кӯтоҳи вотсапие паҳн шуд, ки дар он сарояндаи маҳбуби кишвар Файзигули Юсуф аз беморӣ ва хуб гузаштани ҷароҳаташ қисса карду ҳамчунин гуфт: рӯзи душанбе, 2-юми декабр ба ватан бармегардам. Дуруст гуфт. Шоми 2-юм баргашт, аммо савораи аспи Чӯбин.

В-он гаҳ ба дарат биёваранд, ба аспи чубин,

Ӯро на сар асту на пову на ҳам зин.

Бо ҳукми Худованд бигӯянд, ки биншини!

Бархезу савор шав, ки саворон ҳама рафтанд!

Расо 50 сол қабл ва дар охирин рӯзи фасли баҳор Ӯ таваллуд шудаву дар охирин рӯзи тирамоҳ дунёро падруд гуфт, бо қалби саршор аз ишқ ва дард.

Соли 1999 дар деҳаамон (д.Қаҳрамони н.Ҳисор) тӯй шуд, комсомол-тӯй. Маҳфилорои базм Файзигули Юсуф буд. Он вақтҳо дар тӯйҳо чунон мардуми зиёд меомад, ҳатто аз ҳамсоядеҳаҳо низ ва ҳатман занозанӣ ҳам мешуд, аммо дар он тӯй фақат рақс буду бозӣ ва ҳазл буду шодӣ. Файзигули Юсуф 5-6 соат базмро чунон осмонкаф намуда буд, ки то ба ҳол аз ёди Тоҳири 11-сола нарафта.

Ӯ дар се даҳсола ҳамчун овозхони хуб ва маҳбуби ҳамагон боқӣ монд. Аз ҳамқадамҳояш бисёриҳо ё тарки саҳна карданд ва ё бетаваҷҷӯҳ монданд.

Пайроҳаи санъат барои Ӯ ҳам шӯҳрат овард ҳам ғам, ҳам пул овард ва ҳам дард, аммо бо вуҷуди ин мардонавор қадам мезад, худро хушҳол мегирифт ва назди касе шикоят намебурд.

Баҳори соли гузашта имконияте пеш омад, ки чанд нафар бо тасмими рӯзноманигори шинохта Сайёфи Мизроб ба “Намоишномаи байналмилалии китоб”-и ш.Теҳрон равем. Дар ин миён Файзигули Юсуф ҳам буд. Ҳар куҷое мерафтем садои Файзигули Юсуф тавъам бо аҳли гурӯҳ ва армониянавозии Ҳотами Равшану дафзаданҳои Зуҳуршоҳ танинандоз буд. Мисле ки МО ҳам хотира мегирифтем ва ҳам ба атрофиён хотирасозӣ мекардем. Дар ҳама ҳолат Ӯ худро на ҳамчун ситора, балки инсони самимӣ, заминӣ, озод ва хеле роҳат эҳсос мекард ва бо ҳамин хислатҳои неки доштааш сафарамонро хотирмон намуда буд.

Дар ҳар куҷое агар ҳарф атрофи Ӯ мерафт бо ифтихор мегуфтам ва мегӯям, Файзигули Юсуф беҳтарин инсон, беҳтарин овозхон ва беҳтарин занест, ки мардонавор қадам мезанад ва мардонавор зиндагиашро пеш мебарад. Яке аз беҳтарин хислатҳои мардонагияш ин сағирпарварияш буда, ки чандинҳоро аз ятимхона гирифта дар баробари фарзандонаш калон кардаву хонадор намудаву аз онҳо набераҳои зиёде низ дорад. Дар ҳоле, ки бисёрриҳо сару калобаи фарзандони худро намераванд.

31-уми май, яъне охирин рӯзи баҳор мелодаш буд. Он рӯз зангаш зада таҳнияташ намудам, дар ҷавоб – Раҳмат Тоҳирҷон, аммо мотам дорам, чанде пеш наберачаам гузашта шуд, вагарна мисли соли пешин нишасте бо аҳли ҳунар барпо мекардем. Ман, ки ин хабари нохушро тоза шунидам “Аз хокему бозгаштамон низ ба хок аст” ва чанд ҳарфе ҳам барои тасаллои дилаш гуфтаву Худоҳофизӣ кардем.

Рӯзи ҷумъа 29-уми ноябр аз саҳифаи таронанавис Шоираи Раҳимҷон хабари дилхароши даргузашти ӯро шунида шоккӣ шуда то ба ҳол сахт ғамгинам ва ҳеҷ ҳарфе намеёбам, то тасаллобахшам бошад. Баъдан фаҳмидам, ки ҳафтае пеш ба Деҳлии Ҳиндустон барои ҷарроҳӣ рафта будааст. Яъне ҷароҳат хуб мегузарад ва баъдаш табибон мегуянд, ки бояд як муддате бимонед. Мутаассифона баъди сеюм рӯзи ҷароҳат (ҷумъа) дар миёнаи рӯз риштаи умраш канда мешавад.

 

Бо Шоираи Раҳимҷон дар тамос шудам, ки гуфт: Тоҳирҷон, фақат хотираҳоро саҳифагардон дораму ҳеҷ чиз дар дилам намеғунҷад. Яке аз рӯзҳо бо шӯхӣ гуфта буд – Шоираҷон, духтари оча, маки мурдм мурдама соҳибӣ кун ва нолишҳои хушрӯ-ҳам кун, ба умеди хдтм, дар ҷавобаш гуфта будам – ҷони хоҳар, ниятҳои беҷо накун!… Ва дардҳову аламҳои зиёде ҳам дошт, ки гоҳ-гоҳе розгӯйӣ мекарду ашк мерехт, аммо назди ҳаркас не.

Шоми дуюми декабр назди хонааш меҳмонҳои зиёде интизори омадани Ӯ буданд. Лаби роҳ пур аз мошин ва дигар ҷое барои пасмондагон намонда. Дар ҳар гӯшае 4-5 нафарӣ васфҳои неки ӯро мекарданд. Тақрибан ҳама чеҳраҳои ошно. Занҳо низ зиёд омаду рафт доштанд. Ногоҳ садое баланд шуд: яктараф истед! Ёрии таъҷилӣ омаду аз дохилаш ҷисми беҷони Апаи нозанинро берун оварданд. Фурсате ёфта бо як даст аз гӯшаи тобӯташ гирифтаму бо дасти дигар сарашро сила карда (аз болои адёл) – роҳат сафед ва ҷоят ҷаннат бод, апаи дарёдилу ҳунарманду сағирпарварам! Худованди бахшандаву меҳрубон ҷоятро биҳишт бигардонад! Ба қавли ҳазрати Бедил:

Ҷуз дуо дигар чи ояд, аз ману сомони ман! – гуфтаму бо ҳамин Худоҳофизӣ…

Бо эҳтиром додари ҳамешагиятон Тоҳир Назари дилреш

хоса барои ҳафтаномаи мардумии СССР

02.12.2024  

  ****

 ДАР СУГИ ДУСТ

Бирафтӣ дуст аз дунёву ҳоли мо намедонӣ?

Хабар омад, аз он дурӣ дигар бо мо намемонӣ.

Дами охир чиҳо гуфтӣ, каломатро нафаҳмиданд,

Пизишкони забонбегона дар ҳоли парешонӣ.

Ҳазорон роз бинҳуфта, ҳазорон ҳарф ногуфта,

Ҳазорон нақшаҳо дар зери девори фурурафта,

Паси дарвозаи ҳасрат аламҳои ту норуфта,

Куҷо рафтӣ, азизи дил, куҷо рафтӣ ба осонӣ?

Дили дар ғам фигоратро, нигоҳи беқароратро,

Ҳамеша як муҳаббат аз куҷое интизоратро

Куҷо ҷуям, куҷо бинам, куҷо мондӣ, ту медонӣ!

Паёми савтиатро ман, ки лолоист дар гулхан,

Ба такрор бишнавам, аммо садо бишкаст, медонӣ?

Замоне духтари оча, канори сардӣ дарёча,

Гиристӣ аз барои нокасони даҳр арзонӣ.

Надонистем қадратро, агар он дасти қудратро,

Бидоштам, ҷои ту буд қуллаи куҳи бадахшонӣ.

Садои вижаи худро, ду чашми бастаи зудро,

Ғами дар сина аз ин реҳлати ту гашта мавҷудро,

Ҳамеша қисса месозам, агарчанде намехонӣ, НАМЕХОНӢ?!

Шоираи Раҳимҷон, (Sh.R.)

30.11.2024.

Соат бо вақти Душанбе 07:30

 

****

Ангубинсанъат, ки буд бо сабку оҳанги асил,

Файзигулро ҷон ба Ҳиндустон ситонид Азраил.

Олами афсона буд санъат барояш як ҳаёт,

Файз мебахшид бар ҳар хона дар тӯйу нишот.

Ӯ ба ҳар таклиф меомад ба базму назми мо,

Бурда халқ аз шираи лаҳну навояш баҳраҳо.

Кард эҳё эй басо савту навоҳоро зи нав,

Марҳамат, бо сабки тоза он ҳама аз нав шунав.

Хушзабону меҳрубон буд, лутфу меҳраш буд зиёд,

Булбули ширинсухан як умр мемонад ба ёд.

Эҳтирому ҳурмату одамгарияш буд баланд,

Созҳояш дилнишан буд, савтҳояш дилписанд.

Буд, эй товуси Ҳиндустон, фироқат ҷонгудоз,

Тоҷикистон интизорат ҳаст бо оғӯши боз.

Хайрандеш

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube