(СССР дар меҳмонии Нина Зарифовна)
30.11.2024 Низорамо Зарипова, яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт. Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Низорамо Зарипова ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостанд.
Аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР бинобар даргузашти Низорамо Зарипова, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ сахт андуҳгин буда, ба хонаводаи марҳум арзи тасаллият мекунад. Ба хотири гиромидошти хотираи марҳум СССР матлаберо, ки соле пеш бахшида ба 100-солагии ин шахсияти маъруф омода шуда буд, бознашр месозад.
Ҷойи Модари ҳамаи мо биҳишти барин бод!
Низорамоҳ Зарифова, ходими шинохтаи давлатӣ ва сиёсии советӣ соли 1923 дар н. Ховалинг таваллуд шудааст. Пасон оилаи онҳо ба деҳаи Пушёни Поёни шаҳри Кӯлоб кӯч мебанданд. Аз соли 1941 ба корҳои партиявӣ шуруъ намуда, аз ҳамон сол то соли 1980 дар Горисполкоми ш.Кӯлоб дар вазифаи ҷонишини раиси шаҳр оид ба масоили кадрӣ, мудири шуъбаи ЛКСМ дар вилояти Кӯлоб, мудири бахши ПК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи Кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ (ЦК КП) Тоҷикистон, котиби ин кумита ва муовини раиси Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон кор кардааст. Депутати даъвати 5 ва 6-уми Шурои Олии СССР, депутати Шурои Олии РСС Тоҷикистон, даъвати 4,6,8 ва 9, делегати съезди 22-уми КПСС СССР мебошад.
Нина Зарифовна, чунин ном мегирифтанд ин зани тоҷикро он солҳо дар Маскав, воқеан яке аз занҳои сиёсатмадори бонуфуз на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар миқёси 15 республикаи СССР ба шумор мерафт. Дар арафаи 8 март Рӯзи Модар ва 100 солагии Нина Зарифовнаи гиромӣ ҳайати эҷодии Ютуб канали СССР ТВ меҳмони хонадони Низорамоҳ Зарифова гашта, суҳбате оростанд, ки фишурдаи онро мо ба шумо, хонандагони азиз пешкаш менамоем.
Низорамоҳ кист?
– Низорамоҳ 1 духтари деҳқондухтари одии тоҷик аст! Падарам Одина Махсум дар 32-солагӣ фавтиду бародарам Абдулазиз 10-сола, ман 5-сола ва хоҳарам Рухсорамоҳ 6-моҳа ятим мондем. Модарам Бибии Шарифамоҳ, зани ҳунарманду меҳнатӣ, сӯзанӣ медӯхту ресмону шол мебофт, говдӯши ферма буд. Ба мо куртадӯзӣ, жемпербофиро ёд дода буд. Замини пахта ҳам доштем. Азбаски аз кор ҳарос надошт, мардум ӯро «Шарифамоҳи комсомол» мегуфтанд. Тамомии корҳои рузғорро маҳз модарам ба мо ёд дода буд, хононду соҳиби савод кард. Ҳамин меҳнати модарам буд, ки ман алакай дар 22 – олагӣ мудири шуъбаи Горисполком будам.
Модарам шавҳар карду падарандарам Зариф Шарифов баъди раиси кумитаи иҷроия таъйин шуду моро ба ш.Кӯлоб овард.
2 моҳ дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намуда будам, ки 1 зани рус омада, бо духтаракони деҳотӣ суҳбат кард. Дар байни онҳо ману Тоҷинисо Азизова ва Салтанат Назарова низ будем. Пас аз мулоқот моро ба Душанбе бурданӣ шуданд. Модарам розӣ набуд. Падарандарам, ки корманди ҳизбӣ буд, гуфт, ки агар Низорамо наравад, маро аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд. 1 рӯзи сарди декабр, моро болои мошини боркаш дар зери брезент шинонданду ба ш.Душанбе оварданд. Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар назди собиқ почтаи марказии Душанбе воқеъ буд, ба ёд меорад Низорамо Зарифова.
Дидор бо Сталин
– Соли 1939 иштирокчии паради умумисоветӣ дар ш.Москва будам. Рӯзи парад Анзурат Раҳимова парчами Тоҷикистонро бардошт. Мо машқкунон бо либосҳои махсус парадро гузаштему ҷойи 3-юмро гирифтем. Бегоҳ ба толори Қасри Кремл ба хӯроки шом даъват шудем. Он рӯз бори аввал Сталинро аз наздик дидам. Ба худ гуфтам, ки ӯ ҳам одами одӣ будаст-ку. Сухани таърихии «Халқи тоҷик миллати қадимтарин асту таърихи бою ғанӣ дорад ва ояндааш ҳам бузург аст» ҳамон ҷо аз забони доҳӣ садо дод. Ҳамон рӯз 1 рӯймолу 1 китоб ба Салтанат Назарова, тоҷикдухтари фаъол туҳфа кард.
Ба деҳа баргаштам, ки гап зиёд шудааст, ҳамсояҳо мегуфтанд, ки Низорамо Маскав рафта, либоспӯшиаш иваз шудааст. Зуд ба тан курати чакану ба сар руймол гирифта, ба хона рафтам. Мардум ҷамъ шуду аз Маскав қисса кардам.
Сталин, Ворошилов, Будёнийро диданамро нақл карда будам.
«Таджикистан – конец железной дороги?»
Низорамо Зарифова ба ёд меорад: он замон занҳои фаъол зиёд доштем. Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ кор кардаанд, Мунаввара Қосимова – вазири саноати сабук, Марям Бозорбоева – вазири таъминоти иҷтимоӣ, Ҳамроҳ Тоҳирова – аввалин меъмор-сохтмончӣ, ки то солҳои 40-ум Донишгоҳи Ленинградро хатм кардааст, раиси «Госплан», муовини раиси Совети вазирони ҷумҳурӣ буданд.
Он давраҳо мушкил буданду мо аз марказ – Москва вобастагӣ доштем. Дар 5 сол як бор маблағи буҷет тасдиқ мешуд. Тоҷикистонро чун давлат кам касон мешинохтанд. «Где находится Таджикистан?», – мепурсиданд, ман «Таджикистан это конец железной дороги» мегуфтам. Воқеан, нуқтаи охирини истгоҳи роҳи оҳани шуравӣ дар Тоҷикистон буд. Барои пешниҳоди сохтмони НБО-и Норак дар ҷаласаи ҳизбӣ баромад кардаму дидам, ки ҳанӯз аз соли 1934 талош барои сохтмон шурӯъ шуда будааст, аммо, танҳо соли 1958 иҷозат шуд.
400 грамм хлеб…
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 -1945) сар шуду маро ба кори комсомолӣ даъват карданд. Аз онҷо ба Горкомкомсомол ба вазифаҳои мудири шуъба, пасон котиби дуюм гузарониданд. Муҳоҷирони зиёдеро аз ҳар гӯшаву канори СССР қабул мекардем. Ҳамаи онҳоро бояд бо макони зист ва хурду хӯрок таъмин менамудем. Нав таваллуд карда будам, маҷбур шудам кӯдакамро дар хона гузошта ба кор бароям, зеро вазъият хеле вазнин буд, хӯрока намерасид.
Баъдан маро мудири шуъбаи мактабҳои вилояти Кӯлоб таъйин намуданд. Пиёда деҳа ба деҳа мегаштам. 400 грамм хлебе, ки медоданд, онро ҷамъ мекардаму ба модарам мефиристодам. Вай духтарчаи маро, ки бемор буд, нигоҳубин мекард. Ман дар 17 солагӣ шавҳар карда будам. Солҳои пеш аз ҶБВ буду ман дар пойтахт зиндагӣ мекардаму узви комсомол будам. Туйро надида будем, зеро нон набуд… Шавҳарам Зуҳуршо корманди ҳизбӣ, хеле инсони хубу хоксор буд. Пеш аз ҷанг ӯ ба сифати котиби 1-уми кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб фаъолият менамуд. Хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ. Ман низ баъдан 2 дафъа ин мактабро хатм намудам. Дафъаи аввал 1 сол ва дафъаи дуюм 3 сол хондам. Шавҳарам хеле инсони комил буд.
Ариза барои 180 сӯм…
Вақте падарам аз олам гузашт, ман 6 сола будам. Ӯ дар 32 солагӣ аз олам чашм пушид. То узви партия нашудаму вазифа нагирифтам, ягон проблема набуд, вале вақти вазифаи комсомоливу партиявӣ доданд (аз соли 1947), мушкилот сар шуд. Маро КГБ ва МВД-и советӣ хеле зиёд азият доданд, мегуфтанд, ки падарам мулло буду, замин дошту, аспи сафед дошту кулак буд. Барои одаме, ки чандин сол пеш вафот карда буд, маро тафтиш мекарданд, мебурданду меоварданд, овозаҳои зиёд паҳн менамуданд. Бахилӣ хеле зиёд буд дар байни занҳои кӯҳансолу ҷавон, аз ин лиҳоз аз болоям шикоят зиёд, ҳатто то ЦК ба Маскав менавиштанд. Боре барои 180 сӯм маош аз болоям аризаи шикоятӣ навишта буданд…
Шукрона бояд кард!
Сахтиҳои зиёдеро паси сар кардам ва шукри он, ки имрӯз давлати пирӣ меронам. Хонаам рӯзе бе меҳмон нест, сипосгузорам аз Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул, ки ҳамеша дар ёдам ҳастанд, суроғам мекунанд, маслиҳату машварат мегиранд. Шукронаи ин давлату миллат, шукронаи ин ҳама ободиву зебоӣ бояд кард, шукронаи сериву пурӣ, ки имрӯз дар хони ҳамаи мо ҳаст! Саломат бошед!
А. Собир, СССР
13.03.2023
