ДИҚҚАТ! Фиреб!!!

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram) хабари беасос вобаста ба эълон шудани курсҳои ройгони онлайнӣ ва додани сертификату стипендияҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн шудааст. Вазорати маориф ва илм ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз ҷониби вазорат чунин курсҳо пешбинӣ ва эълон нашуда, хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.

Аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна хабарҳои беасос ва фейкӣ бовар накарда, фаъолияти рӯзмарраи Вазорати маориф ва илмро дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоянд.

Вазорати маориф ва илми ҶТ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube