РЕЗААХБОР

   Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки аз он бо дархости яктарафаи Ислом Каримов, дар таърихи  09.11.2009 берун карда будандаш, дубора пайваст мешавад.

    Дар нимсолаи якуми соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил намуд, ки ба 23,7% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст: Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад.

 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд – 76 нафар дар Россия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

 Дар соли нави таҳсил 260 ҳазор хонанда ба синфи 1-ум меравад, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазори дигарро писарон ташкил медиҳанд.

 Дар комиссариат ва қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2024 беш аз  423 ҷиноят, аз ин шумора 160 ҷиноят аз ҷониби хидматчиёни ҳарбӣ, афсарону кормандони комисариатҳо, ба қайд гирифта шудааст.

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube