САРБОЗ ЧӢ ИМТИЁЗ ДОРАД?

Сокини ш. Душанбе, модари яккаписар меҳмони идора шуда, гуфт, ки 2 рӯз пеш писари ман, ки тақрибан 1,5 сол пеш яку якбора бидуни огоҳӣ ва даъватнома аз комиссариати ҳарбии н. И.Сомонӣ иҷборан ба хизмат бурда буданд, аз хизмати ҳарбӣ баргашт.

– 4 моҳ пеш меҳмони идораи газетаи мардумии СССР шуда, дар бораи ба хизмат ҷалб шудани яккаписарам арз карда будам. Дар ин муддат ба арз ва пешниҳоди ман посухе ирсол нагашт. Писарам, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар қисми ҳарбии н. Ш.Шоҳин сарбаландона хизмат кард, 2 рӯз пеш пас аз адои хизмат ба хона баргашт. Ман аз ин хеле шодам ва фахр ҳам мекунам!

Акнун аз масъулини н.И.Сомонӣ пурсиданиам, ки оё сарбоз пас аз адои хизмат аз ягон имтиёз бархурдор аст ё не? Алалхусус, вақте аз оилаи камбизоат бошад…

Аз редаксия: Хоҳари азиз! Шумо метавонед бо аризаи шахсӣ ба МИҲД н.И.Сомонӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ин ноҳия муроҷиат намоед. Умедворем барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳатман имтиёз ҳаст.

Соҷида Муродова, (тел: 904550141)

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube