ДМИТРИЙ ЧЕРИШЕВ БА ҲАЙСИ САРМУРАББИИ ДАСТАИ “РАВШАН” ТАЪИН ШУД

ДМИТРИЙ ЧЕРИШЕВ, яке аз дастпарварони мактаби мураббигии Реали Мадрид, сармураббии собики Севиляи Испания, БА ҲАЙСИ САРМУРАББИИ ДАСТАИ “РАВШАН” ТАЪИН ШУД. Мо Метавонем!

19.12.2024. Имрӯз Президенти Клуби футболи “Равшан” Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар меҳмонхонаи “Ритс-Карлтон”-и шаҳри Москва бо футболисти маъруфи даврони СССР ва мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтушнид намуда, барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 ба мувофиқа расида, шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.

Интизор меравад, ки мутахассиси рустабор Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада, машқу тарминҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷи кишвар баргузор намояд.

Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба, аз Русия ва Аврупо бо даъвати вежаи ин мутахассиси хушном ба даста шомил хоҳад шуд.

Фаъолияти мураббигии Д. Черишев.

Тренерская карьера Д. Черышева.

2003                Аранхуэс

2006—2010   Реал Мадрид    Дастаи  кӯдакона

2010—2011   Сибир      Директори варзишӣ

2011—2012   Волга (НН)

2013—2014   Зенит-м

2014—2015   Иртиш (Павлодар)

2015—2016   Севиля   мураббӣ

2016      Мордовия

2018—2019   Нижний Новгород

2022—2023   Санта-Колома

2024           Шинник

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube