Чанд шумораи охир мо арзу доди бархе аз сокинони кишварро вобаста ба камбизоатӣ ва шомил шудани ному насабашон ба рӯйхати камбизоатон ба нашр расонидем. Муроҷиат дар ин бобат он қадар зиёд шуд, ки ҳатто мухбири минтақавии газетаи мардумӣ дар вилояти Хатлон супориш гирифт, ки ин мавзуъро пайгирӣ карда, 1 рӯзи худро бо 1 оилаи камбизоат гузаронад. Ҳафтаи пор бошад дар газета шикояти Тошмат Мамедов, сокини ш.Бохтар, ки дар пойдор шудани сохти конститутсионии мамлакат нақши бориз дорад, низ бобати бархурдор набуданаш аз имтиёзу кӯмакҳои иҷтимоӣ рӯи нашр омад.
Бо назардошти ҳамаи ин арзу доду муроҷиати мардум, ки ҳанӯз ҳам ба мафҳуми камбизоату тартиби шомил шудан ба феҳристи оилаҳои камбағал ва дастрас намудани кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дар маҳал дуруст сарфаҳм намераванд, мо тасмим гирифтем бо Абдулҳаким Холзода, сардори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурем, то мавсуф ба мо дар бораи ин раванд маълумоти дақиқ диҳад. Мо Метавонем!
Пули барқ, таҳсилот, ғизои солим, касбомӯзӣ
Тибқи Тартиби таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян кардани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар ҶТ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2024 таҳти №488 тасдиқ шудааст, кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҶТ истиқомати доимӣ дошта, тибқи баҳодиҳии вазъи моддию маишӣ ва сатҳи некӯаҳволияшон, камбизоат эътироф шудаанд, таъин карда мешаванд.
Тавре Абдулҳаким Холзода зикр намуд, кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои ҷуброн намудани хароҷоти истифодаи нерӯи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин мусоидат ба таъмини дастрасии кӯдакони чунин оилаҳо ба ғизои солим, таҳсилот ва касбомӯзӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки кӯмаки моддӣ ё хайриявие, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони эҳсонкор расонда мешавад, танҳо ба оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, ё ду ва зиёда шахси маъюб доранд ва оилаҳои дигари камбизоате, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, расонда мешаванд.
Камбизоатиро чӣ гуна муайан мекунанд?
Барои муайян намудани камбизоатии шаҳрвандон (оилаҳо) ва ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ чунин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд:
– ҳайати оила,
-вазъи иҷтимоӣ,
-сатҳи маълумотнокии сардори оила,
-теъдоди маъюбон, ноболиғон, пиронсолони аз 80-сола боло ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила,
-даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо),
-ҳолати манзили истиқоматӣ,
-қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта ва намудҳои чорво.
Пурсишнома ройгон аст!
Барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ сардори оила ё шаҳрванд, ки худро камбизоат мешуморад, бояд пеш аз ҳама ба мақомоти маҳали истиқомати хеш – ҷамоат ва ё шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳре, ки зиндагӣ мекунад, ариза нависад. Аризаро метавонад бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи ҷамоату шаҳраку деҳот ё идораи манзилию коммуналии маҳали истиқоматаш супорад.
Ба ғайр аз ариза боз бояд маълумотнома дар бораи ҳайати оила, маълумотномаи пуркардашуда оид ба даромад ва молу амволи аъзои оила ва аслу нусхаи шиноснома пешниҳод гардад.
Таваҷҷӯҳ: Пурсишнома ва ё анкета ройгон пешниҳод карда мешавад.
Лозим ба таъкид аст, ки маълумот дар бораи шаҳрванд ё оилаҳо ба махзани ягонаи системаи итиллоотии барномаи махсус ворид карда шуда, он дар сохторҳои марбута ба муддати то 1 моҳ мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Ба оила ва шаҳрвандоне, ки таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ рад карда мешавад, дар сурати тағийр ёфтани шароити зиндагӣ ва ҳайати оила метавонанд баъд аз 6 моҳ барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ такроран муроҷиат намоянд.
Кӣ бартарият дорад?
Бояд гуфт, ки ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба тариқи истисно таъин ва пардохт карда мешавад. Шахсони яккаву танҳои пиронсол онҳое ҳисобида мешаванд, ки ба синну соли нафақа расида (занҳо аз 58-сола ва мардҳо аз 63-сола боло), талаботи худро мустақилона таъмин карда наметавонанд ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ хешу табори наздике, ки онҳоро нигоҳубин карда тавонад, надоранд.
Инчунин ба оилаҳое, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 ё ин ки аз 2 шахси маъюб зиёд доранд, ҳамчунин ба падару модари танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, ҳангоми муайан намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила бартарӣ дода мешавад.
720 сомонӣ барои 1 сол ва танҳо тариқи бонк
Аз 1 январи соли 2024 андозаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои 1 оила ва шаҳрванди камбизоат барои 12 моҳ (1 сол) 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (айни замон 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст, яъне дар ҷамъ 720 сомонӣ) ва иловатан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар 1 кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25%-и андозаи муқарраршуда пардохт мешавад.
Яъне дар маҷмӯъ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаи камбизоат дар давоми 12 моҳ 720 сомонӣ ва ҳар 3 моҳ бо маблағи 180 сомонӣ пардохт шуда истодааст. Ин маблағ ба корти бонкии шаҳрванд ва ё оила танҳо тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» гузаронда мешавад.
Барои кӯдакони то синни 16 – сола аз оилаҳои камбизоат бошад, кӯмакпулӣ барои 1 кӯдак дар муддати 12 моҳ бо маблағи 72 сомонӣ ва ҳар семоҳа бошад ин маблағ дар ҳаҷми 18 сомонӣ пардохт гардида истодааст.
Барои мисол агар дар оилаи камбизоат 3 нафар кӯдаки то 16-сола бошад, кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оила ҳар семоҳа 180 сомонӣ ва барои ҳар 1 кӯдаки то синни 16-сола, ки 3 нафар мебошанд, 18 сомонӣ пардохт гардида, дар маҷмуъ маблағи кӯмакпулии кӯдакон 54 сомониро ташкил медиҳад.
Камбизоатӣ бояд коҳиш ёбад, аммо…
Мутаассуф, дар ин раванд низ ҳолатҳое мешаванд, ки мардум аз вазъияти оилавӣ ва ё молии худ истифода бурда, ҳар сол худро ба феҳристи камбизоатон шомил менамоянд, ҳол он ки рӯйхати камбизоатӣ ҳамасола бояд тағйир ёбад. Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин аст: сол аз сол коҳиш додани камбизоатӣ дар мамлакат, вале бархе аз шахсон ба ҷойи мусоидат ба ин протсес, барои ба даст овардани кӯмаки муфту бархурдор шудан аз имтиёзҳои давлатӣ халал ворид мекунанд.
Суистифода накунед!
Дигар ин ки шаҳрвандон бояд бидонанд, ки барои ворид шудан ба рӯйхати камбизоатӣ бояд пеш аз ҳама ба мақомоти маҳали истиқомати худ муроҷиат намоянд – ҷамоат, МИҲД ноҳия ва ё шаҳр, зеро маҳз дар ҳукуматҳои маҳал ин масъала ҳаллу фасл меёбад.
Онҳое, ки пайваста аз нарасидани кӯмак ва бархурдор набудан аз имтиёзҳои давлатӣ меноланд, бояд бидонанд, ки ҳама чиз ба навбат, вақту соат ва аз рӯи категория – статус аст. Мисли кӯмаки хӯрокаи идона, ки пеш аз ҳама ба онҳое бояд дода шавад, ки бартарият доранд, ба дигарон бо навбат ва дар охир. Ва на ба онҳое, ки даҳсолаҳо дар ин феҳраст қарор доранд…
Инчунин дар мавриди истироҳат дар осоишгоҳи «Харангон», ки дар борааш СССР хеле зиёд менависаду имтиёздорон шикоят мекунанд, метавон гуфт, ки ин осоишгоҳ танҳо дар 2 сол 1 маротиба метавонад 1 шахсро қабул намояд, на соле 1 – 2 маротиба…
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
PS: Газетаи СССР минбаъд ҳар арзу доде, ки вобаста ба камбизоатӣ ва бархурдор набудан аз имтиёзҳои давлатӣ ба редаксия ворид мешавад, тавассути мақомоти дахлдор санҷида, танҳо пас аз воқеият будани шикоят онро нашр хоҳад кард. Зеро ба назар мерасад, ки бархе аз хонандагони газетаи мардумӣ аз статуси газетаи мо суистифода карда, манофеи худро, ки он ҳакм муфтхӯрист дар мадди аввал мегузоранд. Мо шуморо иззат мегузорем, вале шумо низ бояд газетаи худро ҳурмат қойил бошед. Мо Метавонем!
