РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: АЗ РОҲҲОИ МАҲАЛ БОХАБАР БОШ!

Дар шумораи гузашта номаи 1 гурӯҳ сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони ҷамоати Гулистони ш. ЛевакантТоҷиддин Маҳмадов, Муҳаммад Шарипов, Усмон Сайдалиев, Шариф Исмоилов, Ҷаннатулло Маҳмадов, Неъматулло Раҷабов ва 15 тани дигар дар газетаи СССР нашр шуд. Сокинони мазкур дар муроҷиати худ ба редаксия аз фаромӯш шудани таъмири роҳи деҳа пас аз таҷдиди шоҳроҳи Бохтар – Левакант-Данғара изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин ҳафта тасмим гирифта шуд, ки аз ин ҳолат ва вазъи роҳҳои ин деҳа хабардор шавем.

 

Ваъда фаромӯш шуд?

12.12.2024. Соат ба вақти Бохтар 09:48 дақиқа. Роҳамонро сӯйи ҷамоати Гулистон – деҳоти Гулистон пеш гирифтем. Чун сокинон аз харобиҳои роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта изҳори нигаронӣ карда буданд, мо ҳам хостем сараввал аз ҳолати роҳҳо дидан намоем. Дар пасманзари ин бо раиси кумитаи маҳалли ҷамоати Гулистони деҳаи Гулистон Бобохон Одинаев вохурда, бобати арзи сокинони ҳамин ҷамоат ҳамсӯҳбат шудем.  Тавре ба хабарнигори СССР иттилоъ доданд, дар тавозуни ҷамоати деҳаи Гулистон 3,5 км роҳ буда, ширкатҳои роҳсоз – “НАНҶИНГ” ва ҶСП ” ЗАБ” роҳи ҷамоати деҳоти моро барои кашонидани масолеҳи роҳсозӣ интихоб намуданд.

Ҳарчанд мо борҳо монеи ин амалашон шудем, аммо тариқи телефон навор гирифта, корашонро идома доданд. Баъди ин корҳо мо ба унвонии роҳбарияти ноҳия дар соли 2023 мактуб карда, ҳолатро ба онҳо ифшо сохтем. Баъд аз навиштани мактуби онҳо муддате пас ҷавоб омад, ки баъди сохта ба истифода додани роҳи банақшагирифашуда ва тибқи лоиҳа бунёдшаванда роҳи ҷамоат азнавсозӣ мегардад. Ва муовини аввали ноҳия Н. Кабирзода ба мактаби деҳа омада, бо мардуми деҳа суҳбат карда, ваъда ҳам дод, ки таъмири капиталии роҳро баъд аз анҷоми кори ин ширкат талаб менамоянд. Ҳарчанд сокинон хостанд боз ба худи ширкат мактуб намоянд, лек Идораи роҳсозии шаҳр ба онҳо гуфт, то ба ин кор нуқта гузоранд, зеро баъди анҷоми лоиҳа ҳатман роҳи маҳаллӣ обод хоҳад шуд, –  гуфт раиси маҳаллаи мазкур.

30 мошини 40 тоннагӣ дар 1 рӯз

Ба гуфтаи раиси маҳаллаи мазкур, дар 1 рӯз аз ҳудуди деҳаи Гулистон тақрибан то 30 адад мошинҳои гаронвазн бо ғунҷоиши 40 тонна масолеҳи роҳсозӣ мегузаштанд, ки ба ҳолати роҳи мазкур харобӣ меоварданд. Канда шудани байни роҳҳо ва фарсуда гардидани онро ширкат баъд аз анҷоми корҳои лоиҳавӣ дида, гуфтааст, ки мо танҳо он ҷойҳои фарсурдашударо таъмир карда медиҳему халос. Аммо сокинон пайи он иддаоянд, ки таъмири пурраи роҳро ширкат бояд ҷуброн намояд, –  гуфт дар сӯҳбат Бобохон Одинаев.

Баъд аз анҷоми суҳбат бо раиси деҳа барои пурратар таҳлил кардани ҳолати кор ба Идораи роҳсозии шаҳр равон шудем.

 

 Бидуни шартнома ва бо фиреб

Бо Раҷабалӣ Изатуллозода, сардори Идораи роҳсозии ш. Левакант дар бораи вазъи ногувори роҳи мазкур суҳбат карда, огаҳ шудем ӯ аз ҳолати кор воқиф буда, маҳз бо кӯшишҳои ӯ борҳо раиси маҳалла барои равшанӣ андохтан ба вазъият ба МИҲД мактуб ирсол кардаву муовини шаҳр садди роҳи он шуда будааст.

Чунончи Раҷабалӣ Изатуллозода изҳор медорад, ин ширкатҳо ӯро ҳам фиреб додаанд. Дар дохили идораи мазкур боғе будааст ва бо умеди бунёди бино онро ин ширкатҳо канда, ба ҷояш котлован сохтаанду бо  ҳамин бунёди бино ба таъхири номаълум гузашт. Аммо сардори Идораи роҳсозии шаҳр низ пайи он андеша аст, ки бо мусоид омадани ҳаво қазияи мазкур дубора баррасӣ шуда, бо дастгирии мақомоти маҳал ҳатман ҳалли худро меёбад.

Баҳри пажӯҳиши бештари матлаб ба Идораи роҳсозии вилояти Хатлон муроҷеъ шуда, фаҳмидем, ки онҳо аз чунин ҳолати кор огаҳ набудаанд.  Тавре масъулин иброз медоранд дар чунин корҳо бояд аввалан миёни ширкат ва идораи роҳи шаҳру ноҳия ва ё деҳа шартнома баст мешуд. Дар ҳоле, ки ин амал миёни онҳо бо шартнома дайн нагаштааст, мо омодаем, ки қадри имкон ба сокинони деҳа ҷиҳати дастрасии техникаҳои лозима кӯмак намоем.

Зимнан мардуми деҳоти акнофи дилхоҳ сохтмон, дар дилхоҳ гӯшаи кишвар, бояд бо ширкатҳои масъули сохтусоз шартномаҳо бо муҳру васиқа банданд, то охири кор фиреб нахӯранд!

 

Роҳҳои маҳал бояд таъмир гарданд

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тайи 33 соли охир марҳила ба марҳила пиёда мешавад. Дар зери ин мафҳум ба ғайр аз бунёди роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, таъмиру азнавсозии роҳҳои байнидеҳавию байнишаҳрӣ низ ба назар гирифта шудааст. Аз он ҷумла ҳамин 3,5 км роҳи байнидеҳавӣ, ки зимни бунёди шоҳроҳ истифода бурда шудааст ва ҳоло ниёз ба таъмир дорад. Мо бар боварем, ки ин роҳ ба гӯшаи фаромушӣ наход рафт ва бо даст додани имконоти мавҷуда ҳатман азнавсозӣ карда мешавад.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube