ИСТАРАВШАН: ЧОЙХОНАИ “ҲАВЗИ МОРОН” ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД…

Дуруд СССР! Чойхонаи “Ҳавзи морон” дар гузари Масҷиди сафед – ёдгории таърихии Истаравшан, қадамҷойи аҳли адаб маҳсуб мешуд. Ба ин даргоҳи маърифатӣ – фароғатӣ устодон М.Турсунзода, Р. Ҷалил, Б.Раҳимзода, З.Ҷавҳарӣ, М.Миршакар, Ҷ.Икромӣ, Р.Абдуллозода, М.Шакурӣ, Лоиқ, С.Маъмур ва дигар зиёиён қадам ранҷа кардаанд. Ин чойхонаро зебу ороиши санъати наққошӣ, гаҷкориву кандакорӣ ва оби софу мусаффои ҳавз бо моҳиҳои ранга машҳур карда буд.

 Аммо имрӯз на моҳӣ мондаасту на оби зулоли чашма. Бино қариб дар ҳолати садамавист. Албатта ин объектро бо услуби мактаби устоҳои Уротеппа эҳё кардан даркор аст. Аммо на ШАХСӢ, балки ба хотири ҳифзи фарҳангу таърихи бостоншаҳр ин чойхонаи машҳур бояд моликияти ДАВЛАТ бошад! Зеро дар паҳлӯи МИҲД ш.Истаравшан ҷойгир аст.

Кинотеатри “Фирдавсӣ”-ро ғайридавлатӣ карда, биснесмени “бофарҳанг” онро ба мағозаи хӯрокворию дӯкони фуруши гӯшти гову гӯсфанд ва тӯйхона табдил дод! Фаромӯш накунед, ки чойхонаи миллии Тоҷикӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

Маннон Махсумов,

ш. Истаравшан 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube