Имрӯз, ки замони иттилоот ва иқтисодиёт аст, шаҳодатномаи ронандагиро дар кадом категорияе набошад, ҷавонон зуд соҳиб мегарданд. Аммо сад афсӯс, ки бархе ронандаҳои ҷавон ҳанӯз қоидаҳои ронандагиро хуб намедонанд ва саломатии худу ҳам аҳолиро дар хатар мегузоранд!
Ҳоло ин ҷо ман роҷеъ ба 3 қоидавайронкунӣ мисол меорам, ки бояд ҷаримаашро сахттарак кард:
1) Худ маъюб асту боз дар чанбараки мошин нишаста, саломатии 10-20 нафарро дар хатар мегузарад.
2) Гарчанде автомобили боркаш хурд бошад ҳам, аммо аз муқаррарот маҳсулотро бисёр бор мекунад.
3) Автомобил сабукрав асту ба ғайр аз 5-6 нафар мусофир дар болояш 500-600 кг борро бастааст.
Барои қоидавайронкунӣ ҳаҷми ҷаримаҳоро бояд баланд кард, вақте ки маблағамон аз ҷайбамон рафт он гоҳ ҳам ба саломатии худ ва ҳам ба саломатии дигарон беэътибор намешавем.
Бигзор дар ҳар гардиш ва атрофи роҳҳои асосӣ, чун дар пойтахт камераҳои назоратӣ гузошта шавад, то ин ки ронандаҳо аз суръати муайян зиёд наронанд ва қоидаҳои роҳро риоя кунанд. Бояд хушнуд аз он бошем, ки Раёсати БДА ВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаракати нақлиёт ва ҳуҷҷатҳои автомобилу ронандаҳо назорат мебаранд, вагарна қоидавайронкуниҳо ба дараҷаи баланд расида, дар натиҷаи он садамаҳо зиёд мешуданд, ки ҳам ба ҳаёти худ ва ҳам ба ҳаёти атрофиён зиён мерасад.
Эҳром Раҷабов,
ш. Истаравшан
