Дар 1 моҳи охир бори дуюм аст, ки бо зарурат ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ муроҷиат менамоям. Ва ҳар бор на танҳо маро, ҳамчун 1 шаҳрванд ва муроҷиаткунандаи одӣ дар қатори даҳҳо корафтодаи дигар, балки тамомии мардуми ба Раёсат омадаро новобаста аз вақту соату рӯзи корӣ шахсан сардори ин Раёсат Майнисо Ализода қабул менамуд.
Муаллима намегузошт, ки кори нафаре ба таъхир афтода, соатҳои зиёд дар интизори ҳалли мушкилаш бошад. Пиронсолону маълулонро бе навбат қабул намуда, ба зертобеонаш супориш медод, ки ҳарчӣ зудтар ба мушкилашон расидагӣ намоянд. Барои ман, ки тайи 25 соли кору фаъолияти журналистӣ садҳо вазиру раису сардорро дидаам, дидани ингуна раиса воқеан ҳаловатбахш буд.
Тавре пасон маълум шуд, фаъолияти кории мавсуф аз коргузори нотариуси давлатӣ сар шуда, баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н.Ҷайҳун ва сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н. Ҷ. Балхӣ кор кардаанд. Баъдан вазифаи сардори Раёсати САҲШ дар вилояти Хатлон низ бар дӯши муаллима вогузор шуда буд. Ҳамакнун дар мақоми сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурмасъул доранд.
Ман дидам, ки Майнисо Ализода на танҳо касбияти воло дорад, балки Инсон бо ҳарфи калон аст. Сипос, муаллима!
Ҷамила Ҳусейнова,
журналист,
сокини ш.Душанбе
