КӮЛОБ: ВАЗЪИ ТАБОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ ХОНАҚОҲ…

 Муҳаммадсиддиқ Саидов, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш.Кӯлоб, устоди варзиш ва собиқадори соҳаи маориф бо идора тамос гирифта, аз мухбирони СССР даъват ба амал овард, ки 1 маротиба ба деҳаи Хонақоҳ омада, аз вазъи иншооти варзишӣ огоҳ шаванд.

– Бисёр хуб мешуд агар мухбирони газетаи мардумии СССР ба деҳаи мо омада, аз вазъи иншооти ҳаётан муҳим – мактабу бунгоҳи тиббиву роҳҳо дидан мекарданд. Алалхусус, вазъи толори варзишие, ки ман дар онҷо наврасонро тамрин медиҳам ҳоли ниҳоят табоҳ дорад. Агар 10 сол пеш толор тозаву озода, дар фасли зимистон оби гарм дошт, ҳоло тамоман вайрону валангор шудааст. Дар фасли зимистон дар ин толор машқу тамрин имконнопазир аст. Мушкил дар деҳаи мо хеле зиёд аст ва инро бояд омаду дид. Гоҳо фикр мекунам, ки деҳаи мо аз олами дигар аст, зеро таваҷҷуҳ нест…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube