Салом СССР! Ҳамин моҳи декабр ба синни 60- солагӣ мерасам. Аз моҳи сентябр мубталои бемории сардарду чашмдард, хотирпарешонию асабонӣ ва вайроншавии хоби шабона гаштам. Дар беморхонаи марказии н. Фархор касе асоси бемориамро наёфт.
Ба қисмати 5- уми шаҳраки «Шифобахш» (Қарияи Боло) рафтам. Дар он ҷо маро табиб Парвиз Назаров қабул карду баъди суҳбату муоина карданаш тавсия дод, ки ба қисмати 6- уми беморхона равам. Дар он ҷо маро табиб равоншинос А. Амонов қабул карда, иллати бемориамро муайян намуд. Ман мубталои бемории «невралгияи асаби сегона аз тарафи рост» будаам.
11 рӯз дар қабати 6-уми беморхона дар пеши табиби донишманд А. Амонов табобат гирифтам. Он кас тамоми ҷузъиёти бемории маро муайян ва ман беҳшавиамро хуб ҳис кардам. Тавсия карданд, ки дар хона аз болои худат назорат мекунӣ. Бо духтури асабшинос ҳатман дар алоқа буданат шарт аст. Доруҳои фармудаашро гирифтам. Ҳоло худамро беҳтар ҳис мекунам.
Дар рафти табобат ҳар рӯз мудири шуъбаи асабшиносӣ муҳтарам Т. Усмонов аз ҳолам хабар мегирифтанд. Ҳамроҳам дар 1 ҳуҷра амаки Бобоев Тӯйчибек ва акаи Наврӯз табобат мегирифтанд. Аз 1 тараф табибони ҳозиқ Амонов ва Усмонов маро бо дорую дармон сиҳатию саломатӣ бахшида бошанд, аз тарафи дигар муносибат ва муомила ва муоширати инсонии ин 2 марди бузург дар шифо ёфтанам кумаки маънавӣ расониданд. Амаки Тӯйчибеку акаи Наврӯз маро намегузоштанд, ки худамро аз хона дур бидонам. Онҳо бароям бародари қарин шуданд. Аз ин лиҳоз тавассути газета миннатдориямро ба табибони ҳозиқ А. Амонов ва мудири шуъбаи асабшиносӣ Т.Усмонов, ҳамҳуҷраҳоям амаки Тӯйчибеку акаи Наврӯз самимона ва аз таҳти дил мерасонам.
Шифоёфтаи шумо – Файзов Шарифхон,
сокини деҳаи Нури Шарқи ҷамоати деҳоти Истиқлол,
нафақагир, маъюби гурӯҳи дуюм,
н. Фархор
