МИСЛИ МАН ФИРЕБ НАХӮРЕД!

 Маҳмадшариф Давлатов, сокини деҳаи Марғзори ҷамоати Эсанбойи н.Рӯдакӣ бо редаксия тамос гирифта (тел: 880889161), гуфт, ки ба доми корфармо – қаллобон афтодаву мехоҳад, ки мардумро аз ин кирдори бархе ашхос огоҳ намояд.

– Ҳангоми дар бустонсарои шахсӣ, воқеъ дар деҳаи Зимчуруди н.Варзоб кор кардан шоҳиди 1 амали қаллобии 1 корфармо шудам. Корфармо бо номи Рамазон, ки сокини ш.Бохтар буд, дар корношоям шудани сими ноқилҳои барқии баландшиддат маро гунаҳкор сохт. Ман электрик – барқчиам ва корамро хуб медонам. Сими ноқил дар пакети худаш аллакай бурида шуда буд, яъне аз корхона ҳамин хел баромадааст, тавре мегӯянд «заводской дефект». Аммо Рамазон инро айби ман дониста, ҳаққи корамро надод. Мутаассуф, таҷриба нишон медиҳад, ки бо ширкатҳои туркиву эронӣ ва чинӣ кор кардан беҳтар аст, зеро онҳо тамомии коррро шартномавӣ ва бо пардохти саривақтии маошу ҳаққи заҳмат анҷом медиҳанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube