Машав ғамгин агар духтар бизодӣ,
Ки дар духтар бувад пайваста шодӣ.
Басе духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш 100 писар муҳтоҷ гардад…
Шеърро медонед? Медонед! Вале мисоле меорам, ки ин 4 мисраъро бо факту далел муҷаҳҳаз месозад. Хосият Вализода… Духтаре, ки давоми умри падар ва ифтихори ҳар падаре мешуд…

12.12.1971. Падари бузургвораш бар олами улв бупайваст, вале 54 сол шуд, ки Хосият чароғи маҳфили Сайдалӣ Вализода-шоири халқӣ ва намоди Кӯлоби бостониро чароғон ҳифз медорад. Агар шумо фарзи мисол меҳмони Кӯлоб шудеду кӯлобие ягон танзу мутояба ва латифае аз Сайдалӣ Вализода нагуфт, 100% гарав мебандам, ки он нафар кӯлобӣ нест. Зеро Вализода ин падари маънавии Кӯлоби бостонист ва дар борааш лутфу мутоябае гуфтан қарзу фарзи сокинони ин кӯҳандиёр аст.
Ва ҳамин ҳоло ки ин сутурро менавиштам, дар бораи Хосият, ин навиштааш тариқи ФБ пахш шуд. Дар ин сатрҳо чӣ қадар муҳаббати 1 Духтар бар Падар ҷо шудааст, танҳо Хосият медонаду бас. Зеро ин танҳо Хосият будӣ, ки дар авҷи солҳои шуравӣ ва авоили Истиқлол, ки мардум фавҷ-фавҷ зодбумро тарк кардаву ба пойтахт мешорид, танҳо бо ин андеша, ки Чароғи Хотираи Падари Бузургвораш хомӯш мегардад, аз ҳавлии падар берун нарафт. Ва инак ин наввштаи имрӯзии ӯ дар сӯги Падар:
Падари шоири азросуханам,
Хуни шеъру хуни меҳри ту бувад дар баданам….
12 – уми декабри 1972 – Рузе, ки ин ҷаҳони ҳастиро падруд гуфтӣ… Ва аммо ҷаҳони шеъру меҳру муҳаббатро барои халқи азизат ба ёдгор гузоштӣ:
1 мард буду нест, 1 мард буду ҳаст,
1 мард мурду рафт, 1 мард мурду зист!
…Намегӯям, агар Хосият набудӣ номи Шоир зудуда мешуд. Вале мегӯям, Хосият духтарест, ки ҳаёташро ба Падар бахшид. Ҳалолаш бод ин зиндагонӣ. Ҳамин хидматаш кофист, ки ба ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шавад!!! Ва ин ҳам дар мавриде, ки Хосият Вализода воқеан ҳам ШОИР аст. Ба вежа замони ахир, ҳар сатр, ҳар байт, ҳар шеъру ғазалаш ҳарб аст: мубориза бо бегонапарастон, ҷанг бо душманони дохилӣ ва даъват бар сулҳу салоҳи воқеӣ. Менависад:
Эй кошкӣ дар рӯи ҷаҳон ҷангҷӯ набуд,
Нахли ғазабу кинаварӣ дар нумӯ набуд
Фарзандҳои Одаму Ҳав(в)о ҳамешагӣ,
Ҳошо, ба рағми якдигарӣ чун аду набуд!
Лирикааш беамсол аст, ки бори унвони Шоири Халқиро мекашад. Байт:
Танҳотар аз манӣ, эй ишқ,
Пас, биё, дар канори ҳам бошем!
Вале агар касе фикр мекунад, Хосият, Духтари Вализода ба меланхолия дода шудааст, хато мекунад. Зеро, байт:
“Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам“,
Аз маҳу шед нишон мемонам.
Мавҷ дар мавҷ гираҳ хурда маро,
Боз дарёи равон мемонам…
Бо ин ҳама Хосият 1 зан, 1 бону, 1 духтари Тоҷик аст, ҳарчанд назарбаланд ва набишкастанӣ, вале бонуи пур аз сирру асрору ишқу ҳавасҳо:
Имрӯз суроғи ман биёед ёрон,
Баъди сари ман чӣ лозим ашки фаязон?
Боварнокарданист, ки пушти дари хонаи падарӣ, Хона Музейи С. Вализода, ки 54 сол аст, 1 шоира, 1 отифаи шеър ба сар мебараду ҳар пагоҳ онро аз пушту бар ҷорӯб мезанад… Акси ҳама шоирони номдори Кӯлобро овехтаанд ва барои 1 шоираи нозанин, Хосият Вализода ҷо наёфтаанд. Мебинад, месӯзад ва мегӯяд:
Зиндагонӣ мисли 1 бозист,
Розиву норозӣ бояд зист !
Ё ки:
Оби дари хонааст гилолуд,
Бегона бувад ҳамеша маҳмуд...
Бо ин ҳама ин Зан-Модарест, ки талоши сулҳу ваҳдати воқеӣ дар миёни тамомии қавму халқиятҳо дорад. Шеър:
Армуғони сулҳро кӯе ба кӯе мебарам.
То уфуқҳои карони зиндагӣ,
Офтобӣ бошаду зебо.
Хуни сабзи набзи ҳастӣ,
Доимо бошад тамизу софу шаффофу мубарро,
Армуғони сулҳро, кӯе ба кӯе мебарам,
То ки қалби мардуми зулматпараст,
Ҷангҷӯву кинапарвар,
Бесубехабар…
Аз ҳавои отифат оганда бошад,
Зиндагонӣ зинда бошад!
Армуғони сулҳро кӯе ба кӯе мебарам,
Ҷони худро арза карда,
1 ҷаҳон меҳру муҳаббат,
Сулҳу Ваҳдат мехарам!
Вале бо ин ҳама Хосият аз шумори занҳое нест, ки миссияашон танҳо зодану танҳо гиристану танҳо нолидан бошад. Ӯ алорағми дӯсту душман зистан дошту дорад. Худаш мегӯяд:
Копии шеъру шиори хешам ангор,
Гоҳ шӯри баҳр, гаҳ симфонии анҳор.
Гаҳ сукутам қулларо оғӯш мегирад,
Ҳамчу вулқон мезанам ҷӯш, мешавам бедор.
Гум накардам дар дили танҳоӣ роҳамро,
Ҷодаро ҳарчанд рафтам тоқаву бе ёр.
Ҳар касе хомӯш бинмуд барқи иқболам,
Кӯшиши беҳудааш бар бод рафт ҳар бор.
Аз табори офтобам, ошиқи ишқам,
Дар ғуруби хаста ҳам гул мекунад пиндор.
Аз китоби ёдҳо шояд ҳамеҷӯед,
Хотири Хосияти бисёр зинҳордор.
Ин шеъри портретист. Хосият воқеан ҳам зинҳордор аст, яъне пойбанд бар аҳду паймон, вафодор, нигаҳдори аҳду паймон, содиқ дар аҳд, амонатпазир: ин маънои луғавии вожаи мазбур аст. Зинҳордор ва пойбанд бар аҳди духтарӣ умре попархам истод, хизмати дари хонаи падар кард, ки ҳалолаш бод…
Ва агар аз номи матлаб хулосае вар доштӣ, хонанда, ки Хосиятро ман оташ, алав, гулхан гуфтаам, хато накардаӣ. Вале аз барои савоб кадоме аз мо Падарро ОТА намегӯем? Ӯ духтари ОТА-ш буд, ҳаст ва боқӣ монд. Шахсан ман чунин духтарро орзу мекунам. Мо Метавонем!
Ва аз ҳама охир, соате гуфтам, худро муаррифӣ кун, хоксорона чун падари бузургвораш инро навишта фиристод:
Дуруд бародари азиз! Фикр мекунам чӣ нависам? Аслан ман бисёр авқот ба василаи шеърам фикру ақидаамро баён менамоям. Ман гумон мекунам шеърҳои шоир хислати ӯро таҷассумгаранд. Ҳарчанд барои омма менависанд, аммо ҳамеша мухотаб худашон мебошанд. Шоирро танҳо ба василаи шеъраш мешиносанд (шоири асилро дар назар дорам). Аз ин рӯ, шоир ба худаш тааллуқ надорад, ӯ азони халқ аст. Шеър барои ман 1 қисмати рӯзгорам аст, яъне шеърро нафас мекашам:
– Шеър баҳри ман тафаннун нест,
Боғ – боғ аст, дашту ҳомун нест.
Бонги озодист шеъри ман,
Мафраше дар пои малъун нест!
Шеър ҳунари мардумони ошиқ ва шайдост, ки дили пурмуҳаббат доранд. Аслан ман хулосагӯиро дар шеър меписандам, чун намехоҳам хонандаамро дилгир кунам. Чуноне ки Ҳазрати Иқбол фармуда:
– Чи ҳоҷат тул додан достонро?
Ба ҳарфе гӯям асрори ҷаҳонро!
Қисмате аз маҷмуаҳои ашъорам: “Таронаи ишқ”, “Кӯлоби баҳороғӯш”, “Дуруди сапеда”, “Таърихи сабз, “Такядори хуршед”‘, “Суфраи ишқ”‘, “Садоқати сапед”, Лабханди отифат” – …
Қариб 30 – сол директори Хона- музейи шоир ва ҳофизи халқ- Сайдалӣ Вализода кору фаъолият кардам… Феълан Сарвари Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Армуғони сулҳ» мебошам, ки барномаҳоямро унвонии «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем!” ва барномаи телевизионии «Дар меҳмонии «Армуғони сулҳ”- (Сарпарасташ ТВ Кӯлоб), дар 40 давлати дунё тамошо мекунанд. Боиси таассуф аст, ки барномаҳои ман то ҳол худҷӯшанд, чун касе ба «Армуғони сулҳ» сарпарастӣ накардааст, ба ғайри аъзои фаъоли ташкилот. Ҳарчанд борҳо пешниҳод кардам, ҷавобе наомад.
Мукофотҳоям: Медали “Хизмати шоиста”, унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон», едали тиллоии ” За укрепление Мира” (Россия)…
…Ба ин духтар, ки имсол марзи 75-ро убур мекунад (08.03.1950), унвони Шоири халқии Тоҷикистонро диҳед, мардум. Арзандатарин аст!!!
