Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар ш.Абузабии АМА дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ ба даст овард, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд.
Хушхабар! Чархи кории доимии агрегати панҷуми НБО “Роғун” аз Австрия ба Тоҷикистон ворид карда шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Тоҷикистон 350 миллион доллар ҷудо кард.
Дар роҳҳои ш. Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барҳам дода шуд, ки панҷтои он дар хиёбони Рӯдакӣ буд: ба иттилои Раёсати ВКД дар пойтахт, яке аз сабабҳои ба миён омадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, дар масофаи наздик ҷойгир будани гузаргоҳҳо будааст.
Таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имсол аз 1 то 7-уми январ пазируфта шуд.
