МУҲИМТАРИН РӮЙДОДИ СОЛИ 2024

Дар фарҷоми соли Наҳанг ва арафаи Соли Нави Мор мо мисли ҳамеша аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли гузашта, ки такондиҳанда ва хотирмон буданд, ёд меоварем. Мо Метавонем!

  1. Мунтахаби Сол

Футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар гузашт, фурор ба миён оварданд. Мунтахаби мо чун дастаи дебютант ба сабади охирин афтида, чун тими «сусттарин» дар гурӯҳи А бо Қатар, Хитой ва Ливан корида шуда, аз ҷои 2 бо касби 4 имтиёз (1 бохт, 1 мусовӣ ва 1 бурд) ба 1/8 финал рафт. Дар ин марҳала ба таври сенсатсионӣ бар Аморати Араб (1:1 ва пеналтӣ 5:3) дастболо шуда, дар ¼ финал бо сар додани 1 автогол шикаст хӯрд. Бо ин ҳама мунтахаби Тоҷикистон шомили 8-гонаи футболи қораи Осиё шуд. Лаззати ин пирӯзӣ то ҳанӯз коми мухлисинро тарк накардааст. Белиссимо, Петр Сегрт-самурабии мо!

  1. Вафоти сол

18.02.2024. Сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон-Давлатманд Холов дар синни 74-солагӣ вафот намуд. Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» бисёр арзишманд буд. Чанде пеш ба хотири гиромидошти хотираи ин ҳофизи нобиға Қасри фарҳанги н.Ш.Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд.

  1. Террори сол

22.03.2024. Шоми ин рӯз 1 гурӯҳ силоҳбадастон ба маҷмааи Крокус сити холи ш.Москва ҳуҷуми террористӣ анҷом доданд. Шумораи кушташудагони ин террор ба 140 нафар расид. Дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус сити хол, ки кишвари моро низ такон дод, 12 гумонбар боздошт шуд, ки аксарият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Пас аз ин ҳамлаи террористӣ муносибат бо муҳоҷирони корӣ, хосса тоҷикон дар Федератсияи Россия ба маротиб бад шуда, депорту ихроҷ ва санҷишҳои тулонӣ дар фурудгоҳҳо зимни вуруд то ба имрӯз идома доранд.

 

  1. Танки сол

08.05.2024. Танки таърихие, ки қаблан дар кӯчаи Айнӣ – рӯбарӯи Раёсати ВКД, паҳлӯи манзили зисти таърихнигори мо-Умари Шерхон, дар ш.Душанбе воқеъ буд (мавзеи маъруф ба «танка»), пас аз рестовратсия дар Боғи Ғалабаи пойтахт қомат афрохт.  Ҷойивазкунии ин танк моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифта, дар муддати 4 моҳ меъморони ш.Душанбе нусхаи ин монументро дар боғи Ғалаба аз сари нав сохта, танкро низ дар ин ҷо гузоштанд. Монументи нав назар ба монументи кӯҳна ба маротиб зебо ва бошукӯҳ буда, майдони қаблии «танка» бо мақсади бунёди эстакадаи сесатҳа пурра аз байн бардошта мешавад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ағлаби кишварҳои пасошуравӣ ягона кишварест, ки ба Ғалаба бар фашизм то ба ҳол арҷ мегузорад.

 

  1. Сели сол

25.05.2024. Охирҳои моҳи майи соли равон бар асари боридани борони шадид аз доманаи сиёҳкӯҳ сел фаромада, қисмати ҷанубии деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархорро обу лойқа зер кард. Дар натиҷаи офати табиӣ ба 195 оила зарари калон расид. Хонаҳои истиқоматии 36 оила вайрону валангор гардида, биною иншоотҳои ёрирасони 159 оилаи дигар, ки аслан деворҳояшон аз гилу лой сохта шуда буд, ба замин яксон гаштанд. Дар арафаи ҷашни 30 –солагии Конститутсияи ҶТ ҳамаи ин зарардидагон бо хонаҳои нав ва шароити лозимаи рузгор таъмин шуданд. Муборак бод!

 

  1. Боздошти сол

12.06.2024. Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ашхоси шинохташуда, аз ҷумла собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва ҳуқуқшиноси Шокирҷон Ҳакимов бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, боздошт шуданд. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуд, тафтишот муайян кард, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намуда, барои амалӣ шудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили мамлакат ва берун аз он тарафдоронашро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб ва гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудаст. Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда, онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канори мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.

  1. Таксии сол

18.06.2024. Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе тамомии ширкатҳои хадамоти таксии пойтахт бояд то рӯзи 01.09.2025 ба воситаҳои нақлиёти электрикӣ – электромобилҳо гузаранд. Таксиҳои ба қавле «зард» аз соҳаи хадамоти хизматрасонии умумӣ ба оҳистагӣ, вале бе бозгашт, аз истифода  бароварда мешаванд.

  1. Бинои сол

05.07.2024. Дар доираи сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

 

  1. Ҷодугарони сол

27.08.2024. ВКД ҶТ эълон намуд, ки минбаъд тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, низ ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, мавод тартиб дода шуда, дар махзани ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ – профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.

  1. Ҷоизаи сол

06.09.2024. Ба Далер Назаров, сарояндаи ва оҳангсози машҳури тоҷик Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ барои оҳанг бастан бар филми «Роҳ» (режиссер Носир Саидов) дода шуд. Муборак бошад, Маэстро!

  1. Визаи сол

Шуруъ аз моҳи августи соли 2024 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон раводид қисман бардошта шуд. Дар навбати аввал бидуни раводид танҳо тавассути ҳавопаймо ва фақат аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвозҳо шуруъ шуданд.

  1. Голи сол

30.10.2024. Тими наврсони Тоҷикистон оид ба футбол (то 17 – сола) зимни бозиҳои интихобӣ ба Ҷоми Осиё, ки соли 2025 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Гуамро бо ҳисоби 33:0 бурд. Аз 33 гол 14-тои онро футболбоз Муҳаммад Назриев ба дарвозаи ҳариф зад. Офарин шербачаҳо!

  1. Парвози сол

03.10.2024. Ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик эйр” парвози нахустини худро дар хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод. “Тоҷик эйр” сар аз 30 сентябри соли ҷорӣ ба парвозҳо дар масири мазкур оғоз кард, вале бо сабаби номусоид будани ҳаво парвози нахустин мавқуф гузошта шуда буд. Бо фароҳам омадани вазъи хуби боду ҳаво пас аз 3 соли таваққуф ҳавопаймои АН-28 бо 17 мусофир ба ш.Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвоз кард. Парвоз 1 соату 05 дақиқаро ташкил намуд.

 

  1. Роҳи сол

07.11.2024. Бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ба истифода дода шуд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар – Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз 2 хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шуд.

 

  1. Талафоти сол

30.11.2024. Низорамо Зарипова, яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар синни 101- солагӣ аз дунё даргузашт. Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Низорамо Зарипова ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намуд.

  1. Марги сол

30.11.2024. Файзигул Юсуфӣ (Юсупова), сарояндаи эстрадаи тоҷик дар 50-солагӣ пас аз ҷарроҳӣ дар Ҳиндустон аз дунё даргузашт. Файзигул Юсуфӣ 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзеобод) ба дунё омадааст. Ӯ сар аз солҳои 90-ум ба ин сӯ ба рақсу овозхонӣ машғул буд ва солҳои зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард.

  1. Мафияи сол

02.12.2024. Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Бойим”, сокини 53-солаи ш.Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддира расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.  Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ” айбдор мешавад.

Дар гузашта низ исми Иброҳим Сафаров бештар бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддира расонаӣ шуда, расонаҳои русӣ аз ӯ “Пабло Эскобари Тоҷик” ном мебурданд. Ӯ соли 2006 дар Русия бо беш аз 200 кило ҳероин боздошт ва ба 19 сол зиндон маҳкум шуда буд.

  1. Марзи сол

04.12.2024. Дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.

Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд. Тавре гуфта мешавад марҳилаи ниҳоии ин санад дар арафаи ҷашни Наврӯз – 2025 ба тасвиб мерасад. Офарин, генерал Ятимов!

  1. Ҷоми сол

06 – 08.12.2024. Ҷоми СССР-2024, бо ширкати 8 даста (U16) аз сартосари ҷумҳурӣ, дар варзишгоҳи марказии ш. Кӯлоб, баргузор гашт.  Ҷои зикр аст, ки сар аз соли 2008, ҳамасола дар моҳи ноябр-декабр, ҳини таътили тирамоҳӣ бо ташаббуси газетаи мардумӣ, дастгирии ФФТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Ҷоми СССР дар байни наврасони зери 16 сола баргузор мегардад. Ин сол барои нахустин бор Ҷомро дастаи футболи СССР соҳиб шуд. Мо Метавонем!

 

  1. Ҷашни сол

06.12.2024. Дар Сессияи 19 – уми (19 СОМ) Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Парагвай ҷараён дошт, “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” ва ҷашни суннатии тоҷикон – Меҳргон ба мероси фарҳангии Юнеско шомил гардид.

  1. Куштори сол

Сар аз моҳи марти соли 2023 то охири соли равон дар ш. Конибодом дастикам аъзои 7 оила, тақрибан 20 нафар, бераҳмона кушта шуданд. Ҳодисаи охир рӯзи 16-умии декабр сурат гирифт, ки шахсони номаълум дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) 4 нафар, 2 зану 2 мардро ба қатл расониданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо мақомоти қудратии ин шаҳр таъкид дошт, ки қазияи мазкур бевоситаи зери назорати Сарвари давлат қарор дошта, барои ошкорсозии ин ҷиноятҳо беҳтарин муфаттишону коршиносон ҷалб шудаанд.

 

  1. Мураббии сол

19.12.2024. Президенти Клуби футболи “Равшан” Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар меҳмонхонаи “Ритс-Карлтон”-и шаҳри Москва бо футболисти маъруфи даврони СССР ва мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтушнид намуда, барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 ба мувофиқа расида, шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд. Интизор меравад, ки мутахассиси рустабор Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада, машқу тамринҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷи кишвар баргузор намояд. Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба, аз Русия ва Аврупо бо даъвати вежаи ин мутахассиси хушном ба даста шомил хоҳанд шуд.

Фаъолияти мураббигии Д. Черишев.

2003 Аранхуэс

2006 – 2010 Реал Мадрид, Дастаи кӯдакона

2010 – 2011 Сибир

2011 – 2012 Волга (НН)

2013 – 2014 Зенит-м

2014 – 2015 Иртиш (Павлодар)

2015 – 2016 Севиля, сармураббӣ

2016 -Мордовия

2018 – 2019 Нижний Новгород

2022 – 2023 Санта-Колома

2024 -Шинник

 

  1. Қотили сол

21.12.2024. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда, аз дастгир шудани гумонбарон хабар дод.  Тавре Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солеҳҷон Набиевич, соли таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Тӯхтаев Аҳадҷон Насибҷонович, соли таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ,  Равшанов Бахтиёр, соли таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор ва Одилов Манучеҳр Солиҷонович, соли таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М. Абдуллоев дастгир гардиданд.

Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати Роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, тафтишот идома дорад.

 

  1. Блогери сол

 22.12.2024. Дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин «Блогери сол» дар 20 номина, бо шукуҳу шаҳомати вежа баргузор гардид. Ҷои зикр аст, ки Ассосиатсияи блогерони кишвар ҳамагӣ соли 2 аст, ки фаъолият мекунад, вале Бахтиёр Маҷидов-раиси ин анҷуман собит кард, ки воқеан ҳам дар 2 сол аз аксари иттифоқу иттиҳоду анҷуманҳои солдидаи кишвар, ки дар садораташон солхӯрдаҳо меистанд, чанд гардан болост. Зимнан маҷлиси 2-и Ассосиатсияи навтаъсис нишон дод, ки дар садорати тамомии иттифоқҳои мо ҷавонони креативу корбудкун бояд дастбакор шаванд. Ҳамқадами замона бошед, мардум. Брависсимо Баха Маҷидов!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube