“Дом”-фиребон

Ҳафтае нест, ки ба редаксияи газетаи мардумӣ нафаре меҳмон шуда, дар бораи фиреби биносозон ё худ қаллобии домсозону ширкатҳои сохтмонӣ, ки ба бунёди биноҳои истиқоматӣ машғуланд, арзу дод накунад. Воқеан ҳам сохтмони биноҳои «гуштиуштурхӯрда», фурӯши як хона ба чанд нафар, солҳои тӯлонӣ аз комиссияи давлатии қабул нагузаштани биноҳои навсохт имрӯз проблемаи №1 дар шаҳри Душанбе гаштааст.

Дур намеравем, чанде аз кормандони газетаи СССР аз ширкати «Тибби Суҳайб» дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ хона харидаанд, аммо бо гузашти 5-6 сол молики ин ширкат 1 хонаро ба чанд нафар фурӯхта, ғайб задасту доду войи мардуми фиребхӯрда ҳоло дар долонҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон садо медиҳад.

 Бо истифода аз нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва идораҳои марбута мо ин мавзуъро тайи 1 моҳи ахир пайгирӣ намуда, аз масъулини кишвар илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ, яъне чӣ гуна фиреб нахӯрдан зимни харидорӣ намудани хонаҳои навсохт пурсон шудем. Зеро медонем, ки ин танҳо мушкили 100 ё 200 нафар нест, балки ҳазорҳо сокинони пойтахту мамлакат аз дасти домсозони қаллоб фиреб хӯрдаанд.

“Мардумро фиреб доданд…” ё қайд тавассути нотариус

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки дар ҳақиқат баъзе ширкатҳои бинокор шаҳрвандонро фиреб дода, шартномаҳои басташударо инкор мекунанд. Ӯ аз харидорон хост, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар “нотариус” шартнома банданд.

Низом Мирзозода зимни нишасти хабарӣ таъкид дошт, ки дар кори ширкатҳои бинокор камбудиҳо ҷой доранд ва бархе ширкатҳо аз бастани шартномаи хариду фурӯш тариқи расмӣ худдорӣ мекунанд.

 – Вақте дар нотариус ба қайд мегиранд, аллакай он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва дилхоҳ баҳсу мунозираҳое, ки сар мезанад, тавассути додгоҳ ҳаллу фасл мешавад. Дигар ин хонаро ба чанд кас фурӯхта наметавонад. Лекин бисёр ширкатҳои сохтмонӣ аз ин кор худдорӣ карда, дур мегурезанд, – таъкид кард ӯ.

– Баъзе ширкатҳое буданд, ки дар ҳақиқат мардумро фиреб доданд, 1 иншоотро ба 1 кас фурӯхтанд, ширкат муфлис шуд, дигар касро меросхӯр гузоштанд. Меросхӯри нав омада ширкатро қабул мекунад, аммо шартномаҳои басташударо инкор мекунад ва боз мегирад ба як кас мефурӯшад. Ин хел аризаҳо низ ба мо ворид шуда буданд, мо инро дида баромада чунин ширкатҳоро дар рӯйхати сиёҳ ворид кардем ва минбаъд дар озмунҳо роҳ намедиҳем, – таъкид кард номбурда.

7331 камбудии ширкатҳои бинокор

Тибқи иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2025 дар кори 1 ҳазору 288 ширкати бинокор 7 ҳазору 331 камбудӣ ошкор шуда, онҳо дар умум 547 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима шудаанд. Соли гузашта 72 ширкати бинокор бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд.

– Ин ширкатҳо аз рӯйи лоиҳа бе гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ корҳои сохмониву васлгариро идома додаанд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 15 то, ноҳияи Рӯдакӣ 8 то, шаҳри Турсунзода 10 то, дар шаҳри Ваҳдат 90 ва дар шаҳри Кӯлоб 9 то мебошанд, – гуфт Низом Мирзозода.

Кирдори “нанговар” ва соҳибкорони қаллобу ҷинояткор

Сохтмони биноҳои нотамом, фурӯши 1 хона ба чанд нафар, феҳристи ширкатҳои “қаллоб” ва сохтмони ошёнаҳои иловагӣ ё аз нақша берун, аз ҷумла суоли хабарнигорони газетаи СССР буд, ки дар нишасти матбуотии МИҲД Душанбе мавриди баҳс қарор гирифт. Дар суол таъкид шуд, ки бархе аз ширкатҳо ва соҳибкорони домсоз бо истифода аз боварии раиси шаҳри Душанбе даст ба фиреби мардум зада, бо ин амалашон обрӯи шаҳрдориро зери суол мебаранд.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар посух ба чанд нафар фурӯхтани як хона аз сӯи бархе ширкатҳои бинокоронро кирдори “нанговар” хонда, гуфт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати худи шаҳрдори Душанбе қарор дорад.

– Дар ҳақиқат чунин ҳолат дида мешавад ва ин ҳолати нанговар аст, ки баъзе соҳибкорон дидаю дониста як хонаро ба 3-4 кас ба фурӯш мегузоранд. Онҳоро мо соҳибкор ҳам гуфта наметавонем, онҳо қаллоб ва ҷинояткор ҳастанд. Марҳала ба марҳала ширкатҳое, ки дар фаъолияташон ба фиребгарӣ даст мезананд, муайян карда, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд. Хато аз ҷониби худи шаҳрвандон низ дида мешавад, агар камтар нархи арзонро бинем, кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар онро харидорӣ кунем. Он чизе, ки арзон аст, беиллат нест, – изҳор дошт Бахтиёр Шарифӣ.

 Бино ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ, айни замон 32 бинои навсохти баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе камбудӣ дошта, нисбати моликони ин биноҳо барои ислоҳи проблемаҳо корбарӣ рафта истодааст.

“Ҳолати аз нақша берун бунёд кардани ошёнаҳо ошкор нашудааст”

Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дар посух ба суол дар мавриди бунёди ошёнаҳои иловагӣ дар болои биноҳои 16 ошёна таъкид дошт, ки дар 5 – соли охир дар пойтахт ягон ҳолати аз нақша берун бунёд кардани ошёнаҳо дар биноҳои истиқоматӣ ошкор нашудааст.

– 5 ҳолати аз нақша берун сохтани ошёнаҳо дар миёни ширкатҳои бинокор аз солҳои қаблӣ ба қайд гирифта шудаасту тамом. Ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони беш аз 1 ҳазору 600 иншоот идома дошта, соли гузашта 327 қарори дахлдор шаҳрдори пойтахт дар бораи сохтмони иншооти баландошёна ба имзо расидааст, – иброз дошт сармеъмори пойтахт.

Суоли “провокатсионӣ” ё 1 далел барои Самӣ Азизиён

Муттаассуф, Самӣ Азизиён, ки ба хотири додани «саволҳои провокатсионӣ» нахост бо мо пас аз нишаст дуруст суҳбат кунад, дар бораи сохтмони 2 ошёнаи иловагӣ дар бинои навсохт дар суроғаи хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, 22/2, блоки А ё хабар надорад ё хабардор шудан ҳам намехоҳад.

Бинои мазкур, ки дар он муаллифи ин матлаб зиндагӣ мекунад, соли 6-ум аст, ки бо ҷой доштани проблемаҳои зиёд, аз ҷумла мушкил дар хатҳои муҳандисӣ, бесифат ва ғайриқонунӣ насб кардани лӯлаҳои оби гарм, сохтани манзил дар таҳхонаи бино, ки бояд таваққуфгоҳ бошад, вале аллакай чанд нафар дар подвал хона сохтаву зиндагӣ доранд ва муҳимтар аз ҳама сохтмони 2 ошёнаи иловагӣ – 17 ва 18, ҳол он, ки қарори раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 16 ошёна гирифта шудааст, аз комиссияи давлатии қабул гузашта наметавонад.   

400 парванда ба суд рафтааст

Рустам Мирзозода, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ парвандаҳои алайҳи ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандонро ҳам мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ номида, омори парвандаҳоро пешниҳод кард.

– Соли гузашта вобаста ба баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои биносоз ва баръакс, баҳси ширкатҳои биносоз нисбат ба шаҳрвандон дар ҷамъ 421 парванда дар додгоҳҳои кишвар ворид шудааст. Дар як соли охир 106 парванда аз сӯйи шаҳрвандон бо даъвои рӯёнидани маблағи барои сохтмон пардохта ва рафъи “дигар мушкилот” дар додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудааанд, ки то охири сол аз он 58 парванда қонеъ гардонида, 37 парванда “бинобар созиши ҷонибҳо” қатъ шудаанд.

Соли 2025 аз ҷониби ширкатҳои биносоз алайҳи шаҳрвандон “вобаста ба кӯчонидани манзили истиқоматӣ ё бартараф кардани масъалаҳои молиявӣ” 315 парванда ба додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудаанд. Аз ин шумора, то охири сол 114 парванда қонеъ карда шуда, 188 парванда “бинобар созиши ҷонибҳо” қатъ гардидааст. 11 парвандаи дигар аз сӯйи шаҳрвандон ва 13 парвандаи дигар аз сӯйи ширкатҳои биносоз дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

 23 домсози фиребгар

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии мамлакат зимни нишасти матбуотӣ ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки дар соли 2025 ба ВКД 250 нафар бобати фиреб хӯрданашон зимни хариди хонаҳои нав муроҷиат намуда, 112 ҳолати қаллобӣ дар ин самт ба қайд гирифта шудааст.

Тавре дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР иттилоъ доданд, дар 5 соли ахир 23 нафар роҳбари ширкати сохтмонӣ дар 1400 ҳолат мардумро фиреб карда, беш аз 300 000 000 сомонӣ зарар додаанд – 1 хонаро ба 2 нафар ва ё зиёда аз он фурӯхтаанд.

75 млн. зарар – 1155 сокини пойтахтро фиреб доданд…

Тавре Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе дар суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори газетаи СССР иттилоъ дод, дар соли 2025 аз ҷониби Раёсати мазкур 3 ҳолати фиребу қаллобии ширкатҳои сохтмонӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Дутои ин ширкатҳо ҶДММ «Ҷамол басир» ва «Си – Саъдуллоев» мебошанд. Соҳибони ин 3 ширкати сохтмонӣ 482 хонаро ба 1155 нафар фурӯхтаанд ва зарари аз ин фиребу қаллобӣ 75 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Инҷо метавонам 1 мисоли дигар биорам: яке аз чунин афроди зараррасон Ҷӯрабек Идиев мебошад, ки ӯро 10 майи соли 2025 РВКД барои фиреби мардум ба наздики 1 млн сомонӣ боздошт карда буд. Аксу хабари мавсуф дар саҳифаи фейсбукии Раёсат то ба имрӯз маҳфуз аст, вале ин нафар маҳз ҳамон нафаре ҳаст, ки дар бинои мо – хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 22\2, блоки А бо биносоз маслиҳат намудаву боми биноро харида, ҳамон ошёнаҳои 17 ва 18 – ро сохта, ба фурӯш гузоштааст. Инчунин, пас аз парванда шуданаш боз таҳхонаи биноро бо мақсади сохтмони таваққуфгоҳ харида, хона сохта, тариқи сомонаи «Сомон.тҷ» фурӯхтааст. Касеро коре ба ин нафар ва кирдорҳои ҷинояткоронааш нест…

(Бинои мазкур, ки дар он муаллифи ин матлаб зиндагӣ мекунад)

Лозим ба таъкид аст, Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии Милисаи №1 –и пойтахт воқеан ҳам амалиёти густурдаеро бар зидди чунин ширкатҳои сохтмониву моликони биноҳои навбунёд роҳандозӣ кардааст, ки офаринашон бод. Агар гӯем, ки имрӯз умеди мардуми фиребхӯрда танҳо ба Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ниҳода шудааст, аз он ҷумла ман низ, хато нест.

QR-код – мубориза алайҳи домсозони фиребгар

Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо мақсади таъмини шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои фиребгарӣ дар майдонҳои сохтмонӣ ва шуъбаҳои фурӯши манзилҳои истиқоматии шаҳри Душанбе QR-кодҳои махсус ба роҳ монда шудаанд. Агар яке аз роҳҳои пешгирӣ аз фиреб қайди шартнома байни харидору домсоз дар идораҳои нотариалӣ бошад, роҳи дигараш ин QR-кодҳои махсус аст.

– Шаҳрвандон акнун пеш аз хариди манзил метавонанд тавассути ворид шудан ба QR-код бо фаъолияти ширкатҳои биносоз шинос шаванд. Дар низоми электронӣ тамоми маълумот дар бораи пудратчиён ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷой дода шудааст. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки фаъолияти онҳоро муқоиса намуда, баъдан хона харанд, – гуфт Низом Мирзозода.

Ба иттилои раиси кумита, агар номи ширкат дар рӯйхати «сиёҳ» қарор дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки дигар ба он ширкат набояд эътимод кард ва чунин ширкат дигар ҳаққи фурӯши иншоотро надорад.

Иброз гардид, ки шартномаҳои хариди манзил ҳатман бояд ба таври расмӣ дар дафтари асноди расмӣ (нотариус) ба қайд гирифта шаванд, зеро танҳо дар ин ҳолат онҳо қувваи ҳуқуқӣ мегиранд ва баҳсҳо метавонанд тавассути суд ҳал карда шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон комиссияи корӣ барои бозбинӣ ва такмили Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аллакай тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудаанд. Дар ҳолати қабул гардидани тағйиру иловаҳо минбаъд ширкатҳои сохтмонӣ барои сифати сохтмон ва устувории бино дар тамоми давраи фаъолият ҷавобгар хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути QR-кодҳои махсус ба  системаи электронии www.memor.pro ворид шуда, дар бораи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна иттилои расмӣ гиранд.

Он ба шаҳрвандон дар бораи мавҷуд будани қарори лоиҳакашӣ, мувофиқа шудани нақшаи кулли бино ва иншоот, доштани шиносномаи бино ва хулосаи экспертиза, мавҷуд будани қарори сохтмон ва гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонии ширкатҳо маълумот медиҳад.

То куҷо ин QR-кодҳои махсус мушкили мардуми хонахарро осон ва фиребу қаллобиро коҳиш медиҳанд, вақт нишон медиҳад.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube