На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар бех мева орад, ҳар нае қанд…
Метавон мисраъи аввали Фахриддини Гургониро чунин тағйир ҳам кард “На ҳар мард мард бувад…”… Зеро мард таваллуд шудан ба маъние нест, ки ту мардӣ. Мардӣ талабот, вежагӣ, атрибутикаи худро дорад. Ва №1 дар он маҳз ҳифзи шарафи ватандорӣ ва хидмат дар сафи Артиш аст.
Сарчашмаи “Облава” чист? Тарсуӣ ва фирор аз хизмати ҳарбии худи ҷавонони мо. Ё не мӣ? Фарзи мисол, дар Исроил, ки дар ҳолати омодабоши ҷангӣ барои ҳамешагӣ қарор дорад, 1 ҷавонмард чӣ, ки 1 духтарчаро намеёбед, то аз хизмат фирор кунад. Ун ҷо “Облава” нест. Зеро хизмат барои зану мард шараф ва ҳатмист! Ва 99% навдаъватони яҳудӣ медонанд, ки ҳатман ба ҷанг мераванд, на танҳо ба хизмат.

Хизмат дар сафи Артиши мо, шукри Худо, ба курорту санатория қариб баробар шудааст. На ҷанг, на куштор, на забту на лашкаркашӣ. 1 ё 2 воқеаи нохуш, ё худ инсидент дар ҳама ҷо ҳаст, ҳатто дар “гражданка”. Вале ҷавонони мо то ҳанӯз аз хизмат мегурезанд. Ин дар ҳолест, ки агар мабодо вазъ дар марзҳои кишвар ба таниш ояд, ҳатман ҳамон ҷавонмардони ҳамакнун пирмардгардидаи собиқ Армияи Советӣ (АС) ба ҳимояти марзу бум ихтиёран мераванд. Ҳеч аз хотирам намеравад, вақте дар Исфара вазъ сангин шуд, 1 мӯсафеди нозанин аз Мастчоҳ, Умар Алиматови данғарагӣ, воқеан ҳам яке аз сарватмандони тоҷик ва Бахтиёр Лангариеви кӯлобӣ, ки синнашон ба ҷое расидааст, ихтиёран ба набарду пархош рафтанд. Касе онҳоро маҷбур чӣ, ки ҳатто даъват накарда буд. Онҳо барои ҳифзи шарафи ватандорӣ рафтанд. Ана инҳоро метавон дар Рӯзи 23 феврал табрик кард…
Писархонди газетаи мардумии СССР сержанти гвардиявӣ, Меҳрӯзиддин Болтаеви ворухӣ, вақте дар курси 5-уми Донишгоҳи тиббӣ мехонду набояд хизмат мерафт, ихтиёран ба Артиш рафт, баъдан табиби низомӣ шуд ва дар яке аз набардҳо кушта гардид. Меҳрӯзиддинро метавон бо ин рӯз табрик гуфт!
Раҳими Ашрофи нозанини конибодомӣ, журналисти тавонои Тоҷик дар АС, ки ихтиёран бо банда рафта буд, вақте лозим шуд, аз шарафу нанги тоҷикияш бо мушту лагад пуштибонӣ карду 3 сол зиндонӣ (ДисБат) шуд. Холиқ Мирзозодаи кӯлобӣ, журналисти номӣ, низ бо ҳамин “иттиҳом” чанд соли умри ҷавонашро дар “ДисБат” паси сар кард. Алии Беҳудуд дар 18 солагӣ ихтиёран ба ҷанги Афғонистон рафт. А. Собиру М. Рустамзода, У. Шерхон-кормандони СССР ҷумлагӣ ихтиёран ба АС рафтаанд. Инҳоро мебояд бо ин Рӯз табрик кард.
Бандаи какмтарин 2 бор хизмати ҳарбӣ кардаам. Дар Байконури Қазоқистони советӣ ба ҳайси сарбоз ва дар Виборги Россияи шуравӣ, дар марзи Финландия, ба ҳайси афсар. Дар ҷанги гражданӣ ба ҳайси хабарнигори низомӣ ҳам будаму дар паҳлӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳини набардаш бо Толибон истода, гузоришҳо таҳия кардаам (воқеан ҳам вақте дар Афғонистон будем, 1 ҳолати ғайримаъмулӣ рух дод. Хабарнигори ВВС, ки имрӯз дар Лондон худро нофи замин метарошад, аз мошини муҷоҳидини Масъуд, ки пешопеши мо мерафт, уфтод. Дар байни ҷангал, хоку чанге, ки осмонро тира карда буд, касе надидаш. Ман, мутаассифона, дидамаш ва ба ронанда гуфтам, ки шарики мо уфтодааст. Баргаштаву ин “қаҳрамони имрӯза”-ро дар ҳолати шокӣ ва ларзону тарсон дарёфтему ба мошин савор кардем. Ҳатто раҳмат нагуфт. Кош ҳамон ҷо мемонду хас каму ҷаҳон пок мешуд…).
…Ин худситоӣ нест. Инро “констататсия фактов” мегӯянд. Зеро барои насли мо “амри Ватан воҷиб буд” ва шиорамон “Ҳуббул ватани миннал имон” (дӯстдории ватан гӯшаи имон аст). Воқеан ҳам имрӯз фанатҳо ин ҳадисро инкор мекунанд. Магар Саъдии Шерозӣ аз инҳо нодонтар будӣ, ки мегуфт:
Саъдиё, “Ҳубби ватан” гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон зист ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам.
Ва ё Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ на донотар аз ин неомуллоҳост, ки гуфта будӣ:
Ҳарфи сухан бар сари Хатлон бувад,
Ҳубби ватан гӯшаи имон бувад!!!
Ин фанатҳо аз сари ҷавонони мо аввалтар аз ҳама муҳаббат ба ватан ва сипас бар волидайнро рабуда, аз онҳо роботҳои серистеъмол месозанд. Яке аз сабабҳои артишгурезии ҷавонон ана ҳамин муллоҳои фанат мебошанд. Вале ҳар ҷавон бояд донад, ки ҳифзи Ватан шараф аст. Ҷавонмарде, Ватанро ҳифз мекунад, пас шарафи Модар, Хоҳар, Зан ва Модари ояндаи фарзандони худро низ ҳифз мекунад.
Пас, пурсида мешавад, дар Рӯзи 23 феврал, меарзад, дилхоҳ мардро табрик кард? Ба вежа онҳоеро, ки дар ин шабу рӯзи амн Армиягурезанд? Инҳо оё фардо мисли Туйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Чӯтак Ӯрозов, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Аҳмад Турдиев ва 54 қаҳрамони расмии ҶБВ (имрӯзҳо ҷангноманависи СССР устод Умари Шерхон сафи онҳоро 72 тан дарёфтааст), метавонанд бар ивази ҷони худ Тоҷикистони азизро ҳимояту ҳифозат кунанд?
Зимнан бонувони азиз, муқаддамтар аз он, ки мардеро бо Рӯзи 23 феврал табрик мекунед, аввал пурсед, соатаке ин Ватан, яъне шуморо ҳифз кардааст? Шарт нест, посухи манфӣ ё мусбӣ мегиред, вале баъдан, баланд ба ӯ гӯед, то дигарон ҳам шунаванд:
Рӯзи Артиши касбии миллӣ бар ҷавонмардони асил муборак!!!
