Қаҳрамони зиндаёд

Аз кору пайкори иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тоҷикписари бебок аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуҷаббор Ҳоҷиев

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр доштаанд: «Мо ҷоннисории ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолон – модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ҳамаи онҳо дар қалбу хотираи халқи мо ҳамчун фарзандони далеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд».

Яке аз фарзандони далери Ватан, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, марди зафарманду некном, шодравон Абдуҷаббор Ҳоҷиев – зодаи деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар ҷанг зафар ёфта, қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, бо сари баланд ба Ватан баргашта, кору фаъолияти пурсамар кардааст.

Абдуҷаббор дар оилае ба воя расид, ки падар ва модараш аз шахсиятҳои шинохта, мӯътабар ва соҳибмаърифат буданд. Ҳарчанд падараш амлокдоре буду дар боғоту заминҳои кишти ӯ чоряккорҳо, деҳқонон ба парвариши анвои деҳқонӣ, аз ҷумлаи сабзавоту ғалладонагиҳо машғул буданд, бо пеша ва одати халқпарварию раиятпарварӣ маъруф гашта буд. Маслиҳату раҳнамоиҳояш боис шудаанд, ки мардуми деҳа дар рӯҳияи сарҷамъӣ, хешу таборӣ умр ба сар бурда, мушкилоти бамиёномадаро зуд бартараф мекарданд. 

Дониши мукаммали диниву дунявӣ дошт. Ташаббускори корҳои хайр буд. Мардумро сарҷамъ намуда, дар ободонии деҳа, бахусус тозагии гузару кӯчаҳо, қабристону ҷӯйборҳои деҳоти Ёва ва гирду атрофи он эътибори хоса зоҳир менамуд.

Бо шарофати ҳамин рафтору кирдори нек, хислатҳои ҳамида, ташаббускору пешвои мардум буданаш то ба имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи Бобои Сангинҳоҷиро ба некӣ ба забон меоранд. Мардум то ба имрӯз мегӯянд, кӯчаи Сангинҳоҷӣ, мазори Сангинҳоҷӣ ва ғайра.

 …Абдуҷаббор хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи немисро дар саҳро шунид. Яке аз ҳамдеҳаҳояш ба тарафи онҳо, ки саргарми кор буданд, бо доду фарёд медавид. Ончунон медавид, ки меафтоду бармехост ва аз забонаш ҳарфҳои «ҷанги гирмон сар задааст», «ҳама ҷо месӯзад», «раис ба район рафтаанд»…. ва ғайраҳоро ба забон мегирифт. Ваҷоҳаташ тамоман дигар шуда буд. Ончунон гап мезад, ки гӯё немисҳо ба деҳаашон ҳуҷум карда бошанд…

Ба деҳа омаду хабари аслии ҷангро шунид. Шаб падараш то дер бо ӯ сӯҳбат намуд. «Абдуҷабборҷон, вақти адои қарзи фарзандӣ барои шумо барин ҷавонмардон фаро расидааст. Аз аҳли байтат хавотир нашав. Пагоҳ ба идораи деҳа раву худро номнавис намо, бачам! Аз қадим авлоди мо баору номус аст, баъдан ту баринҳо моро, ватани азизро муҳофизат накунед, дигар ба умеди кӣ мешавем». Гуфтаҳои падарро пазируфт. Моҳтоби аз паси абр баромада акнун торикии ваҳмангези ин нимашаби моҳи июни соли 1941 – ро равшантар мекард. Абдуҷаббор мехост, тезтар шаб гузараду ситораи субҳ дурахшад, офтоб барояд…

Ӯ нияти ба идораи ҷамоат барои навиштани ариза барои ба ҷанги зидди немисҳои лаин рафтанро дар дил дошт. Мехост ҳарчӣ зудтар ба фронт равад ва халқу ватанашро аз истисмори фашистони бераҳму шафқат озод намояд ва дар пирӯзӣ саҳми босазо гузорад…

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардум ва олам ранҷу азоби беандоза оварда, яке аз фоҷиаҳои бузургтарин дар таърихи инсоният, дар таърихи башарият маҳсуб меёбад, ки надонистани таърихи ин ҷанги хонумонсӯз барои насли муосир авфнопазир аст.

Соли 1941 Абдуҷаббор дар қатори садҳо ҷавонмардони тоҷик ба ҷанги зидди Германияи фашистӣ фиристода шуд. Дар набардҳо бо душман дар байни ҳамяроқонаш бо ҷуръати хос номвар гашта буд. Қисми ҳарбии Абдуҷаббор дар ҳимояи шаҳри Москва саҳми босазо мегузорад.

Ба ин муносибат ба қисми ҳарбӣ, аз ҷумла ба номи тоҷикписари ёвагӣ Абдуҷаббор Ҳоҷиев аз номи роҳбарияти Давлати Шӯравӣ, аз номи худи рафиқ Сталин раҳматнома тақдим карда мешавад.

Вай Ғалабаи халқи бузурги шӯравиро пешвоз гирифту боз ду сол дар барқарорсозии шаҳру деҳаҳои атрофи Москва сарбаландона хидмат кард. Корҳои сохтмониро пурра аз худ намуд, дар бунёди иншооти аз тарафи фашистони лаин харобгардида саҳми бузург гузошт.

Соли 1947 ба диёри офтобии худ – Тоҷикистони биҳиштосо бо сари баланд омаду умри худро ба соҳаи сохтмон, ободкорӣ бахшид. Беш аз 40 сол дар Комбинати оҳану бетонии №1 – и шаҳри Хуҷанд сарбаландона кор карда, ба нафақа баромад. Соли 2003 қаҳрамони ҷанг ва диловари Ватан Абдуҷаббор Ҳоҷиев ҷон ба ҷонофарин супурд ва ҳаётро падруд гуфт.

Амаки Абдуҷаббор бо ҳамсараш Орифахон Ҳоҷиева давоми умри бобаракати худ соҳиби 11 фарзанд гаштанд ва бо саъю кӯшиш, ранҷу машаққати зиёд ба воя расониданд, таълиму тарбияи хуб доданд. Имрӯз даҳҳо набера ва абераҳо номбардори бобои қаҳрамони худ ҳастанд. Фарзандони ин шахси ватанпарвар обрӯманд, ободкор, хайрхоҳу накӯкор ва фидоии кори худ. Дар бунёди иншооти иҷтимоии деҳот, аз ҷумла мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва дар маҷмӯъ баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми босазо мегузоранд. 

Мардуми деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаҳрамонони худро хуб дар ёд доранд. Дар бораи ҳаёт ва рӯзгори ин қаҳрамони давр хотираҳои неке боқӣ мондааст. Аз ҷумла, сокини деҳа Шермуҳаммад-бобо Раҳимови 96 сола дар бораи хислату рафтор ва амалҳои неки Абдуҷаббор Ҳоҷиев чунин нақл кард:

– Марди бомасъулият, ҷиддӣ, кордон ва хоксор буданд. Баъди аз ҷанг бо сари баланд омадан масъули хатти алоқа шуда, то шаҳри Бекободу Янтоқ (ноҳияи Мастчоҳи имрӯза) рафта меомаданд. Бо бародаронашон фақат баҳри ободонии маҳалла саъю кӯшиш мекарданд, дар байни мардум соҳиби обрӯву эътибор буданд. Фарзандони неку ободкорро тарбият намуданд, ки имрӯз фахри мо-мардуми Ёва мебошанд, – нақл мекунад ин пири барно.

Нависандаи ширинкалом Ибод Файзуллоев бо ин марди фидоӣ, қаҳрамони даврон, иштирокчии Ҷанги Бузургии Ватанӣ Абдуҷаббор Ҳоҷиев дӯстии наздик дошт. Ифтихор дошт, ки аз сӯҳбати гуворои ин марди шариф баҳра бурда, дар асарҳои адабиаш, аз ҷумла дар очерки «Чеҳраи шинос ё хумори дидор» симои ҳақиқии ин марди майдонро тасвир намудааст.

Собиқ сарвари Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, олими варзида Ҳабибулло Холҷӯраев (рӯҳаш шод бод!) дар рӯзномаи «Минбари халқ» аз 17 феврали соли 1999 дар мақолааш зикр доштааст, ки ман шарафмандам, ки дуои ин пири қаҳрамонро гирифтаам. Мавсуф бо чунин мазмун овардааст:

«Мӯйсафед, ки он замон 85-сола буданд, баъди сӯҳбати гуворо моро дуо карданду гуфтанд: “Шумо, бо писарам Абдуқодир ҳарду фарзанди давлат ҳастед! Ба Президент содиқона хизмат намоед. Бигзор, Эмомалӣ Раҳмони мо дар ҷаҳон чун Бобоҷон Ғафуров машҳур ва комёб шаванд. Хизмате, ки барои миллату давлати тоҷикон карданд, беназир аст, савобтарин кор аст.

Мӯйсафед ба фарзандонашон таъкид мекарданд, ки лоиқи номи худ бошед, номи нек ними давлат аст!»

Имрӯз рисолати мо он аст, ки бобати қадршиносии заҳмат ва меҳнати падарони сарбаланди худ масъулияти бештаре эҳсос намоем. Месазад, ки бобати ҷовидонӣ намудани номи ин қабил қаҳрамонон, аз ҷумла иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуҷаббор Ҳоҷиев боз ҳам тадбирҳои некро амалӣ созем.

Дар рӯзҳои таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он яке аз кӯчаҳои ноҳия дар маҳаллаи Пахтакор ба номи ин қаҳрамони ҷангу меҳнат гузошта шуд. Фарзандони қаҳрамон тасмим гирифтаанд, ки ин кӯчаро бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ободу мумфарш намоянд. Чӣ иқдоми неку шоиста!

Оре, қаҳрамонон намемиранд ва номашон ҷовидонист! 

Мухтори Абдулло,

Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube