Оё ба тоҷикситезон бояд «посухи дандоншикан» дод?

Ва ин навишта барои дӯстони фарҳехта, тоҷиконе, ки ҷонашон барои тоҷику Тоҷикистон дард мекунад, нигошта мешавад.

Мо, ки дар ин рӯзгор зиндагӣ мекунем, дуруст аст, ки фишорҳоеро рӯйи фарҳангу ҳастии мардумиямон имрӯз ҳастанд, мебинем, бадамон мерасад. Аз сӯе панарабизму пантуркизм, аз сӯе русгароиву аврупогаройӣ, «дар миёни чор дарё тахтабанд». Мешинему бо сарҳои гарм ба «ҳуҷум» мегузарем. Мегузарем ба пастзанию дашному…

Борҳост мегӯям, ки «ҷанги» мо бо тоҷикситезон кори беҳуда аст, нодуруст аст.

Ҷони мо дард мекунад, ки Пури Синоро турк мегӯянд, ё монанди ҳамин. Фаромуш мекунем, ки моро 1300 сол мехостанд араб шавем, 500 сол мехостанд муғул шавем, 100 сол мехостанд рус шавем, нашудем ку? Барои чӣ тоҷик мондем? Нашикастем? Нобуд нашудем? Ҳастем?

На ин ки дар фейсбук, бо шамшер мезаданд ку?

Донеду огоҳ бошед, ки моро танҳо ва танҳо фарҳанги инсондӯстӣ, фарҳанги меҳр, фарҳанги некию некхоҳӣ ба ҳама, тоҷик нигаҳ дошта аст, дигар ҳич. Агар бо тоҷикситезон баробар шавем, сахткӯшӣ кунем, нобуд мешавем. На аз он ки зӯрамон намерасад, балки аз оне, ки ба ҷовидонагии некию кӯтоҳрӯзгории бадӣ бовар намекунем, Худо аз мо рӯ мегардонад. Некӣ ҷовидон аст.

То рӯзе, ки мо ба некӣ бовар мекунем, зинда хоҳем монд. Ба бад ки печидем, рӯзгори худро кӯтоҳ мекунем, ҳич хостаи мо бароварда нахоҳад шуд.

Ҳар мардумӣ дарунаш неку бад дорад, лекин миёни ҳар ҳазор нек яке бад ҳаст ё не. Бо як бад баробар шудаву ҳазор некро душман сохтан кори мағздорон нест. Мо бояд танҳо ба некию некони мардумони ҷаҳон нигарем, на ба бадҳошон.

Маниши мо аз некию ростӣ бунёд ёфта аст. Худое, ки дар ин ҳазор сол ҳазорон мардумиро нобуд кард, имрӯз ҳам соле чанд мардумие аз миён меравад, моро барои маниши некамон нигаҳ дошту медорад.

Сафват Бурҳонов,

Олмон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube