Сухан санҷида бояд гуфт…

Банда мақолаи бародари гиромӣ Абдулло Холмуҳаммади Чархиро дар газетаи мардумӣ бо номи «Ман иштибоҳ кардам, ё иштибоҳ рафта…?”, aз 30.10.2025 хондам, ки навиштааст, 2 ҷилди “Шоҳнома»-ро дар давоми ду моҳ хондааст,  ки аҳсанаш бод. Яъне ӯ рузе 44-45 caҳифагӣ хондааст, ки ин на ба ҳар кас муяссар мегардад. Иштибоҳи эшон ин аст, ки ҷиди 1-умро 700 саҳифа гуфтааст. Дар асл 16 саҳифа ва 599 байтро фаромӯш кардааст. Агар ба болои рақами 56420+599 = 57019 байт мешавад.

Аз рафиқи муҳтарам А.Х.Чархӣ фаҳмиданӣ будем, ки аз рӯи хондани чанд намунаи ин шоҳасар ба чунин хулоса омада бошад? Гап сари он меравад, ки сарсухани ин асaри безавол, ба қалами Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дошта, хизмати олимони шинохтаи тоҷик Зоҳир Аҳрорӣ, Камол Айнӣ ва Баҳром  Сирус дар таҳияи асар зикр гардидааст. Яъне мо бояд аз рӯи мақолаи “Чӣ мегӯяд нею кӣ мегӯяд” амал кунему камбудӣ накобем. 

 Аз мутолиа ба хулосае омадам, ки ин асари безавол ба ҳар хонадони тоҷик некию некандешӣ, покию ростӣ, шеърхонию шеърдонӣ, ватандӯстиву қаҳрамонӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро баробари завқи маънавӣ мебахшад.

Дар охир маслиҳати мо ба бародар Холмуҳаммади  Чархӣ  ҳамин аст, ки минбаъд бо мулоҳиза амал намояд. Агар сахт гуфтам, мебахшанд. Мо метавонем!

 Шарифҷон Раҳимзода

н. А.Ҷомӣ

тел. 989 78 13 51.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube