Ҷадвали дилетантии эҳсоси 1 шабонарӯз баъди 1/2 аср

Соат хоб рафтааст…

Соли гузашта дар ҳошияи мақолаи  устод СМ «Як шабонарӯз аз 24 соат то 16 соат кам шудааст?» (СССР №16 аз 17.04.2025) хостам фикру  андешаҳоямро нависам, аммо вақти зудгузари асри рақамии 21 танҳо баъди 10 моҳи таваққуф имкон дод, ки ба ин мавзӯъ  рӯ оварам.

Наход 1 шабонарӯз 33%  ё ин ки 8 соат кам шуда бошад? Сирру асрори коинот ва ин дунёро дарку фаҳмидан душвор аст. Замин дар гирди  меҳвари худ давр мезанад.Таълимоти фалсафаи советӣ мегуфт,ки материя танҳо дар ҳудуди макону замон қарор дошта, ҳаракату гардиш карда метавонад. Ҳаёт-ин ҳаракат аст! Ба ин калима, ҷумла ва ибораҳои забони ноби Тоҷикӣ  таваҷҷӯҳ намоед: Тулуъ ва ғуруби Офтоб,Чархи гардун, замони Дақёнус, ҳаракати сайёраҳо, вақт аз рӯи Гринвич, соат бо вақти Москва ,Эҳее, … соати Шумо ақиб мондааст- пеш меравад-хоб рафтааст, …1 соати астрономӣ, Системаи ситораҳо, Вақт рафт- нақд рафт, рақамҳои азим (астрономӣ), Замони ҳозира-гузашта-оянда, суръати рӯшноӣ, Наврӯз –сароғози соли нав ва ғайра.   Хулласи калом, тезгузарии  бошиддати вақту соат ва умуман зиндагиро  камина ҳам дарку ҳис карда, чун ҳар вақта ҷадвали  таҳлилиро тартиб додем (ҷадвал-гипотезаи дилетантии эҳсоси вақт баъди ним аср)

Воҳидҳои вақт Солҳо Эҳсоси вақт баъди ним аср
1976 2026 «кам» Бо «фоиз» %
1 1 дақиқа 60 сония 51 сония 9 сония 15%
2 1 соат 60 дақиқа 51 дақиқа 9 дақиқа 15%
3 1 шабонарӯз 24 соат 20 соату 24 дақ 3с 36 дақ 15%
4 1 моҳи март 31 рӯз 31 рӯз 0%
5 1 сол 365 рӯз 365 рӯз 0%

24 соат х 60 дақиқа = 1440 дақиқа

24 соат х 51 дақиқа= 1224 дақиқа

1440 дақиқа – 1224 дақиқа= 216 дақиқа

216 дақиқа : 60 дақиқа= 3 соату 36 дақиқа

Хонандагони азизи СССР, «коҳиши 15 %» дар ҷадвал овардашуда ин  далели физикӣ набуда, балки парвози хаёл ва  фоизи эҳсосӣ аст.Ба бандҳои  4 ва 5- и ҷадвал нигаред, эҳтимолияти протсенти камшавии онҳо ба 0% баробар аст. Аз ин лиҳоз хотирҷамь бошеду саломат! 

Махсумов Манон

шаҳри  Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube