26-27 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ доштанд. Сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шоми дӯстӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ба назар гирифта шуда буд.
Пешвоз дар фазои идона
Лозим ба таъкид аст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд – Ҳумо меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона гирифта, парчамҳои 2 давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардуми Тоҷикистону Узбекистон овезон буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд.
«Душанбе» – кӯчаи нав дар Тошканди нав
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар толори Қасри Куксарой дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи чанд иншоот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Бо амр ва иҷозати Роҳбарони давлатҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 иншоот дар Тоҷикистон, аз қабили васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед (Shox Med) дар шаҳри Душанбе, таъсиси кластери нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли мебел ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд асос гузошта шуд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти муштарак, аз ҷумла лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, “Душанбе” номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Тошканди нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервашуда дар Ҷумҳурии Узбекистон иҷозат доданд.
Дар маҷмуъ дар маросими маҷозӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки ин лоиҳаҳо ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Нахуст, Роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо гузоштанд.
Ба Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то давраи соли 2030 ва Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов имзо монданд.
Санадҳои зерин ба имзо расиданд:
– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027;
– Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026-2028;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон;
– Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
– Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон;
– Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон” аз 10 июни соли 2021;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешаванд;
– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии е – Пермит (e-Permit);
– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
– Созишнома байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ.
Ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон
26.03.2026. Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дода, баъди кушода шудани бинои нави сафорат Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барпо шудааст.
Эй Бухоро шод бошу дер зӣ!
27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд.
Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ – маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст.
Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.
Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро 4 гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он 4 бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.
Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони ҳукмронии сулолаи Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва камназиртарин ёдгории нодири Осиёи Марказӣ мебошад.
СССР
