Барои навишти ин матлаб маро ҳамин шеъри Хайрандеш таккон дод. Онро бишнавем (хонем) ва сипас сӯҳбатро давом диҳем.
Хайриддин Хайрандеш:
ТОҚИИ КӮЛОБӢ
Эй мардуми Кӯлоб, чи бофазлу баҳисед,
Дар заргарию дар чакану нақш нафисед.
Доред аҷаб тоқии хушранги баҳорӣ,
Дар гирдаву шерозаи тоқӣ нанависед!!!
Ҳарчанд навиштед калимоти муқаддас,
Ҳусне наву қубҳест ба ҳар чашм, дигар бас!
Зинҳор надӯзед саросема, ки зишт аст,
К – ин тоқии мо нусхаҳаки боғи биҳишт аст…
Воқеан ҳам агар аҳамият додаӣ, хонанда, ҳоло дар рӯи тоқии чакан чизе хоҳанд менависанд: Шиор! Шеър!! Маҳалл!!! Ном! Насаб… О, тоқии чаканро сиёсӣ накунед, мардум.
Ҳамин ҳоло латифае ёдам омад, ки рӯи тоқии чакане 2700-СОЛАГИИ КӮЛОБ навишташударо хонда, муллое, дар н. Восеъ, ки дар собиқ ГАИшник будааст, сафро рост карданӣ шуда, бонг мезанад:
-Бисту ҳафту нол нол!!! Сафро рост кунед!
Ҳунари мардумие, ки умри пурбаракоти 6-700 сола дорад, набояд сиёсӣ гардад. Тарсимҳое, ки дар чакани Кӯлоб, чакани Помир, чакани Хуҷанд, чакани Раштонзаминанд худ атиқаанд, антиквариатанд, таъриханд, достони миллати бостонианд.
Роҷеъ ба чакани миллӣ, 20 сол пеш таҳқиқоти журналистӣ гузаронида будам ва то ҳанӯз кайфийяти кашфиёташ маро тарк накардааст. Зеро тавре маълум шуд, дар тарсимҳои чакани миллӣ, намое аз дини Зардуштия, оини Ситорапарстӣ, тасвироте аз Хуршеду Моҳ ва сайёраҳо маҳфуз будаанд.
Устод Зафар Мирзоёни худобиомурз дар ун суҳбат ба ман мегуфт, ки тоқии чакани мардонаро ҳаргиз бояд бонувон бар сар накунанд ва домани чакани пургулро ҳаргиз раққоса-мардон ба бар, ки рамзҳо доштаанд. Аввалӣ ишора бар сарфарозии ҷавонмардисту дуввумӣ бар маънии бокирагиву покдомании бонувон (фарзи мисол фатаро марде мепӯшад? Чакан низ рамзҳо дорад!!!). Ва акнун ба ёд оред, горе-моделерҳои навинро, ки чаканро чигуна масхара мекунанду мо каф куфтаву шодмонӣ месозем…
Фанатизми беақлонаи исломгароӣ бошад, душмани №1 барои чакан шудааст. Ин мардум тӯпичаҳои сафеду сурхаки чиноиро, ки рамзи бутпарастианд, кайҳо бар чакан тарҷеҳ додаанд. Ин камхирадон фикр доранд, ки агар тарсимҳои атиқаи чакан фош шаванд, муртад кофир мегарданд. Эй, мардум! О, чанд бор гӯем, ки маданияти мо, ҷаҳонбинии ҷадди мо, фарҳанги ориёии мо, чандин ҳазор сол пеш аз зуҳури на танҳо Ислом, ки адёни яҳудияву насрония-динҳои Яктопарастӣ пайдо шудааст ва зотану табиатан 1 Тоҷик наметавонист, 7000 сол пеш Қуръон хонаду Инҷилу Тавротро дар чакан дӯзад…зеро онҳо он вақт на-бу-данд!!!
Имрӯз ҳатто дар мутаассибтарин давлати исломӣ-Эрон рӯ ба Зардушту маданияти атиқаашон овардаанд, илло мо, ки думболаи чанд ришдарозаки кӯтаҳақлак ин ҳамаро радду инкор мекунем.
Дар саҳифаи фейсбукии Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), ки 200% мусалмон асту танҳо ба ин хотир, ки ба мо-ноқисулимонони фанатик расониданист, ки Зардушту маданияти Ориёно қадимтар аз фарҳанги худошиносии аъроб аст, чӣ таҳқиру дашному дуоҳое, ки намехонем. Бархе бехирадон ҳатто фикр доранд, ки Абдуқодир оини Маздаясноиро зинда мекунаду кори Ислом хароб мешавад…
Э, мусалмонак! Зардуҳуштия бебозгашт аз мо рафтааст ва он ҳарбу зарбе, ки ту мекунӣ, арабҳо дар даврони зуҳури Ислом зидди Авасто доштанд. Зеро воқеан ҳам он вақт ин дин дунёгир буду бояд ҷояшро ба Ислом медод. Дигар тамом! Капут! Нест Зардуштия! Ва онро, агар тамомии дунё камар низ бубанданд, зиндаву эҳё карда наметавонанд. Вале ту, мӯҳтарам фанат, инро намефаҳмӣ…
Ва ана ҳамин фанатҳои мутаассиб буданд, ки нигораву тарсимҳои чаканро маҳв карданд. Вале агар онҳо танҳо мебуданд, 1 дарди бахайре. Имрӯз, горе-идеологҳои мо, ки ба фикри худашон миллату ватану халқи воҳид сохтаниянд, чаканро шиорбор кардаву аз асолат дур месозанд. Ба пиндори инҳо, агар чакан бе шиор бошад, маҳалчигист, кӯлобипарастист, бадахшону раштонпарастист. Ва бо шиору овезаҳои барғалат моҳияти чаканро ба нестӣ мекашанд. Инҳо коре кардан доранд, ки ҳатто фанатҳои арабу муғулу руспараст дар тули 2000 соли ахир дар ҳаққи чакан кардан натавонистаанд.
Имрӯз бояд шиори даврони советиро ба чакан корбаст намуд:
-Руки проч от чакана!!!
-Ба тоқии чакан, куртаи чакан, шерозаи чакан, камарбанди чакан нарасед. Онро сиёсӣ ва шиорӣ накуне(м)д.
Гап зиёд аст. Вале бо ҳамин иктифо мекунам, ки чакани 7000 солаи мо набояд дастгоҳи дилхушии ину он чиновник бошад:
-Рӯзҳои ҷашнвораҳои миллӣ, бар сар тоқии чакан гузоред, вале бе ишора ба маҳаллеву шиоре… Мо Метавонем!
№4 (593), панҷшанбе,
30 январи соли 2020, СССР
Офарин бар бадахшониҳо!!!
Аз муаллиф: Ин матлаб 6 сол пеш навишта шуда буд. Наврӯзи имсол, ки ба растаи фурӯши чакан, дар бозори марказии Кӯлобшаҳр ворид шудам, дидам, ки мутаассуф вазъ на танҳо тағйир накарда, ки батар шудааст. Ҳамоно тоқиҳои чакан бо шиору овезаҳои Кӯлобу Фархору Помиру Хатлону Душанбеву Тоҷикистон дар фурӯшанд. Сифати кулоҳи чакан бошад, тамоман ба хоки замин баробар шуда, ба масале «ширпотреби Хитой»-ро мемонад. Сатҳу сифат нест. Шерозаҳо аз тарсими ориёӣ пок шудаанд. Имрӯз чаканро на ба хотири иззати маданияти 6000 солаи ориёӣ, ки танҳову танҳо ба хотири пул медӯзанду мефурӯшанд.
Дар ин доду ситад манзарае аз гӯштии Наврӯзи Бадахшон писандам омад, ки ба ҳар ғолиб, дар қатори ҷоизаву туҳфаи паҳлавонӣ, ҳатман ҷӯробу тоқии бадахшӣ тақдим мешуд. Муҳим ин буд, ки дар онҳо Помиру Бадахшону Тоҷикистону Кӯлобу Зарафшон навишта шуда набуд. Зеро дар маданияти таоруфии бадахшиҳо, тӯли 6000 соли мавҷудият, ингуна шиорпартоиҳои маҳаллӣ набуду нест. Акнун пурсида мешавад, ки чаро тоқиҳои чакан бояд ҳатман бо ишорат бар маҳаллу макони зисти ману шумо духта шаванд? Суол риторикист, хонанда. Мо Метавонем.
