Редаксия супориш дод: Корвон рав!

Чанд шумора пеш яке аз хонандагони СССР ба идора занг задаву гуфт, ки пеш аз баргузории ҷашну маросимҳо, аз ҷумла идҳои мусалмонӣ нарху навои маҳсулот, пӯшока дар бозорҳои кишварамон якбора аз замин то бар осмон рафта мерасад.  Номбурда хоҳиш кард, ки барои рӯшанӣ андохтан ба воқеияти ҳол журналисте аз рӯзномаи СССР аз бозори ҶДММ Корвон дидан намояд. Мо ҳам рӯзи якшанбе рост ба бозори ҶДММ Корвон рафтем. Чи гунае, ки пештар дар СССР навишта будем, имрӯз дар кишвар бозори Корвон яке аз бозорҳои калон ба шумор меравад, ки метавонад тамоми муштариёни худро бо лавозимоти лозимаи худ таъмин намояд.

Нархҳо дастрасанд!

Бозори мазкур бо симои муосир, биноҳои хуштарҳи замонавӣ, назорати тартибу интизом ва амсоли он талабот хеле ҷолиб аст. Дар болои ҳар дарвоза бо ҳарфҳои калону хоно рақамҳо навишта шуда, дар ҳар ҳама ҷо камераҳои назоратӣ фаъол мебошанд, ки ин ба харидорон дар масъалаи амниятӣ дилпурию хотирҷамъӣ мебахшад. Дар масъалаи нарху наво ҳам нисбат ба дигар бозорҳои кишвар дида, хеле ин ҷо молу маҳсулот арзонтару босифаттар аст. Ба овозаҳову гуфтаҳои мардум бовар накунед, ҳатман ба Корвон равед, либосҳои арзону босифатро барои худ ва аъзои оилаи худ харидорӣ намоед.

Мутаассифона, дар ҳар ҷомеае ҳастанд унсурҳои манфие, ки кору борашон фақат бадгӯию ба иштибоҳ андохтани одамон мебошад. Барои ин қабил, ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад. Вагарна дар моҳи шарифи Рамазон, ки ҳама кӯшиш мекунад, ақаллан дар он аз кору гуфтори бад даст кашанд, бо чунин корҳои паст мардум ба иштибоҳандозӣ даст намезаданд. Бо 1 ҳарф, Корвон оед ва бо чашми сар бинед, ки нарху наво дастрас ва бе тағйир аст. Мо дидем. Мо Метавонем!

Таксиста бераҳмшшш!

Дар ҳама суҳбату баҳсҳо ҷонибдории худро аз сифати баланди хизматрасонии ронандаҳои таксӣ, эҳтирому хушмуомилагии онҳо нишон медодам. Ҳатто баъзеҳо ба ҳолам механдиданд, ки аз асли масъала бехабар ҳастам ва рӯзе мерасаду ба сари гапи онҳо меоям. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар назди даромадгоҳи №11 – и бозор дигар ҷуръати манъ кардани таксие накардам, чунки ҳар маблағеро, ки ба даҳонашон меомад, мегуфтанд. То истгоҳ, яъне масофаи тамоман наздик, сари ҳар мусофир 40 – сомонигӣ талаб мекарданд.

Сабаби бо таксӣ рафтанам ҳам борҳоям буд, ки бурдани  онҳо тариқи автобус ба дигарон нороҳатӣ пеш меовард. Ноилоҷ монда, автобусро интизор шудам. Вале ҳамаи автобусу мусофирбарҳо – маршруткаҳо пуропури одам буданд. Ба қавле, ҷои сӯзанзанӣ ёфт намешуд. Боз ҳам ноилоҷ монда, таксиҳои Ҷӯраро манъ кардем, ки аз шунидани ҷавобашон ҳуш аз сари кас мепарад. На хоҳиш, на илтимос, на моҳи мубораки Рамазон барояшон таъсире надошт. Гап якто. Аз истгоҳи дарвозаи №11 то истгоҳи дарвозаи 1, яъне саршавии бозор, сари ҳар одам 40 сомонӣ!!! Ҳамчунин таксистҳо мегуфтанд, то бозори “Меҳргон” касе рафтан хоҳад, бо маблағи 350 сомонӣ мебарам. Ба хоҳиши мо, ки ҳисобкунаки мошинро кушода, ронанд ва чанд пуле шуд, медиҳем, беътиноӣ мекарданд.

Мусофирони беҳолу мадори рӯзадори даҳонашон аз ташнагию гушнагӣ хушкшуда, маҷбур бо борҳои худ бо азобе пои пиёда роҳ сӯи дарвозаи №1-и  бозор пеш гирифтем. Чӣ қадар вақтамон зоеъ шуду асабҳоямон хароб, худамон медонему Худо…

Сирк наздик ё Кӯлоб???

Интизорию асабоният  дар назди дарвозаи №1 давом ёфт. Ҳама автобуси хатсайрҳо банд буданду даромадан ба онҳо, хусусан, бо бор имкон надошт. Барои аз вазъият баромадан, чанд нафар  маслиҳат карда, худро аъзои 1 оила гирифтем ва таксие фармоиш дода, бо ивази 40 сомонӣ ҳар кадоме (160 сомонӣ барои ҳама) худро аз ин маҳшар берун кашидем. То куҷо? То Сирк…

Ин дар ҳоле буд, ки ронандагони таксиҳои самти Душанбе-Кӯлоб, ки болотар аз Корвон меистанд,  омода буданд бар ивази 160 сомонӣ, ҳамаи моро, 210 км бурда, то ба Кӯлобу Восеъ, Ҳамадониву Фархор расонанд.

Пурсида мешавад, “Ҷӯра-таксӣ” инсоф-ку надоштааст, аммо ин корхона дару дарвоза дорад? Ва масъулини он таксиҳои худро дар рӯзҳои иду айём назорат мекарда бошанд? Агар дар рӯзҳои час-пик ин ронандагон инсоф накунанд, пас гӯшашонро бояд мақомот тоб диҳад ва мардумро аз ситами Ҷӯраҳои душмантабиат раҳонад, ки гуфтаанд:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!!!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube