Дар асоси моддаи 3-и Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошанд!
Навиштаҷоти ғалату вайрон
Мушкилоти забон 2 ё 3 сола нест, ки баҳсбарангез гашта бошад, балки чандин солҳост, ки дар ин бора менависанду мегӯянд, аз номҳои нодурусту ғайритоҷикиву барғалат интиқод мекунанд. Назари асосии мо бошад, ба номҳои ғалату вайроне нигаронида шудааст, ки ҳамарӯза дар дилхоҳ иншоот ё кӯчаву гузар мехонему мебинем.
Чанде пеш, яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоӣ, журналист Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ акси мағозаеро гузошт, ки номи он тамоман аз доираи одобу қоидаи номгузорӣ берун аст – «Э ма наём’». Дар ҳақиқат номи мағоза чунин аст, ки дар акс мебинед!
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин ранг гирифтани кор изҳори таассуф намуда, аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони назорат ва чораандеширо карданд. Ҳамчунин чуноне аз зершарҳи ин матлаб маълум гардид, дар Россия низ яке аз чунин маконҳо бо номи «Кафеи Э майлӣ?…» мавҷуд будааст, ки корбарон аксашро гузоштаанд.
Аз ин бармеояд, ки бемасъулиятию бегонапарастӣ ахиран ба забони мо зарбаи сахте зада, ин бехирадиро муҳоҷирони кори мо то хориҷаи дуру наздик кашидаанд…
Мушкили имло ё «худам шоҳу таъбам вазир»?
Воқеан ҳам кулли кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пур аз навиштаҷоти хато ва ғайритоҷикӣ аст. Зимнан, мо аз чандин ҷойҳои Душанбе ва ҳамчунин берун аз он низ дидан намудем. Мутаассифона, аксари маконҳои хизматрасонӣ номи хориҷӣ доранд. Бештари онҳо танҳо бо забони англисӣ навишта шудаанд, ки бисёр нафарон маънӣ он сӯ истад, ҳатто дуруст хондааш наметавонанд.
Кумитаи забон ин мушкилотро гоҳ ба сари муассисаҳои рекламавӣ, гоҳ ба сари соҳибкорон задаву гоҳе ба кам будани ҳувияти миллии шаҳрвандон рабт додааст. Тавре раиси Кумитаи мазкур Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, мушкили имло дар корхонаву муассисаҳои кишвар гарчанде роҳи ҳалли худро ёфта бошад, аммо ҳамоно мушкили номгузорӣ ва лавҳаву овезаҳои таблиғотӣ ҳалношуда боқӣ монданд!
Фарзона Мирзоева, сокини пойтахт мегӯяд, ки дар тарафи маҳаллаи 82-юм мағоза ва ошхонае ҳаст, ки номаш «Таги дом» гузошта шудааст.
Вақте дидаву дониста ва ё ҳатто аз камсаводиву хунукназарӣ даст ба чунин корҳо зада мешавад, танҳо ҷои афсӯсу надомат нест. Акнун бояд амал кард ва аз ин бебандуборӣ бояд садд гузошт!
Пулиси забон: бошад ё набошад?
Ба андешаи Р.Зулфониён, корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин самт «Пулиси забон» ташкил карда шавад. Зеро танҳо дар ин сурат, мушкили мазкур бевосита аз ҷониби онҳо наззорат карда шудаву дар сурати истифодаи навиштаҷоти ғалату корбасти вожаи забонҳои ғайр онҳо ҷаримаву корбарӣ карда мешаванд. Дар шароити имрӯз, ба ҷуз ташкили пулис ва сахтгирии сармоядрони ҳувиятгумкарда, забони тоҷикӣ дигар ягон роҳи ҳалли ин мушкилро намдорад! Бинед, вақте пулиси андозу пулиси сайёҳӣ ва пулиси роҳ аст, пас чаро Пулиси Забон набошад?
Қайлаи мурғ, мантуи гов…
Шаҳрванд Г.Ёрова қайд менамояд, ки дар бисёр ҳолат роҳбарон лаҳҷавӣ баромад мекунанд, филмҳо аксараш лаҳҷавианд, ки ин албатта ба забони давлатӣ бе таъсир намемонад. Сарвари коргоҳ ва ё раисеву саисе метавонад дар хонааш ва ё ҳини танаффус лаҳҷавӣ суҳбат кунад. Вале ҳама масъулин БОЯД дар вақти кор, ба вежа маҷлисҳои расмӣ, танҳову танҳо бо забони ноби адабии гуфтугуӣ сухан кунанд!
Номгузории бархе ошхонаву тарабхонаҳо ба вежа гӯшхарошанд. Амсоли «қайлаи мурғ», қайлаи гов… Чӣ магар қайла вожаи тоҷикӣ аст? «Мурғи бирён» гӯштбирён оё гӯшнавозу тоҷикитар нест?
Ё ин ки мантуи гов, мантуи гӯсфандӣ. Бояд манту аз гӯшти гов, манту аз гушти гӯсфанд навишта шуда бошад ва ҳоказо.
Усулан дар ягон тарабу ошхона Феҳристи Таом, ҳамоно менюи хориҷӣ ба забони давлатӣ нест! Чӣ расад ба номгӯи таъомҳо…
78 парванда – нақзи қонун коҳиш меёбад?
Чуноне ба мо маълум гашт, соли гузашта даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани Қонун дар бораи забони давлатӣ то 1360 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Тавре Кумитаи забон хабар медиҳад, аз ҳисоби 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунандагон 62.254 сомонӣ ба буҷаи давлат рӯёнида шудааст.
О.Муҳаммадҷонзода қайд менамояд, ки нахуст барои ислоҳ то 1 моҳ муҳлат дода мешавад. Дар сурати ислоҳ нашудан парванда тартиб дода шуда, ба мақомоти қудратӣ, махсусан додситонӣ пешниҳод мекунем. Мақомоти додгоҳӣ ҷарима мебандад.
Раиси Кумитаи забон иброз медорад, ки дар мамлакат ҳолатҳои зиёди нақзи Қонуни забон ҷой дорад, ҳарчанд нисбат ба солҳои пеш камтар шудааст.
Дар ҳар сурат, вақте номҳои хориҷӣ ва лаҳҷавии кӯчагиро дар рӯи тоблуи тарабхонаву доруву ошхонаҳо, ба вежа дуконҳои оришӣ мебинӣ, бе гумон бовар мекунӣ, ки ҳанӯз ҳам «штраф», яъне ҷарима кам аст ва бояд аз ҳолати бештар таъсиргузор кор гирифт.
Мавзуъро пайгр мемонем. Мо Метавонем!
Беҳрӯзи Сайфулло,
коромӯзи СССР
