Шуруъ аз санаи 1-уми июл то 3-юми сентябри соли ҷорӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Яъне, шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо навбат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат меҳмони пойтахт мегарданд. Тибқи нақша аз соати 8 то 11 намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзиву таомҳои миллӣ ва аз соати 17 то 20 намоиши ҳунарҳои милливу барномаҳои фарҳангӣ – адабӣ муқаррар гардидааст.
Даромад ройгон нест!
22.07.2023. Соат бо вақти Душанбе 08:10 дақиқа. Ин рӯз дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ш.Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Кушониён баргузор гардид. Дар рӯзи баргузории ярмаркаву намоишҳо ва инчунин чорабиниҳо масъулони боғ даромади хело хубе ба даст меоранд. Зеро даромад пулакист!!! Аҷиб аст, ки аз навоҳӣ моли арзон меоранду дар Душанбе аз мизоҷон бе шакку тардид пул меситонанд. Ҳатто даромад аз дарвозаи поёнӣ ҳам ройгон набуд. Аққалан дар рӯзи баргузории ярмарка даромад бояд ройгон шавад.
Ярмаркаи деҳқон ё бозор?
Ярмаркаи омоданамудаи н.Кушониён ҳам мисли дигар ҷойҳо, ба қавле муқаррарӣ буд, ягон навгоние надидем. Баъд аз оне, ки меҳмонон омаданду аз он дидан намуданд, дар сурате, ки ҳанӯз норафтаву аз дигар ҷой дидан мекарданд, масъулони н.Кушониён дар тараддуди ҷамъоварии мизу курсӣ уфтоданд. Онҳо дарҳол маҳсулоташонро ҷамъ кардаву фармуданд, ки боқимондаашонро ба худиҳояшон тақсим кунанд, то мабодо касе нагирад!
Мо хостем аз анвои рӯйи миз гузошташуда чизе харидорӣ намоем, аммо намояндагони н.Кушониён иброз доштанд, ки маҳсулоташон фурӯшӣ нест! Яке аз онҳо ба мо гуфт, ки ҳоло соати 15 боз меҳмонон аз ин маҳсулоташон дидан мекунанд, аз ин рӯ фурӯхта намешавад. Албатта, ин фиреби маҳзе буд, дар сурате, ки ярмарка анҷом ёфтаву ба қавле “харашон аз об гузашт!”.
Маҳсулоти бесифат
Ҳолати дигари тааҷҷубовар он буд, ки ҳамоно пас аз дидан намудани меҳмонон бетартибӣ рӯй дод. Инҳо ба ҷамъоварии маҳсулоти худ пардохтанд, сокинони пойтахт бошанд, сӯйи мошинҳои маҳсулотдошта шитобиданд, то аз он харидорӣ будӣ. Ҳарчанд нархҳо баланд набуд, вале дақиқан, сифати маҳсулот хеле паст буда, бар замми ин яклухт фурӯхта мешуд, ки на ҳама онро харидорӣ карда метавонист.
Дарвоқеъ, дар ярмарка аксари маҳсулотро халта – халта мефурӯхтанд ва албатта яқин, ки на ҳар кас онро харида метавонист. Бояд дар алоҳидагӣ ва бо нархи арзон фурухта мешуд, то мардум бо нархи арзон аз ин гуна ярмаркаҳо маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ бинмоянд.
Хуллас, ҳамин гуна ярмаркае буд, ки мо аз он ба қавле баҳрае набардоштаву бо дасти холӣ хона омадем. Агар рафти тамоми ярмаркаҳо чунин бошад, пас аз он мардум чӣ баҳрае мегиранд?!
С.Беҳрӯз,
ш.Душанбе
