ЭШОНПАРАСТОН…

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз эмони ман эмон набувад!!!

(Давомаш дар охири матлаб…)

Манро бархе неомусалмонон, гӯиё барои «арабситезиям», ба Абдуқодир Талбаков-Ориёмеҳри Зардушт, қиёс мекунанд. Не, бародарон. Ман зардуштӣ нестам, набудам ва нахоҳам шуд. Ман мусалмони комилам. Ҳатто сан, чин, унвон дорам. Эшон!!!

Ва ин унвони хонаводагии ман аст. Маро метавонед парронед, дарронед, кушед, вале ман Эшон будам, ҳастам ва Эшон мемонам. Зеро эшонзодаам охир! Вале мулло – эшонҳои самозванетс, чун эшони Нуриддинҷон, эшонзода нестанд! Ва инро худашон нек медонанд!!!

Эшон кист? Раҳматии … фалонӣ, 1 профессори данғарагӣ, ки ба тозагӣ бандагиро хатм карду ҳатман озими ҷаннат шудааст, сахт миллатгаройи фашистмаоб буд ва боре ҳини суҳбат бо ману Шарифи Мисайзод, чун ахирӣ маро «Бобои Эшон» хонд, гуфта буд:

– Ана бо 1 араби дигар!!!

Дӯстам Абдулқодири Раҳим, журналисти тавоно, шоири шаҳир ва донандаи хуби тафсиру Қуръон низ ба тозагӣ аз ман суол кард, (Воқеан ҳам маҳз ба Абдулқодири Бузург гуфта будам, ки бар суолат дар саҳифаи рӯзнома посух мегӯям, то ин баҳсро дигарон низ шоҳид гарданд. Зеро ана ҳамин иддао то долонҳои баландтарини Ҳукумат низ рафтааст ва он ҷо низ фикр доранд, «Эшонҳо арабҳоянд, на тоҷикони асил»), ки:

– Магар эшон араб нест?

Нест!!! Зеро дар кӯҳистони Балҷувону Ховалингу Данғараву Кангурт авлоди пайғамбари ислом (с.)-ро Эшон мегӯянд. Ман ифтихор дорам, ки аз авлоди пайғамбари исломам. Вале куҷо дидаву шунавидаед, ки пайғамбари мо араб буд? Ё куҷо дидаву шунидаед (дар кутуб), ки ишорат рафта бошад, ки фалону бисмадон пайғамбар аз фалон миллат асту дигарон 2-3 дараҷаанд?

Ин мо – исаву мусавӣ ва мусалмонон пайғамбарҳоямонро бо китобҳоямон ҷудо кардем. Фитнаро муллову раввину попҳо афгандаанд, ки ба ягон дину диёнат ва мазҳабу кеш бастагие надорад. Воқеан ҳам вақте дуо мекунем, ки «ба ҳаққи 124000 пайғамбари Худо…», оё боре фикр намекуне(м)д, ки дар ин миён Зардушт ҳам будагист? Ин суол риторикист. Бар фанатҳои динзадаи арабшуда. Зеро бидуни аъроб ва он ҳам дар саргаҳи ҳарби идеологӣ бо Авасто, ягон қавму қабоил ва соҳибхираде сари будан ё набудани Зардушти пайғамбар баҳс намекунад. Мисле, ки сари Буддо. Вагарна Толибони сахт мутаассиб ва Эрони охундолуда ҳаргиз бо Хитой ва Ҳиндустон ҳамкорӣ намекарданд. Зимнан дар ин моварои 9-ум проблемавиям, ман гуфтаниям, ки ҳаргиз пайгири оини Зардушт набошед, вале кеши 6000 солаи ҷадди худ, маданияти бобоӣ ва фарҳанги аждодатонро арҷ гузоред ва комилан инкор накунед!

Маро ҳамин Абдуқодир Талбаков, ки шумо фанатҳо бадаш мебинеду ман Тоҷики комилаш мехонам, «мусалмони ориёӣ» мехонад. Ман бо ӯ розӣ нестам. Зеро ман Ориёии мусалмонам! Тоҷики мусалмонам!!! Ва аммо ин баҳси дигар аст.

«Эшон» дар тамомии фарҳанги луғот ба маънии шахси саввуми ҷамъ (онҳо) омадааст ва дар луғоти тафсирӣ ба маънии иззату эҳтиром. Аз русӣ меорам, зеро усулан мо дигар забонеро намедонем (тем более арабиро!):

– Они не хочут!!!

Славянии қадима, ба маънии «Онҳо намехоҳанд», вале барои 1 кас корбаст мегардид. Ва бештар дар баробари графу дворянҳо. Эшон, шакли ҷамъи саввуми онҳои танҳост. Яъне соҳибиззат.

Хеле фаҳмотар гӯям агар, Эшон титул аст, унвон аст. Зеро миллате, ки даъвии 6000 сола фарҳанги тамаддун дорад, имкон нест, ки графу дворяну лорду пэр надошта бошад!

Ин русҳо буданд, ки тули 70-соли ҳукмронияшон моро гӯл заданд, ки дар миллати мо ҳамагӣ халқия (на халқ), яъне простолюдин вуҷуд дораду бас. Воқеан ҳам он даврон болшевикон худ низ аз титул, унвон, сан ва чин даст шуста буданд, чун ин ҳамаро нишони буржуазия мепиндоштанд. Вале баъдан боз ба он рӯ оварданд. Илло мо, ки Эшон, Хоҷа, Тӯра…ҳоро бо 1 ҷорӯб руфта партофтем:

Эшон-араб, Хоҷа-араб, Тӯра-турк…

Пас мо дар 6000 сол, 60 аср, элита надоштем? Суолест, ки посухи фаврӣ мехоҳад. Зеро миллате, ки элита, графу дворян, шоҳзодаву лорд, яъне Хоҷаву Тӯраву Эшон надошт, наметавонад фарҳангу тамаддунофар бошад. Ё нотуғрӣ мӣ, муҳтарам горе-идеологҳои муосир???

Дар ин маврид 1 нуктаро ҳатман бояд зикр кард, ки вожаи Эшон сирф Тоҷикист ва дар ягон луғоти арабӣ дучор намеояд. Зимнан мешавад, нафареро, ки бо вожаи сирфану мантиқан ориёӣ-тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ унвонаш муаррифӣ мешавад, араб хонд?

Аз сӯи дигар шумо 1 Эшонро дидаед, ки арабӣ гап занад, арабпараст бошаду арабзада ва ё худро араб гирад? Фарзи мисол, арабҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар 1400 соли ахир ҳеҷ гоҳ худро тоҷик нагуфтаанд. Онҳо худро АРАБ мегӯянд ва хуб ҳам мекунанд, зеро арабанд охир!

Дар маркази Балҷувони Тоҷикон мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробии Марди Валии Ҳомонии Кирмонии Балҷувонӣ ҳаст (ман аз табори ҳамин нафарам!). Вале ҷое дидаву хондаед, ки ӯ худро араб гӯяд? Ҳарчанд сареҳатан менависад:

19-ум ҷадди ман Расули Худост,

Ошкор аст, нест пинҳонӣ…

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ Эшон аст. Вале нафаре, ки 500 миллион аҳолии Кашмири Ҳиндро мусалмон кардааст (аҳли суннат ва ҷамоат, ки воқеан ҳам ин далел ҳама сафсатаву газзофро атрофии шиъа будани Ҳазрат рад мекунад!), магар ҷое гуфтааст, ман арабам? Агар худро араб мегуфт, пас ним миллиард аҳолии Кашмиру Покистонро араб мекард!!!

Сайидои Насафӣ низ Эшон асту Шоҳини Кӯлобӣ ҳам. Вале ҷое шунидаву хондаед, ки онҳо худро араб гуфта бошанд? Ва умуман кадом Тоҷик чун ин 2 эшонзода порсии тоҷикиро то ин ҳадд вусъат додаанд? Масалан, Шоҳин гуфта. Байт:

Ҳинду ба лаби чашмаи Кавсар набарад роҳ,
Эй хол! Ту бар кунҷи лаби ёр чӣ сонӣ???

Садри Зиё дар тазкираи хеш-«Тазкори ашъор» Шоҳинро, ки мутаассуф то ҳол мо шинохтан намехоҳем, баъди Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ…пайғамбари №4 дар шеъри порсӣ мехонад. Абёт:

Назираш набошад ба рӯйи Замин,

Зи пайғамбари шоирон чорумин!!!

Зи ашъори ӯ нагзарӣ сарсарӣ,

Ки дар шеър бартар бувад з-Анварӣ.

Чи Шоҳини табъаш маъонишикор,

Мазомини назмаш лаъолинисор.

Хаёли баландаш бувад бехилоф,

Ба кашфи ҳақоиқ басе мӯшикоф.

Бар муаррифии Эшони Сайидо шарҳу тафсир ҷуз ин 1 ғазали нобаш зиёдатист:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Те
ғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хӯрад.
Аз
ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
Варна Рустам ба ч
ӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?
Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,
Войи он кас, ки
ҳама умр майи ноб хӯрад.
Ҳар ки бо душмании хал
қ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб х
ӯрад.
Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи ч
ӣ рӯст?
М
ӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад!!!

Бо овардани ҳамин чанд намуна, чу муште аз хирвор, аз эшонзодаҳое, ки шарафмандам, ки аз табори онҳостам, аз муддаиён мепурсам, ки «ин эшонҳо Тоҷиктаранд ва ё шумо-скинхедҳои миллӣ???». То-та! – гуфти Бобои Ғулом.

Ба ин миллат бояд элитаашро баргардонид. 32 сол шуд Истиқлоли комили давлатӣ дорем, вале озодии фикриву андешавӣ на, то дарк кунем, Тоҷик элита, граф, дворян ҳам дошт ва мо саросар дар тӯли 1000 соли ахир, баъди заволи давлати Сомониён, танҳо ғулом, абд, барда ва калтакдори сурх набудаем…

Ва ана акнун дарк кардӣ хонанда, ки ман ориёии мусалмон, Тоҷики мусалмонам, на мусалмони ориёӣ ва ё мусалмони Тоҷик?

Дар охир идомаи шеъри болоии бобои Эшони Ҳусейнро меорам ва ҳама нуқтаҳоро сари ин баҳс, умедворам, ки гузошта бошем:

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир?

Пас дар ҳама даҳр 1 мусалмон набувад!

Ин аллакай Синост. Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино. Ин аллакай классика аст, хонанда, классика…

PS: Ҳар вақте модари ман, зодаи кӯҳистони Виёни Балҷувони Сари Хосор бо падари бузургворам ранҷише мекард, ҷои узр мегуфт:

– Хайр, бобои Эшон, ман халқиям, тоҷики одӣ…

Мантиқан, пас, «Эшон» Тоҷики соҳибиззат ва элитарӣ буд. Вале на араб!!!

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube