ЕВГЕНИЙ ПРИГОЖИН-САНГАК САФАРОВИ РУСӢ?…

23.08.2023. Соат ба вақти Маскав 18:20 дақиқа. Деҳаи Куженкино, вилояти Твер, байни Маскаву Санкт-Петербург. Сардори ЧВК Вагнер, Евгений Пригожин, ҷангҷӯи русии «сорвиголова», ки дар Африқову қораи Араб ҷангида, дар Сурия қаҳрамонӣ намуда, ба Украина омада, сипас зидди Кремлин шӯрид, дар 1 садамаи ҳавопаймоӣ кушта шуд.

Хабаргузории Reuters бо такя бар манобеи Амрикоӣ навишт, ҳавопаймои “Embraer-600″-и истеҳсоли Бразилия, ки ҳомили саркардагони Вагнер буд, бо партоби 1 мушак аз ҷониби Россия маҳв шуд Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сару садоҳо дар бораи даст доштани Кремл дар суқути ҳавопаймо ва марги Евгений Пригожинро “як дурӯғи комил” номид.Ҳамаи 7 мусофир ва 3 сарнишин, фавтиданд. Расонаҳои русӣ, ҳатто ташхиси ДНК-ро интизор нашуда, навиштанд, ки дар ин садама Евгений Пригожин ва муовинаш Дмитрий Уткин кушта шудаанд.

Дар бораи Пригожин расонаҳои давлатҳои гуногун навиштанд ва шахсияташро фош карданд. СССР бар назар аст, ки Пригожин ба нисбат Сангак Сафаров, қумандони афсонавии Фроонти Халқӣ буд, ки «миссияаш поин омад ва ӯро аз байн бардоштанд». Генерал Кравчук-низомии рус дар 1 суханронияш ҳамингуна версияи кушташавии Сангку Файзаиро матраҳ карда буд.  Воқеан ҳам дар таърихи башарият сар аз шӯриши Спартак, то Гарибалди, Сарбадорону Пугачёву Восеъ ва Эшон-Балаву Сангаку Файзалӣ ва ҳамакнун Пригожин буданд афроде, ки бо дасти дигарон таърих навиштанд, то соати муайян вуҷуд доштанд ва чун вақташон сар омад, аз байн бардошта шуданд. Ва аммо ин бор дар бораи Женя Пригожин…суҳбат мекунем. Мо метавонем!

 

Таърихчаи аз Женя ба Евгений табдилёбӣ…

Женя Пригожин 01.06.1961 дар ш. Ленинград, дар «Бандитский Петербург» таваллуд шуда, дар соли 1979,18 солагӣ якумин «срок»-и худро гирифт: 2-соли шартӣ, бо иттиҳоми дуздӣ. Дар соли 1981, дар синни 20 солагӣ бошад, «мардаквор шишт»-13 сол, барои; дуздӣ, роҳзанӣ, авомфиребӣ… Соли 1988 ба Амнистия афтода, соли 1990 ба озодӣ баромад.

«Турма» дар зиндагонияш нақши бориз гузошт. Рафтор, гуфтор, кирдораш ҳамеша «по понятиям» буд. Бо зиндониҳо тавре суҳбат мекард, ки «Пахан Зоны» мекунад ва ин аст, ки аксарияти кулли зиндониён ихтиёран ба ЧВК Вагнер пайваста ба ҷангҳои шадиди хунин мерафтанд ва барои «Шеф» ҷон медоданд. Ӯ муҳибби ҷанговаронаш буд ва низ барои онҳо аз ҳама чиз даст кашида, зидди Кремл ва Путин бархест…

 

Аз фурӯши Хот-Дог то миллиарди аввал

Соли 1990 ӯ дар Лениград нахустин дӯкон-палаткаи фурӯши Хот-Догро роҳандозӣ намуд. Баъдан навишт, ки «Очаам фурсати шумурдани пул намеёфт! Рӯзе то 1000 доллари армикоӣ кор мекардам». Соли 1993 хаймаҳои хот-догро то 10 адад афзуда, онҳоро ба маҷмааи супермаркетҳои «Контраст» табдил дод.  Соли 1995 мағозаи «Винный клуб»-ро дар Василевский Остров кушод. Соли 1996 нахустин ресторани элтиаи Питерро бо номи «Старая таможня» кушода, 5 моҳ ба баъд нахустин миллион долларашро ба даст овард.

Тавре Ҷорҷ Сорос-милилардери яҳудитабори венгерасли амрикоӣ мегӯяд, «миллиони нахустин мушкил аст, миллиардҳо дигар осон ба каф меоянд!». Женяи мо низ дигар аз сараш пул мерехт. Ва ин дар ҳолест, ки «рекэту бандитҳои Питер» ба ӯ чаққа намешуданд-одами худӣ!!!

Соли 1998 Евгений ресторани «New Island», тарабхона-киштиро сохт. Ин ресторан то ҳамин рӯзе, ки гузориш омода мешавад, пуробрӯтарин тарабхонаи шиновар буда, элитаи рус-новые русские дар он шом мехӯранд! Гуфтан кофист, ки соли 1999 Сергей Степашин бо Мишел Камдессю (директори Бонки ҷаҳонӣ), ва соли 2001 ВВП бо Жак Ширак-президенти Фаронса ва соли 2002 Путин бо Ҷорҷ Буш-президенти Амрико дар ҳамин тарабхона дидор карданд. 07.10. 2003 бошад, ВВП дар ҳамин киштии паррон зодрӯзашро қайд кард (ниг. ба акс). Соли 2003 бо ҳузури президенти Чили-Рикардо Лагос ӯ маҷмуи хурокҳои тезтайёри «Блин! Доналтс»-ро кушод.

 

Сотхмончӣ

Чун ҳама бизнесменҳои навбаромад, Пригожин тақрибан ба ҳама кор даст мезад. Минҷумла дар соли 2010 Торговый Дом «Братья Елисеев»-ҳоро харида, бозсохт намуд ва ба сохтмон майл кард. Соли 2016 Пригожин бинои 45-ошёнаи «Северный Версаль»-ро бо усули даврони Петри Кабир сохт. Табиист, ки ин тарҳ миллиардҳо рубл ба ӯ фоида овард.

«Дальше-больше». Евгений 6 баландошёна дар ҳаҷми 49,1 ҳазор метри мукааб сохта, 18 сеошёнаи элитӣ бо 490 апартамент ва 60 бинои сеошёнаи муосир бунёд намуд. Қимати метри мукааби ин манзилҳо аз марзи ҳазорон доллар фарохтар мекашид! Худ ҳисоб кун, хонанда, ки ӯ чӣ қадар фоида рӯёнид (ҳарчанд пули дигаронро шумурдан кори мардон нест!). Ошаш шавад! Мардак тавонист!

 

Наздиктар ба Артиш

Соли 2015 ширкати «Конкард»-моликаш Евгений Викторович Пригожин ба Вазорати мудофиа дахл намуда, тендери 10,3 миллиардаро барои «уборкаи казармаҳои Армия» бурид. Пригожин тендери 3,3 млрд рубларо гирифта, «Базаи ҳарбӣ» дар вилояти Белгород-шафати Украина сохт. Тендери «МинОборонаи Россия»-ро бо ҳаҷми 26 млрд рубл низ ширкатҳои вассали Пригожин гирифтанд. Дар ҷамъ, ширкатҳои Пригожин танҳо дар соли 2015 беш аз 68,6 млрд рубл кор карданд!!!

 

Ҷорҷ Сороси урус

Соли 2018 президенти ФР, ҷаноби ВВП дар суҳбат бо Мегин Келли аз NBC ва Армин Волф аз ORF гуфт, «шахсан бо Пригожин шиносам» ва ӯро бо Ҷорҷ Сорос шабоҳат дод! 30.10.2019 ширкати «Конкорд»-моли Пригожин тағйири ном карда, дар деҳаи Цели н. Осиповичи вилояти Могилёвск номнавис шуд. Маҳз дар ҳамин деҳа ЧВК Вагнер бунёд ёфта, нахустин зархаридонаш ба ҳамин ҷо омаданд. Сороси амрикоӣ инқилоб месозад, Сороси русӣ бошад худаш ба ҷангу инқилобҳо рафт…

 

ЧВК Вагнер

Частная Военная Компания-ЧВК ин фаҳмост. Вале чаро «Вагнер»? Вақте ба ӯ ин суолро доданд, гуфта буд:

-Из-за названия, известного немецкого композитора Рихарда Вагнера, членов российской ЧВК часто называют себя «музыкантами»…

Воқеан ҳам Вагнерчиҳо хеле музик навохтаанд, вале на бо скрипкаву пианино, ки бо ракету мушаку автомату тонку туп. Сароғоз Пригожин алоқаи худро бо Вагнер рад карда, онро моли Уткин мехонд (ҳамон муовинаш, ки бо ӯ кушта шуд!). Вале баъди солҳо гуфт, ин моли худаш аст ва худаш ҳам ба ҷанг рафт. Ҳадафи асливу усулии ЧВК Вагнер «кӯмак ба русҳои ЛНР ва ДНР» ва «за спасение русского мира» буд, ки сар аз соли 2014 бо Киев меҷангиданд. Сипас ин ниҳод ба қудрати бузурге табдил ёфта, дар қораи Африқо ва Арабистон-Сурияву Либияву Ироқ бар зидди зархаридони НАТО-ҳамоно Давлати исломӣ ҷангид. Ва хеле муваффақ ҳам буд! Зеро аксарияти кулли ҷангиёнаш зархарид буданд. Бо пули бузург меҷангиданд, аз марг наметарсиданд. Шиорашон ин буд:

-Кровь, Честь, Родина Отвага:

-Лучшая работа в мире;

-Страха нет!!!

 

Ошӯб зидди Кремл

Ҳамонгуна, ки ҳазор доллари аввал сабаби иштиҳои бузурги Пригожин барои миллион ва сипас милилардҳо гардид, иштиҳои давлатияш низ кушода шуд. Чун дид, ки ҳабиби халқ мегардад (зинда бод журналистони зархариде, ки атрофи бархестаҳои замонавӣ ҷамъ шудаву сарашонро мехӯранд: коре, ки бо М. Искандаров, Ё. Салимов, Зайд Саидов ва ахиран Абдухалил Холиқзода карданд…), ҳайборакаллоҳи Пригожин низ бар авҷи воло расид. Бобои Ғулом мегуфт, «тентакро ҳай бале куштаст!». Пригожин низ зидди Вазорати мудофиа шӯрида, армияи 25 ҳазорнафараи ҷангозмудаашро барои «ҷазои Сергей Шойгу», чун дар даврони «Бандитский Петербург» равона кард.

23.06.2023. Дар рӯзи қатли Шуҳрат Исматуллоев, ЧВК Вагнер Бахмутро партофта, сӯи Ростов рафт. 24.06.2023. Вагнер Ростов ва штаби Армияро гирифта, дар 200 километрии Маскав қарор гирифт. 24.06.2023. Путин ошӯбгаронро хиёнаткор хонда, ФСБ бо моддаи 279 бар зидди ЧВК Вагнер парвандаи ҷиноятӣ кушод. Шаби 24.06.2023. Бо миёнчигарии Александр Лукашенко-президенти Белорус, Евгений Пригожин сӯи Маскав нарафта, артишашро ба қаламрави Минск кашид.

 

Аз афв то марг

25.06.2023. Путин ЧВК Вагнерро авфи лафзонӣ кард! 29.06.2023. Кирил Буданов-сарҷосуси Украина гуфт, ФСБ амри қатли Пригожинро, аз ВВП  гирифтааст. Лукашенко дафъатан ин иддаоро дурӯғи маҳз хонд. 24.08.2023. Пригожин ба олами арвоҳ пайваст ва тавре худаш ба ҷангиёнаш мегуфт, ба дӯзах рафт:

«Мо ҳатман мемирем ва мо ҳатман ба дӯзах меравем. Вале дар дӯзах мо дӯзахии оддӣ намешавем: мо ҳатман дӯзахиёни №1 мегардем»…

Худо ҳама мардумони мардашро раҳмат кунад…

М. Мубориз

Махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube