СЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: 17 КУШТА, ДАҲҲО ЗАХМӢ, САДҲО ЗИЁН…

27.08.2023 бар асари боришоти зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 17 нафар, аз ҷумла 11 кас дар шаҳри Ваҳдат ва 2 тан дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ҳалокшуда кумак расонида, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар боиси омадани селҳо, сангрезиш ва ярч дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод шуданд. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ доштанд…

 

Талафоти ҷонӣ

27.08.2023, соати 21:15 дақиқа дар ҳудуди ш. Ваҳдат бар асари ин офати табиӣ 11 нафар (3 нафар зан ва 8 мард) ҷони худро аз даст доданд. Ба 2 нафар имкон даст дод, ки худро аз мошини ғарқшуда наҷот диҳанд.

Ҳамзамон, дар ҳудуди деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ тахминан соати 22:00 сел сабаби зери об мондани қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон шуд. Дар деҳаҳои Маърифат, Шайнак ҷамоати деҳоти Чортеппа селҳо ба таҳхонаҳои сокинон ворид шуданд. Дар дараи ҷамоати Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонда, мутаассифона 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Душанбе зери об ва бе об монд

Боронҳои пуршиддат сабаби хароб шудани селпартои Шураксой дар қаламрави деҳаи Хуҷамбиёи поёни ш.Душанбе шуд. Дар натиҷа об вориди қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон гашта, роҳро ба самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бозори Кушониён мегузарад, баст. Наздик ба 35 метр девори селпарто хароб шудааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар натиҷаи боронҳои пуршиддат, роҳи мошингарди миёни Лучоби боло ва н.Варзоб баста шуд. Бо ёрии техникаи муҳандисии ҷудошуда ин мушкил сари вақт бартараф гардид. Ҳамин гуна ҳолат дар ҳудуди н.Шоҳмансури пойтахти кишвар ҳам ба қайд гирифта шуд. Дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ва Аҳмади Дониш дар натиҷаи боронҳои пуршиддат об ба шоҳроҳ баромад ва ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ сохт. Дар шаҳри Душанбе бар асари офатҳои ахир талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст. Ҳарчанд соати борон ва рӯзи баъди он баъзе маҳаллаҳо бе оби ошомиданӣ монданд. Хадамоти вежа, ҳама инро зуд бартараф ва мардумро бо об таъмин кард, ки офаринашон бод!

 

Тоҷикобод: сел роҳи мошингардро хароб кард

Дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 27.08.2023, тахминан соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боронҳои зиёд сел дар километри 194 роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритошро, ки аз қаламрави деҳаи Ғуломони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ мегузарад, пахш кард. Дар натиҷа 1 пули байни дараҳо ҳолати садамавӣ гирифт.

 

Сангвор: марказ зери об монд!

Инчунин, тахминан соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боронҳои пайдарпай километрҳои 2, 3, 4 ва 18 роҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор зери об монд. Бо кумаки техникаи муҳандисӣ роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо таъмин гардид.

 

Роҳи Душанбе – Хуҷанд: 15 мошин зарар дид

27 августи соли равон тахминан соати 14:40 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб шуданд. Бо ёрии техникаи муҳандисии ширкати роҳи «IRS» паёмадҳо бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.

Вале соати 16:30 дақиқа дар натиҷаи боронҳои идомадор дар километри 21-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд омадани сел ва ярч ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 мошин зери лойу об монданд.

Ҳамчунин дар ноҳияҳои Рашт, Деваштич низ омадани селҳо ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои зарардида Комиссияиҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.

 

Вазъ зери назорати Президент аст!

Бояд гуфт, ки бо дастури Сарвари давлат аз макони зарардидаи Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон, Раиси КҲФ ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо сокинон ҳамсуҳбат шуданд.

Вазъ зери назорати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва супориш дода шудааст, ки ба ҳамаи оилаҳои зарардида кумаки лозимӣ расонда шавад.

 

СССР

 

ФАРЁДИ ВАҲДАТ

Динашаб дар шаҳри Ваҳдат,

Хона мешустанд мардум.

Қад-қади дарёи Ромит,

Мурда меҷустанд мардум.

Қад-қади дарёи Ромит,

Халқ бедор аст имшаб.

Ё кафанпӯш аст имшаб,

Ё азодор аст имшаб.

Моҳибирёнҳои Ромит,

Синабирён, синабирён.

Бӯстонҳои базебаш,

Бесаробон, бесаробон…

Баски хурдам дар ҷавонӣ,

Ширбиринҷу нони Ваҳдат.

Решаву пайванд дорад,

Ҷони ман бо ҷони Ваҳдат.

Динашаб дар шаҳри Ваҳдат,

“Об дар дарё нағунҷид.”*

Динашаб фарёди Ваҳдат,

Дар ҳама дунё нағунҷид…

 

Абдуллоҳи Раҳнамо,

адиб ва муҳаққиқ

 

 Тасаллият

Аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР аз пайомадҳои нохуши офати табиие, ки дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ омад ва дар натиҷаи он 13 нафар ба ҳалокат расид, сахт андуҳгин буда, ба пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонанд.

Ҷои рафтагон биҳишт бод!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube