Сайҳомиддин Назруллоев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Бонги най“дар вилояти Хатлон ва яке аз Мавлавишиносони номвари Хатлонӣ чунин андеша дорад, ки он ҳайкалҳои зебое, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят қомат рост кардаанд, аксарашон сурати асл нестанд.
Ӯ тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР иброз дошт, мисоли оддии ин масъалаи дар асл ҷиддӣ, аммо ба назар нонамоён, ҳайкали Мавлонои бузург аст, ки мо тоҷикон ӯро фарзанди Вахшонзамин меномему бо осори гаронмояаш ифтихор дорем. Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияеро бо номи ин шахсияти барӯманди миллат таъсис дода, номи пешинаи ноҳия, ки Колхозобод буд, 1 сӯ гузоштем. Аммо ҳайкали ӯро дар маркази ноҳия ва ҳар ҷое, ки бунёд кардем, сураташ дигар аст! Пас кадомин ҳайкал ба сурати асл шабоҳат дошта бошад? Саволи риторикист!
Дар идомаи гуфтаҳояш С. Назруллоев иброз дошт, ки аз сабаби оне, ки Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар Туркия реҳлат намудааст, рассомону ҳайкатарошони турк симояшро туркона ба тасвир кашидаанд. Назруллоев бар бовар аст, ки дар саҳифаҳои адабиёт ҳам ҳамон шакли турконаи ин абармард ҷойгир аст, на қиёфаи тоҷиконаи ӯ.
Колхозобод ном иваз карду муҷассамаҳо симо неъ!
Дар вилоят то имрӯз 931 адад ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ арзи вуҷуд дорад, ки аз ин шумора 721 ёдгориҳои бостонӣ, 124 адад ёдгориҳои меъморӣ, 86 адад ёдгориҳои монументалӣ буда, 103 адади он бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи собиқ Колхозобод ҳозира Ҷ. Балхӣ 3 пайкараи донишманди машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ арзи вуҷуд дорад, ки 1 тоаш дар назди МИҲД ноҳия рост асту барвақт симои аслиашро гум кардааст. Кас агар аввалин бор ӯро бубинад, барояш ношинос менамояд. Дуввумин нимпайкара дар дохили осорхонаи навтаъсиси ноҳия, ки соли 2021 таъсис ёфт, ҷойгир буда, бо маблағи 485 ҳазор сомонӣ ҳангоми бунёди осорхонаи нав асос ёфтааст. Дар робита ба ин масъала роҳбалади осорхона Манижа Давлатова чунин ибрози назар кард:
– Ҳайкали ҷойдошта дар гумон аст ӯ бошад, аммо соли 2015, набераи насли 21-уми олим, ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, симои Мавлоноро дида гуфт, ки ӯ бобои вай нест. Расми аслиашро ба МИҲД ноҳия худи абераи Ҷ.Балхӣ соли 2015 тақдим намуд. Он ҳайкалҳое, ки дар мо ҳаст онҳоро ҳайкалтарошони ноҳия тасвир намудаанд.

Бояд гуфт, ки 3- юми марти соли 2016 бо қарори МММО Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳия аз Ҷ. Румӣ ба Ҷ. Балхӣ иваз шуд. Ном иваз шуду ҳеҷ не, симои асосии номбардори ноҳия сурати аслиашро пайдо кунад. Сеюмин муҷассама дар кӯчаи Балх назди хонамузейи ин шахсият бо баландии 35 метр бо номи “Рақси само” бунёд ёфтааст. Баъди тақдими акси асл, ки аберааш тӯҳфа намудааст, чаро соли 2021 боз бо симои пешин ҳайкал сохтем(д)?
Симои аслӣ – шинохти миллат
Савсан Шарифзода, муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар мавриди пайкараҳои ноҳияи Ҷ. Балхӣ афзуд, «Ҳангоме ҳайкал гузошта шуд, бояд симои аслии он таҷассум ёбад, на ғайр. Чунки он метавонад дар оянда баҳри шинохти нодурусти шахсият оварда расонад. Наслҳои даврони соҳибистиқлол аз куҷо Балхиро шинохта метавонанд, агар сурату симояш мувофиқ нест? Маъмулан дар зери ҳар ҳайкал номи он нафар дарҷ мегардад. Дар ҳолати ба сурати асл монанд набудани ҳайкалҳо мо танҳо пешниҳод ба Ҳукумат карда метавонему халос…
Ғафуров симояшро ёфту ҷояшро не…
Ёдрас мешавем, ки доир ба симои асл надоштани пайкараҳои ҳудуди ш.Бохтар низ дар рӯзномаи мардумии СССР дар таърихи 08.03.2021 мақолаи таҳлилӣ бо номи «Китоби Бобоҷон Ғафуров лонаи паррандагон шуд?» чоп шуда буд. Баъди нашр чеҳраи асли аллома ёфт шуд! О мана мешудааст- ку!
Вале бо гузашти 3 сол ҳеҷ не, ки ин муҷассама ҷойи муносиби худро пайдо созад! Зимни пайдо кардани иттилооъ чуноне мушоҳида намудем, пайкараву нипайкара ва муҷассамаҳои аҳли илму адаб ва фарзандони фарзонаи миллат дар шаҳри Бохтар дар тавозун ва ҳудуди ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо ҷойгир буда, дар мувозинаи бахшҳои фарҳанг қарор надоранд ва дар харҷномаи бахшҳои фарҳанг ҷиҳати таъмиру азнавсозии онҳо маблағҳои муайян ҷудо нашудааст. Оиди монандӣ надоштани муҷассамаҳо ба чеҳраҳои аслӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ин масъала ҳангоми насб намудани онҳо ба фармоишгарон ва роҳбарони вақт тааллуқ дошта, аз бахшҳои фарҳанг вобастагӣ надорад.
Дар ҳамин маврид ба Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода муроҷиат карда гуфтанием, ки дар шаҳри Остона нимпайкараи фарзанди шоистаи халқи тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро бо чеҳраи асл гузошта тавонистеду дар вилояти Хатлон чаро наметавонанд?!
Нури Бохтарӣ, СССР,
вилояти Хатлон
