МОШИНҲОИ БОРКАШ АЗ САДАМАҲО ТО БОРКАШОНӢ ВА МУОИНАИ ТЕХНИКӢ

Садамаи мудҳише, ки шоми 06.08.2023 дар ш.Кӯлоб рух дод, дар пайи худ бо шумули ронанда 12 нафарро кушт, 13 нафар захмӣ шуда, 3 хона вайрон гашт. Бо гузашти наздик ба 1 моҳ аз ин ҳодисаи гушношунид вазъи саломатии сокинони маҷруҳшуда ба эътидол омада, бо дастуру супориши бевоситаи Сарвари давлат ба 12 нафаре, ки мошинҳояшон зарар диданд, мошинҳои нав тақдим гардида, ба 4 оилае, ки хонаҳояшон валангор гашт, сохтмони 3 манзили нав дар мавзеи дигари шаҳр оғоз шудааст.

Масъулин сабабу омилҳои ин садамаро аллакай гуфтанд ва мо сари ин мавзуъ барнамегардем. Вале масъалаи фаъолияти ширкатҳои калони боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, шумораи воситаҳои нақлиёти гаронвазн, аз муоинаи техникӣ гузаштани онҳо мавзӯи доғ мемонад, ки мо ин ҳафта онро пайгирӣ намудем.

Мо Метавонем!

 

227 ширкат – аз боркаш то мусофирбар

Тавре ба мухбири СССР дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҳолати 01.07.2023 дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 2429 субекти хоҷагидории шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ – 2020 адад, хоҷагии роҳҳо – 272 (69 МДНРА ва 203 корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ), роҳи оҳан – 137 корхона (корхонаҳои зертобеъи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва корхонаҳое, ки роҳҳои оҳани фаръӣ доранд).

Хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути 2020 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 227 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (78 – боркаш, 83 – мусофирбар ва 66 – омехта), 44 терминали мусофирбарӣ, 7 терминали боркашонӣ, 1668 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмири нақлиёт ва 74 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 945 хатсайри мусофирбарӣ (182 шаҳрӣ, 614 наздишаҳрӣ, 136 байнишаҳрӣ ва 13 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 38521 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 16583 боркаш ва 21938 мусофирбар бо роҳхат фаро гирифта шудааст, ки 72,2% нақлиёти фаолияткунандаро ташкил медиҳад.

 

Боркашонӣ афзудааст…

Гуфта мешавад, тавассути нақлиёти автомобилӣ дар умум дар ин давра 50,4 ҳазор тонна бор бо гардиши 5053,1 млн. тонна/км ва 431015,7 ҳазор мусофир бо гардиши 4702,8 млн. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 боркашонӣ 113,6%, гардиши бор 111,9%, мусофирбарӣ 108,3% ва гардиши мусофир 115%-ро ташкил дод.

Ҳамчунин бо нақлиёти байналмилалӣ 1,3 млн. тонна бор ва 18,9 ҳазор мусофир интиқол дода шуда, боркашонӣ 106,5% (гардиши бор 1,9 млрд тонна\км-102,2%) ва мусофирбарӣ 121,2%-ро (гардиши мусофирон 13,2 млн. мусофир км- 121,2%) ташкил мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ки кушода шудани марз бо Хитой низ баъди чанд соли баста будани он бо сабаби пандемия ба афзоиши боркашонӣ мусоидат намудааст.

 

Интиқоли байналмилалӣ ба 20 кишвар

Дар ин давра 48 ҳазор рухсатнома барои интиқоли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, 38 ҳазор рухсатнома содирот гардида, рухсатномаҳои воридот нисбат ба содирот 10 ҳазор дона зиёд шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз кишварҳои Назди Балтика, Лаҳистон, Туркия, Россия рухсатномаҳо нисбат ба талаботи интиқолдиҳандагон кам ворид шуданд. Вобаста ба ин масъала роҳбарияти Вазорат ба давлатҳои назди Балтика сафари корӣ анҷом дода, бо дигар кишварҳо корбарӣ намуда, рухсатномаҳо аз Латвия -1000 адад, Литва 700 адад ба мувофиқа расиданд, аз Федератсия Россия 5000 адад иловатан ворид карда шуд.

 

28649 ҳуқуқвайронкунӣ дар 6 моҳ

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 1034 иҷозатнома, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ – 986, хоҷагии роҳҳо – 23 ва роҳи оҳан – 25 адад иҷозатнома дода, муҳлати амали 359 иҷозатномаро тамдид намудааст.

Айни замон, 5320 иҷозатнома мавриди амал қарор дорад, ки аз ин ба нақлиёти автомобилӣ – 4941 адад, хоҷагии роҳҳо – 272 адад ва роҳи оҳан – 107 адад рост меояд.

Дар ин давра 2499 маротиба рейдҳо гузаронида, дар натиҷа 28649 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 рейдҳо 99,3% ва протоколҳо 116%-ро ташкил дод.

КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” 348 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, 5009 сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 105865 сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ 119,5%, сертификати салоҳиятнокии касбӣ 106,8% ва сертификати тарозу-баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ 116,6%-ро ташкил доданд.

 

Муоинаи техникӣ: дар 1 сол 1 бор

Тавре ба мухбири мо дар Раёсати БДА ВКД иттилоъ доданд, тибқи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.2010, таҳти №390, тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиётӣ ва ядакҳо (прицеп)-и онҳо, ки дар ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, гузаронида мешаванд.

Иҷрои қарори мазкур аз тарафи тамоми корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки воситаи нақлиёт ва ядак доранд, ҳатмист.

Муоинаи техникӣ барои воситаҳои нақлиёти гаронвазн (борбардориашон аз 21 тонна боло) дар 1 сол 1 маротиба дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мошинҳои гаронвазне, ки ба кашонидани борҳои зарарнок, аз он ҷумла гази моеъ, маводи сӯхт машғуланд, дар 1 сол 2 маротиба бояд аз муоинаи техникӣ гузаранд.

Шумораи умумии воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар ҶТ 2191 адад (1134-ҳуқуқӣ ва 1057 воқеӣ)-ро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи БДА 1523 (69%) адад воситаҳои нақлиёти гаронвазн аз муоинаи техникӣ гузаронида шудаанд.

 

Воридгоҳҳои садамавӣ ва эстакада

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 7 моҳу 10 рӯзи соли 2023 дар километри 185 то 215 роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Ш.Шоҳин 5 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин садамаҳо 13 нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бо назардошти ин РБДА ба Вазорати нақлиёти кишвар пешниҳод додааст, ки дар нишебиҳои тулонӣ, ки нишебиашон зиёда аз 5 %-ро ташкил медиҳанд, мувофиқи банди 4.26 қоида ва меъёрҳои сохтмонӣ (СНиП 2.05.02-85) воридгоҳҳои садамавӣ сохта шаванд.

Ҳамчунин, дар роҳи мазкур сохтмони майдончаҳои махсус барои истгоҳи муваққатии воситаҳои нақлиёт, ҷой барои азназаргузаронии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт (Эстакада) ва барои истироҳати ронандагону мусофирон бо инфрасохторҳои лозимӣ бояд бунёд ёбад.

 Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Дар ҳамин маврид:

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 тавассути ҳама намуди нақлиёт 53 млн. 610, 4 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 50 млн. 403,7 ҳазор тонна (113,6%) ва роҳи оҳан 3 млн. 206,2 ҳазор тонна (116,2%) бо гардиши умумии 5 млрд 205, 4 млн. тонна/км ва 443 млн. 251, 9 ҳазор мусофир, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 431 млн. 015, 7 ҳазор мусофир (108,3%), барқӣ 11 млн. 660,1 ҳазор мусофир (114,9 %) ва роҳи оҳан 215,2 ҳазор мусофир (100%) бо гардиши 5 млрд 671 млн. мусофир/км интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар умум боркашонӣ 13.7%, гардиши бор 12, 3%, мусофирбарӣ 8, 9 % ва гардиши мусофирон 19,6% зиёд гардидааст.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube