Дуруд ба СССР! Дар давраи Шуравӣ ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) яке аз ноҳияҳои саноатии овозадор ба шумор мерафт. Дар ҷадвали пахтасупорӣ нисбат ба дигар ноҳияҳо пешсаф буд. Хоҷагиҳои ноҳия дар 1 рӯз ба андозаи 3,7 – 3,9 то 4,8 – 5,6 фоиз пахта месупориданд. Ҷамъ дар ноҳия бошад ба андозаи 4,3 фоиз пахта ҷамъоварӣ мегашт. Ноҳияи мо яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷумҳурӣ, бо сарбаландӣ ҳамасола 24 октябр, нақшаи пахтаро иҷро мекард.
Дар заводи пахтатозакунӣ 32 ҳазор нафар кор мекард. Корхонаи пахтатозакунӣ, фабрикаи дӯзандагӣ, сехи равғанбарорӣ фаъолият доштанд. Корхонаҳои даврони шуравӣ ҳам мехӯронд ва ҳам мепӯшонд.
Имрӯз чӣ? Пахтакорӣ кам шуда, мардум бо баҳонаи хоҷагии деҳқонӣ рӯ ба кишти полезӣ ва сабзавот гузоштаанд. Умедворем, раиси нави ноҳия ин проблемаро ҳатман ҳаллу фасл мекунанд.
Бозоралӣ Сабуров,
сокини ҷамоати деҳоти Панҷоби н.Ҳамадонӣ
