Салом СССР! Пештар шабакаҳои телевизионии «Пойтахт» – у СМТ- ро тамошо мекардем. Барномаҳояшон хуб буд, чаро ки фазояшон озодтар буд! Ҳоло бошад ТВ Пойтахт «Душанбе HD» шуду ҳоли СМТ тамоман бад аст.
Чанде пеш медидам, ягон барномаи дуруст надошт, фақат рекламаву чанд суруд ва филмҳои хориҷӣ. Магар телевизиони мустақил ҳамин хел мешавад? Дар сурате, ки ТВ-ҳои давлатӣ барномаҳои дурусте надоранд, магар СМТ наметавонад 1 барномаи ҷолибе омода кунад, то мардум ҳаловат баранд? Аз ТВ-ҳои Суғду Хатлон ёд гиред, намешавад?
Ҳусейн Шарипов,
донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода
