Дуруд ба СССР! Ба андешаи ман агар ҳамон тарзу усули корбарии давраи шуравиро роҳандозӣ намоянд, беҳтар аст, яъне дар маркази ҳар ноҳия 1 мағозаи давлатии савдои китобҳои дарсӣ ва ашёи хониш ташкил намуда, кори бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон пурра аз зиммаи мактабҳо бардошта шавад.
Дар масъалаи бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани хонандагон низ бояд ҳамин тарзи кор ба роҳ монда шавад. Ҳоло корхонаҳои зиёде ба тайёр кардани сару либоси мактабӣ машғуланд, ки либосҳои тайёркардаи онҳо аз рӯи намуд ва нарх аз ҳамдигар фарқ мекунад ва ин боиси норозигии хонандагону волидайни онҳо мегардад. Хуб мешуд, агар дар кишвар 2-3 фирмаи бузурги дӯзандагӣ (чун фирмаи дӯзандагии Гулистон, ки дар давраи шуравӣ дар ш.Душанбе фаъолият мекард) ташкил карда, сару либосҳои духтаи онҳо ба воситаи мағозаҳои давлатӣ ба хонандагон пешкаш карда шавад.
Таҷрибаи давраи шуравӣ собит намуда буд, ки чи қадаре, корхонаҳо бузург бошанд, дар онҳо механиконидани иҷрои корҳо осон гардида, ба арзон шудани арзиши маҳсулоти истеҳсолшаванда оварда мерасонад, ки ин ҳам ба корхона ва ҳам ба харидорон фоидабахш аст. Бигзор фирмаҳои дӯзандагӣ давлатӣ бошанд. Мо маҷбуран ҳамаро хусусӣ намекунем. Вале дар баробари коргоҳҳои хусусӣ корхонаҳои давлатӣ низ фаъолият намоянд, он гоҳ худи натиҷаи кори онҳо нишон медиҳад, ки кадомаш барои ҷомеа беҳтар аст. Инчунин дар мағозаҳои хусусӣ ба фурӯш гузоштани сару либоси мактабӣ ва китобҳои дарсӣ қатъиян манъ карда шавад. Нархи китобҳо чун солҳои пеш ба таври чопӣ дар китобҳо навишта шаванд. Аз болои риояи нархи китобҳо ва сару либоси мактабӣ назорати давлатӣ ҷорӣ карда шавад.
Саъдулло Маҳмамуродов,
н.Фархор
