Аз СССР: Омад-омади Роналду аллакай дар олами футболии кишвар ғулғулае на камтар аз сели рӯзи 27 август ба бор овард. Мухлисин мунтазиранд, ки Криштиану-олиҷанобтарин ва гаронарзиштарин футболбози оламро дар Варзишгоҳи Марказӣ аз наздик бубинанд. Омаданаш худ сенсатсия аст. Вале тавре журналистони варзишдӯсти Тоҷик менависанд, мағлубияти «Ан Наср» ва пирӯзии Черевченко бар Роналду ҳангомаи воқеии олами футбол мешавад, ки чашминтизорӣ доранд. СССР тасмим гирифт, чанд навиштаро дар пасманзари қуръапартоии Гурӯҳи «Е» ин ҷо корад. Хонед, ҳаловат баред. Мо метавонем!
Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд…
24.08.2023. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё баргузор гардид, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе шомили гурӯҳи «Е» шуд.
Рақибони дастаи Душанбе дастаҳои «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар) ва «Ан-Наср» (Арабистони Саудӣ) хоҳанд буд, ки ба ҳайати он капитани тими миллии Португалия Криштиану Роналду шомил аст.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии якуми худро дар майдони худ бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рӯзи 18 сентябр анҷом медиҳад.
Бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 5-уми декабри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад ва ситораи футболи ҷаҳонӣ Криштиану Роналду ба Душанбе меояд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” бозӣ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5 гурӯҳ, инчунин 3 даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ,
журналист
ПРЕСТИЖ «ИСТИҚЛОЛ» аст, на Роналду!
Дар қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё «ИСТИҚЛОЛ»-и мо дар гурӯҳи Е уфтод, якҷо бо наҳангҳои Осиё – «Персеполис» (Теҳрон), «Ад-Дуҳайл» (Қатар) ва «Ан-Наср» (Арабистон)!
Ҳич гоҳ, ҳич дастае аз кишвари мо дар баробари ин гуна тимҳои овозадор қарор нагирифта буд, ки имрӯз «ИСТИҚЛОЛ» қарор гирифтааст.
Ҳассосияти ин дидорҳо:
- Коршиносону бунгоҳҳои хабарӣ дар баррасии худ пеш аз шуруъи рақобатҳо ҳатман аз «ИСТИҚЛОЛ»-и мо ёд мекунанд, ҳамчун тиме аз кишвари Тоҷикистон ва «ИСТИҚЛОЛ» бояд муҳофизи арзандаи шаъни Тоҷикистон бошад.
- Муҳим нест, «ИСТИҚЛОЛ»-и моро камқудрат ё тавонманд арзёбӣ кунанд, муҳим он аст, ки «ИСТИҚЛОЛ»-и мо дар баробари ин ғулҳои бо карруфарр муқовимати шоиставу арзанда кунад, Ҳамчун «ИСТИҚЛОЛ»-и Левченко дар Арабистон…
- Барои ҳунарнамоии бобарори «ИСТИҚЛОЛ» фақат таъкид бар ситоди мураббиёну бар худи даста ноинсофии мост! Дар корзори шоистаи «ИСТИҚЛОЛ» бо ин гигантҳои Осиё мо ҳама бояд даст ба дасти ҳам диҳем: Федератсияи футболи кишвар, шаҳрдории пойтахт, вазоратхонаҳои калидии Тоҷикистон, Кумитаи ТВ (на танҳо шабакаҳои «Варзиш»-у «Футбол»), расонаҳои муҳими хабарии Тоҷикистон ва дар умум ҳар яки мо, ки муҳибби Тоҷикистонем!
- Сармураббии «ИСТИҚЛОЛ» – фарзанди сарзамини мо, Игор Черевченкои гиромӣ ва ёрони дигари ӯ дар даста, дар мавҷи ин дастгириҳову пуштибониҳои пур аз меҳру ғурур, бо эҳсоси наҷиби ватанхоҳӣ дастаи пойтахти моро ба корнамоиҳои таърихсоз ҳидоят кунанд.
- Роналду кӣ аст? Биёяд ё набиёд чӣ? Барои мо ифтихору престиж «ИСТИҚЛОЛ»- и Душанбе аст!
Бояд бо «ИСТИҚЛОЛ» дар ин фасли ҳассос таърих бисозем ва дигаронро водор кунем,ки «ИСТИҚЛОЛ»-и Тоҷикистон гӯянд!
БА ДУШАНБЕ ОМАДАНИ РОНАЛДУ ПАРВОЗИ ГАГАРИН
БА МОҲ НЕСТ. БАРОИ МО ГУЗАШТАН АЗ 3 НАҲАНГИ ҚОРАИ ОСИЁ ФАТҲИ МОҲ АСТ!!!
Обид Шукурзода,
адиб ва журналист
Ҳама муттаҳид атрофи «Истиқлол»!
Ман, узви садорат ва мухлиси якумраи ФК «Равшан», аз тамомии мухлисони «Равшан» – и Кӯлоб даъват мекунам, ки дар Лигаи Чемпионҳо ба ФК «Истиқлол» хамонгуна мухлисӣ кунанд, ки дар Кӯлоб – Арена бар «Равшан» -и дӯстдоштаашон мухлисӣ мекунанд. Бовар кунед, шербачаҳои Тоҷикистон!!!…, агар ҳамаи мо аз 1 гиребон сар баровардву «Истиқлол»- ро мисли «Равшан» “ба пеш ронем!”, Роналдо 1 сӯ бар дастаи Месси аз Интер Маямӣ низ пирӯз мегардем. Кавазович-сармураббии аврупотабори Истиқлол, соли 2013, дар бораи мухлисони Равшан гуфта буд:
-Дар Кӯлоб-Арена ва бо ин мухлисон Равшан бар Барселона низ пирӯз меояд!!!
Ин баҳои бузургест. Зимнан, ҳама ба мухлисии «Истиқлол»! Ҳама барои пирӯзӣ дар ин ҷабҳаи нангсоз. Миллати футболӣ муттаҳид шав, атрофи «Истиқлол».
Мо Метавонем!!!
С.Мизроб
журналист
Криштиану Роналду кист?
Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали Португалия таваллуд шудааст. Қадаш 187 см, вазнаш 84 кг. Тахаллусаш: Ронни, КриРо, CR, CR7, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд. Хонумаш Ҷорҷина Родригес хушрутарин зани Аврупо.
Криштиану Роналду – бозингари «Манчестер Юнайтед», Реали Мадрид ва Ювентуси Италия, капитани мунтахаби Португалия, ғолиби панҷкаратаи Лигаи чемпионҳо, чемпиони Англия, Испания, Италия,Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми Аврупо, дар соли 2016. Муваффақияти шахсӣ – 5 «Тӯби тиллоӣ» ва 4 «Бутсии тиллоӣ».
Падари Роналду боғбон ва модараш ошпаз буда, ба ғайр Роналду – фарзанди чоруми оила, боз 1 писар ва 2 духтари дигар ҳам дар ин оила ба воя мерасид. Аксарияти мухлисон фикр мекунанд, ки Криштиану Роналду ному насаби футболист аст, вале ин тавр нест, номи асосии ӯ Сантуш, насабаш Авейру буда, Криштиану Роналду бошад, тахаллуси давраи кӯдакиаш аст. Падари Роналду президенти ИМА Роналд Рейганро хеле дӯст медошт ва ба ҳамин хотир ба писараш тахаллуси Роналдуро дод.
Падараш Криштиануро дар 8 солагӣ ба академияи футболи «Андорини» меорад. Пас аз 2 сол ӯ ба «Насонале», пасон ба «Спортинг» – и Лиссабон гузашт.
Пас аз бозии «Спортинг» бо «Манчестер Юнайтед» Криштиануро сэр Алекс Фергюсон «харид». Ва сар шуд роҳи тиллоии ин футболист дар арсаи футболи ҷаҳонӣ…
Соли 2023 Криштӣ ба Ан Наср гузашт. Ӯ гаронарзиштарин футболист буда, дар тӯли 3 соли баъдӣ, яъне то 41 солагӣ, бозӣ мекунад ва ё на, бояд 600 млн доллар маош гирад. Хотиррас мешавем, ки баъди ин гузариш тобонтарин ситораҳои футболи ҷаҳон, ки Лигаи Чемпионҳои Осиёро писанд намекарданд, фавҷ-фавҷ, ё худ «пачка-пачка», ба Арабистони Саъудӣ гузаштан доранд.
БОЗИҲОИ ИСТИҚЛОЛ ЛЧ КФО-2023/24
️ Даври 1
19 сентябр (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – Ал-Дуҳайл (Қатар)
️ Даври 2
2 октябр (душанбе)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
️ Даври 3
24 октябр (сешанбе)
«Персеполис» (Эрон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
️ Даври 4
7 ноябр (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)
️ Даври 5
27 ноябр (душанбе)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
️ Даври 6
5 декабр (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Гирдовари Идибек Маҳмудҷонов,
Футболдӯстдори СССР
