ПАДАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК!!!

Соли 1983, маро бахт даст дод, ки ҳамроҳи ҳамкурсам Искандари Фирӯз нахустин бор дар варзишгоҳ, дар бозии клуби дӯстдорам, «Помир» -и Душанбе ширкат ва мухлисӣ кунам. Чун ҳар тоҷикистонӣ фанати ин клуб будам, вале чун ба Донишгоҳ шомил гаштам, рӯзҳои нахустини дарс, Искандари нозанин, писари устод Баҳром Фирӯз ману Фазлиддин Муҳаммадҷонову Хуршед Наҷмиддинову Бахтиёр Нурматовро ба майдони футбол даъват карда, гуфт:

– Зинда тамошо кардани футбол хеле бартар аз тамошои он дар ТВ ва бо кадрҳои такрорист!

Рафтем ва то ҳанӯз аз Фирӯз миннатдорам, ки маро касал кард: маризи футбол!!! Воқеан ҳам, рӯзи дигар устоди сахтгиртаринамон Соҳиб Шуҳратиевич Табаров, чун сабаби ба дарс наомадани моро дар мухлисӣ барои «Помир» дарёфт, ба ҳар 5-и мо баҳои 5 гузошт! Аз ҳамон соат, дигар тамомии курс ба мухлисӣ мерафтем. Мо Метавонем!

Хулласи калом ҳамон рӯз ман Кумирҳои зиндаи худ – Валерий Турсунови зарбазан ва Геннадий Черевченкои 35-сола, легендаи «Помир», капитани билоиваз ва муҳофизатгари беҳамторо аз пеш дидам. Аз ун бозӣ, ҳич аз хотирам 2 эпизод намеравад:

  1. Геннадий Ивановичро афтонданд ва стадиони 12 ҳазорнафара ғирев вардошт: Отца футбола обижаешь!!! Ва…
  2. Вақте «Помир» бо 1 гол пешдаст буду ҳамлавари ҷавони «Шинник» Ярославл дав гирифта, чун тир аз пеши капитан гузашта, ба дидори 1х1 бо Карасёви дарвозабон баромад, Черевченко бо пешпои хеле дағал ӯро афтонду ҳатто ба довар нигоҳ накарда, дастбанди капитаниро кушода, ба дигаре дода, майдонро зери қарси мо тарк кард…

Имрӯз месазад, Черевченкои нозанин, Падари футболи Тоҷикро ёд кунем. Чун ҳангома ҳама сари омад-омади Роналдост ва бояд лигоми ӯро Игор Геннадевич, шоҳписари Черевченко кашад! Мо Метавонем!

563…438…22 ва 837

Черевченко 563 бозӣ дар 18 мавсим, дар ҳайати «Помир» -и овозадор гузаронида, 22 гол задааст!!! Фаромӯш накунед, ки голзанӣ кори ӯ набуд. Кори ӯ гол сар надодан буд, зеро муҳофиз будӣ ва аз уҳдаи ину ун кор бо сарбаландӣ мебаромад. Зеро новобаста ба қадди на чандон буланд, хеле хуб бо сараш зарба мезад!

Роналдо 438 бозӣ дар ҳайати «Реал» гузаронидааст. То, бо ва баъди «Реал» дар ҳайати дастаҳои дигар 837 гол задааст.

Вале ба таҳқиқ агар Геннадий Черевченко дар ҳамин шабу рӯз бозӣ мекард, ӯро на камтар аз Роберто Карлос, Роналдо ва Месси мешинохтанд! Тасаввурнокарданист, вале ӯ 18 мавсим, ҳудуди 20 сол дар 1 ҳайат – «Помир» -и Душанбе бозӣ кардааст. Ба фарқ аз Криштиано «дед Гена»-ро ба бисёр клубҳои маъруфи Лигаи олии СССР даъват мекарданд, вале на-ме-рафт! Зеро «Помир» барояш ҳама чиз буд: ҳам Ватан, ҳам Хона ва ҳам Тақдир…

Имрӯз, ки Роналдо дар 39 – солагӣ дар ҳайати «Ан Наср» бозида, футболбози гаронарзиштарин маҳсуб меравад, маҳз дар ҳамин синну сол, яъне 39 – солагӣ Геннадий Черевченко, карйераи футболистиро хатм карда, ба мураббигӣ гузашт. Ҳаргиз парвои пулу молу манол надошт.

Барои ветеран, Падари Футболи Тоҷик, сарсупурдаи «Помир» ҳамагӣ 1 мавсим нарасид, то бар умедаш расад ва медалҳои тиллои Лигаи 1-ро ба гардан овехта, ба Лигаи олии СССР барояд.

Ин корро ба ҷояш писараш кард. Игор Геннадевич Черевченко, фарзанди нозанин ва патриоташ дар ҳайати «Помир» дар соли 1992, дар Лигаи олӣ бозид, вале ба бахти бади мардуми шуроҳо СССР барҳам рехт ва ҷои «Помир» ба Лигаи олӣ «Зенит» -и Санкт-Петербург омад. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз «Помир» клуби соҳили Нева-«Зенит» – ро дар бозии охирин, тирамоҳи соли 1991 шикаст дода, ба Лигаи 1 фароварда буд. Аҷобати корро бинед, ки имрӯза «Зенит» мунодии футболи давлатҳои пасошӯравӣ дар олам аст ва панта-чемпион, қаҳрамони 5-каратаи Россия…

Сарнавишт аҷаб радду бадалҳо дорад. Имрӯз, ки Геннадий Черевченко нест, писараш Игор Геннадевич, ягона тоҷикистонии рустабор аст, ки дар футболи Россия бо исми пуршарафи ТОҶИК ва ТОҶИКИСТОНӢ баромад карда, дастаҳои Премер-Лигаи Россияро тамрин медод! Рӯиҳамрафта, ӯ «Ҷоми Геннадий Черевченкоро барои наврасон» таъсис дода, сарпарастӣ мекард. Игор нагузошт, ки сими Черевченкои калонӣ ва тахаллусаш «Падари Футболи Тоҷик» аз байн равад ва соли равон ба «Истиқлол» -и Душанбе омад. Ҳарчанд бисёр клубҳои русӣ ӯро чун сармураббӣ дидан мехостанд.

Аҷобати дигари моҷарои ин сулолаи футболӣ ин аст, ки ҳамакнун, рӯзи 05.12.2023 маҳз Игор Червченко «Истиқлол» -ро бар муқобили Роналдо бароварда, бояд на танҳо шарафи футболи тоҷик, ки шаъни тахаллуси «Падари Футболи Тоҷик»-ро низ ҳифз ва дубора вирди забонҳо кунад.

Ҳама ба футбол! Ҳама барои ҳифзи шарафу номи «Падари Футболи Тоҷик»-Геннадий Иванович Черевченко ба Варзишгоҳи Марказӣ бояд ояд. Меоем ва пирӯз мешавем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube