Аз аҳди қадим дар дарбори императорон, шоҳон, ҳокимон ва амирон бозиҳои пасипардагии зиёде рух дода, ки он ҳама бо як мақсад, ба хотири даст ёфтан ба ҷоҳу ҷалол, авлавият, маснади шоҳист. Табаддулот, интрига (хиёнат, макр, ҳила, фитна, найранг, дасиса) – ҳои дарборӣ бағоят зиёд ва гуногун будаанд. Барои аз сари қудрат дур андохтани императорон, шоҳон, ҳокимон, амирон, президентҳо, сарварон, котибони генералӣ, доираҳои манфиатдор – фарзандон, хешовандон, шогирдони дӯстдор, надимон, қудратиҳо, рақибон ё хайр ҳила ба кор мебаранд.
Барои ба муроди дил расидан – соҳиби тахт шудан онҳо аз дасиса, суиқасд, зӯроварӣ, заҳр, теғ, ҳаб, тир ва ғайра истифода мебаранд. Аммо аксар худ бо ҳамон усул аз маснад – зиндагӣ маҳрум мегарданд. Масали халқии «Мазан бар хеш, ки меояд аз пеш» тақвияти гуфтаҳост.
Таърихи давлатдорӣ интригаҳои зиёдеро дар авроқ дорад. Ба мисол, аз солҳои 50-уми асри XX онсутар намеравем. Ёдрас намудани рӯзгори роҳбарону азизони дарбори СССР кифоят аст. Бо чи ҳилаву найранг аз сари қудрат дур андохтани И.В. Сталин, Н.С. Хрушев…, маҳбубони даргоҳи олӣ Г.К. Жуков, Ҳайдар Алиев, Турсун Улҷабоев ва дигарон гӯёи андешаҳои болост.
Шелепин
Ин раҳ гирди ном ва рӯзгори шахсияти номошнои давлати советӣ Александр Шелепин сухан хоҳем ронд. Дар бораи нафаре, ки дар 34-солагӣ ба яке аз вазифаҳои олии СССР комёб гардиду дар 43-солагӣ ноком гашт. Ба қавле, ҳар он чие, ки ба калонҳо раво дид, ба ӯ низ чунон карданд.
Александр Шелепин 18.8.1918, расо 105 сол қабл дар Воронежи дар авҷи Ҷанги гражданӣ буда ба дунё омада, ки баъдан яке аз шахсиятҳои калидии сиёсати советии миёнаи асри XX шуд. Вай карйераи фантастикӣ кард, солҳои зиёд роҳбари аввали комсомоли умумииттифоқ буд, дар 40-солагӣ сардори КГБ-и СССР шуд. Ӯ куштори миллатчии украин Степан Бандераро ташкил намуд.
Никита Сергеевич Хрушёв Шелепинро котиби КМ КПСС, муовини Раиси Президиуми Совети Олии СССР ва Раиси Комитети назорати ҳизбӣ-давлатии назди КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР кард. Чунин вазифаҳои воло ӯро ба яке аз нафарони бонуфузи мамлакат гардонд.
Соли 1964 Шелепин бар зидди Хрушёв бадаҳдӣ ташкил карда, хост ҳокимиятро ба даст дарорад, аммо Леонид Брежнев, ки Шелепин ӯро дар сиёсат нафари муваққатӣ меҳисобид, маккортар баромад. Ва ӯ «калуши Шелепинро пеш монд». Дар натиҷа хӯҷаин (бос)- и зӯри советиро камбағалӣ ва фаромӯшӣ интизор буд.
Парвоз ва афтиши «Шурики оҳанин»
Шелепин дар Комитети комсомоли Москва, баъди авҷи репресияи солҳои 1930, ҳангоми таҳсил дар факултети таърихи институт омад. Тозакунии оммавии сафҳо мақомоти роҳбарии ВЛКСМ-ро низ канор нагузошт. Ҳатто котиби якуми КМ ВЛКСМ Александр Косаревро ҳабс ва нобуд карданд.
Ҳангоми ҷанги СССР – Финляндия пойҳои Шелепинро сармо зад. Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ комсомолонро интихоб ва ба ақибгоҳи душман мепартофт. Ҳатто Зоя Космодемянскаяро низ Шелепин интихоб кардааст. Ба қавле, баъди ҳамин Сталин ба Шелепин мароқ зоҳир намуда…
Шелепин босуръат боло рафт. Соли 1952 аллакай котиби якуми КМ ВЛКСМ шуд. Дар ин кор як қатор насли ҷавони роҳбар – сарварони вилоят ва сатҳи ҷумҳуриявиро ба воя расонд. Қариб, ки дар ҳар як минтақа байни роҳбарони аз комсомол сабзида, мавҷуд буданд. Шелепинро комсомолон сидқан эҳтиром доштанд ва ӯро мисле, ки падар мехонданд. Бомаром дӯстони ӯ дар КГБ, ВКД, Комитети телевизион ва радиошунавонӣ, ТАСС вазифаҳои баландро ишғол карданд.
Ба ояндаи калони ӯ натанҳо Сталин балки Хрушёв низ умед баст. Никита Сергеевич ба Шелепин ва Семичастний боварӣ дошт. Дар Шелепин ғурур (такаббур)-и сиёсӣ ва истеъдоди ташкилотчигиро медид. Маҳз Шелепин ва Семичастний Фестивали VI ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯёнро ташкил карданд. Чунин як маъракаи муҳим, ҷамъиятӣ – сиёсии бузург бо дастовардҳои СССР баъди 12 соли ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ…
КГБ
Соли 1957 котиби якуми КМ ВЛКСМ Шелепин котиби якуми КМ КПСС – ро дар мубориза бар зидди «гурӯҳи зиддипартиявӣ» ҷонибдор гашта, ба доираи шахсони бовариноки Хрушёв ворид шуд. Баъди устувор кардани мавқеи сиёсии худ Хрушёв қарор дод Шелепинро роҳбари КГБ-и СССР намояд. Хрушёв аз чекистхо метарсид ва мехост, ки роҳбари ин ниҳод одами хоси худаш бошад.
Соли 1958 Шелепин сохтмони комсомолиро ба бозиҳои ҷосусӣ иваз кард. Дар охири солҳои 1950 – ум Шелепин ба Хрушёв содиқ буд ва бе ризоият ягон амали ҷиддиро кор намегирифт.
Хрушёв аз пушти кормандони ҳизбӣ таъқиб кардан ва гӯш додани телефонҳои онҳоро манъ кард. Фармуд то генералҳо итоаткор бошанд (дар асл онҳоро аз хизмат озод намуданд).
Шелепин дар КГБ тағйироти зиёде даровард. Раёсатҳоро ба шуъбаҳо паст, кормандонро аз бисёр имтиёзҳо маҳрум ва кормандони дастгоҳи кумитаро ихтисор кард. Шумораи зиёди оперативникҳои таҷрибадорро ба нафақа гуселонда, ба ҷойи онҳо «комсомолони маълумот»-дорро овард…
Соли 1959 дар КГБ шуъбаи махсус таъсис ёфт. Шуъба ба амалиёти маҳвсозии душманони ҳукумати советӣ, ки ба Ғарб фироркарда, махсус гардонида шуда буд. Шелепин ба разведкаи электронӣ ва корҳои рамзкушоӣ такя кард, ки ба хондани мактубҳои рамзӣ марбут буд, парастиши шахсияти Дзержинскийро ҳамчун чекист – идеалист аз нав зинда кард. Ба кормандони қаторӣ меҳрабонӣ зоҳир менамуд. Аммо генералҳои солдида ба сардори худ каҷ-каҷ менигаристанд, ба ӯ бовар надоштанд ва ба элементҳои демократияи ӯ бовар надоштанд ва он ҳамаро як навъ худнамоӣ меҳисобиданд.
Ликвидатсия
Маҳз дар давраи роҳбарии Шелепин амалиёти маҳвсозии (ликвидатсияи) пешвои миллатчиёни Украина Степан Бандера, ки дар Мюнхен бо номи Стефан Попел зиста, мамолики Ғарбро бар зидди СССР мешуронд, тарҳрезӣ шуд. Амалиёти бобарорро ба Шелепин нисбат медиҳанд.
15 октябри соли 1959 агенти советӣ Богдан Сташинский Бандераро поида, дар даромадгоҳи хонааш бо заҳр ӯро нобуд кард…
Банди нав
Соли 1962 карйераи Шелепин ба даври навбатӣ ғел хурд. Корҳояшро дар КГБ ба ҷӯрааш Владимир Семичастний супурда, худ роҳбари Комитети назорати партиявӣ – давлатии назди КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР шуд. Ниҳоди мазкурро вақтҳои гуногун симоҳои барҷаста Валериан Куйбишев, Станислав Косиор, Всеволод Меркулов, Вячеслав Молотов ва дигарон роҳбарӣ кардаанд…
Сохтори Комитет кори ҳукумат ва апарати КМ КПСС – ро такроран иҷро мекард. Комитет метавонист мустақилона тафтишот барад, гунаҳкоронро ҷазо диҳад, парвандаҳоро ба прокуратура ва суд супорад. Ҳатто иҷозат буд, ки корҳои ниҳодҳои қудратӣ – КГБ, ВКД ва Вазорати мудофиаро бисанҷад. Аз ин рӯ, Шелепинро бад медиданд ва аз ӯ метарсиданд…
Дар 43-солагӣ Шелепин ҷавонтарин котиби КМ КПСС дар СССР, ҳамзамон номзад ва аъзои Президиуми КМ, Раиси Комитети назорати партиявӣ – давлатӣ, муовини Раиси Совети Вазирони СССР шуд. Ин ҳама аз меҳрубонӣ, дастгирии пайвастаи Хрушев, ки яқинан дар симои ӯ ҷойгузини худро медид, ба вуқуъ пайваст.
Хиёнат
То ба соли 1964 Хрушёв қариб бо ҳамаи ҳамсафонаш низоъ кард. Ҳавобаландию мағрурии котиби якум, беэътиноӣ ба фикри атрофиён, муносибати дағал, ба алфози бешармонааш дар дили ҳама зада буд. Ҳангоми суҳбати байнихудӣ ва атрофиён ба шахспарастии нав – кунун хрушёвӣ роҳ медод. Норизоӣ ба он оварда расонд, ки қисме аз ҳамсафон дар андешаи суиқасд, ҳиссае дар фикри табаддулоти дарборӣ шуданд.
Андеша ва нақшаи сарнагун сохтани Хрушёв аз Шелепин ва гурӯҳи дӯстони комсомолиаш рӯ зада. Шелепин воқеан маркази мағзии амалиёти сарнагун сохтани валинеъмати дирӯзааш буд. Вай ҳатто амбитсия (ғурур)-и худро дар хусуси шахсан роҳбарӣ кардани СССР пинҳон намедошт. Дар амалӣ намудани нақша ба дӯстони деринааш такя мекард. Қабл аз ҳама ба Семичастний ва Николай Месяцев. Ҳарду бегуфтугӯ худро дар бари лидери худ медиданд.
Ба тирамоҳи соли 1964 дар бораи гуфтушунидҳои пасипардагӣ дар ҳама ҷо мегуфтанд. Роҳбарони сӯиқасд конспиратсияро гӯё фаромӯш сохта буданд. Ба воситаи писараш (Сергей) ва домодаш Алексей Аҷубей кӯшиши хабар расонданро карданд. Аммо Хрушёв ба хавфи қарибулвуқуъ бовар кардан намехост. Вақте фаҳмид ки «бачаҳо»- Шелепин ва Семичастний бар зидди ӯ бархостаанд, коҳ-қоҳ зада хандид…
Хрушёв дар Питсунда дам мегирифт. Аз Москва занг зада хабар доданд, ки оҷилан ба Пленуми КМ КПСС ҳозир шавад. Ӯ бо дили нохоҳам отпускашро қатъ карда ба раҳ баромад. Дар пленум ҳамакаса ба ӯ часпиданд. Ҳамсафони дерин паи ҳам сухан ронда, ӯро барои иштибоҳоти ногузир дар иқтисодиёт, алфози қабеҳу дағал гунаҳкор мекарданд. Шелепин низ ба мураббии хеш раҳм накард…
Хрушёв ночор ба баъзе гуноҳҳояш иқрор омад ва ваъда дод, ки ислоҳ мешавад, аммо ба ӯ дигар имкон надоданд. 14 октябри соли 1964 Хрушёвро бинобар вазъи саломатӣ аз тамоми вазифаҳо сабукдӯш карданд. Ба вазифаи котиби якуми КМ КПСС Леонид Брежнев ва маснади Раиси Совети Вазирони СССР Алексей Косигин омаданд.
Пётр Шелест, котиби якуми КМ ПК Украина шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми аз назди Шелепин гузаштан Хрушёви маҳзун оҳиста гуфташ: «Видите, они с вами поступят так же»…
Роҳбарон на фариштаанду на авлиё
Баъди истеъфои Хрушёв одамони огаҳ ва шахсони наздик ба Ҳукумат мегуфтанд, ки Брежнев фигураи заиф ва муваққатист ва ба наздикӣ ӯро Шелепин иваз мекунад. Номи баъдӣ ғулғула меафканд. Шелепин нисбати Брежнев ҷавон буду чаққон. Дар миқёси СССР ва хориҷа бисёриҳо бовар доштанд, ки андак монда Шелепин роҳбари давлат мешавад.
Ба иқрори Аҷубей (домоди Хрушёв): «Шелепин Брежневро пули пучак намедонист, вай аз ҷиҳати қудрати хислат ба кафшҳои Шелепин патак намешуд». Ба назар дар муҳорибаи қарибулвуқуъ Шелепин дар ҳарб бо Брежнев дастболо мегашт ва ӯ ба ин сабқат омодагӣ медид. Аммо вай як чизро ба назар нагирифт, зӯрозмоиро натанҳо бо қувват, балки бо ҳила низ метавон бурд. Дар ҳила вай аз Брежнев фарсахҳо дур мемонд.
Вақтҳои аввал Шелепин ва Брежнев дӯст буданд. Бо оилаҳои якдигар рафтуомад доштанд, аммо баъдтар байни онҳо дар ҳалли масоили мубрам ихтилоф ба миён омад. Брежнев ба ӯ бовар надошт. Ҳини рухсатӣ ё сафари хидматӣ дар «хоҷагӣ» одамони дигарро мемонд…
Дар ин мобайн гапу гузори зиёдест, ки аз он сарфи назар мекунем.
Гашти моҳирона
Вақте Шелепин хатча навишт, ки роҳбарони олӣ фурӯтан бошанду якдигарро бо орденҳои дӯстдошта сазовор нагардонанд. Ба ӯ дар аввал бо назари эҳтиёт бо нафрати ошкоро менигаристанд.
«Роҳбарон на фариштаанду на авлиё, мисли дигарон аз тоифаи одамиянд…», – мегуфт Шелепин.
Дар умум, аз ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳизбиён Шелепини бадқавоқ ва дурушт аз Брежневи хандонрӯ ва дилписанд сахт бой медод. Аз ҳама хуб дар КМ КПСС Брежнев бо одамон созиш мекард.
Брежнев медонист, ки вазифаи Раиси Комитети назорати партиявӣ – давлатӣ ба Шелепин аз ҳад зиёд ҳукумат медиҳад ва бо гашти моҳирона пешниҳод намуд, то ин кумитаро барҳам диҳанд. Бо ҳамин Александр Николаевич Шелепин ваколати воқеии шахси дуюм дар Президиуми КМ буданро аз даст дод.
Ба ҳар хол, ҳанӯз дар соли 1966 ягон кас намедонист дар СССР ки лидер аст – Брежнев ё Шелепин. Дар ин бора ҳатто қисса мекунанд, ки дилхоҳ котиби обком барои ҳалли ин ё он масъала бо шахси аввали давлат, аввал ба як кабинет, баъд ба кабинети дигарӣ медаромад…
Андешаест, ки Шелепинро худдорӣ накардани дӯстонаш – Семичастний, Месятсев ва дигарон нобуд кард. Онҳо ҳини муроҷиат ба мансабдорони минтақавии сатҳи гуногун гаштаю баргашта такрор мекарданд, ки Брежнев фигураи мувақатист. Дар истиқболи роҳбари асосӣ омода бошанд. Хоҳ-нохоҳ ин овозаҳо ба гӯши генсек (унвони аввали ин вазифаро дар соли 1966 аз нав баргардонда буданд) мерасид. Брежнев асабонӣ мешуд, ба ғазаб меомад, фикр дошт, ки ҳарчи тезтар аз ҳарифи хатарнок ва гурӯҳи тарафдоронаш халос шавад.
Брежнев ба тартиб Шелепинро аз худ дур ва дастаи ӯро беэътибор мегардонд. Овозае паҳн гардид, ки «комсомолон» кӯшиши гирифтани ҳукумати мамлакат ва партияро дар назар доранд. Брежнев 30-40 нафар атрофиёни ӯро титу пит кард, асосан ҳамчун сафир ба давлатҳои дур ва камаҳмият фиристод.
Таназзул
Ҷазодиҳии шелепенчиён ба соли 1967 рост омад. Вақти муносиб фаро расид. Баҳонаи афшондани калонҳои КГБ худ ба худ ба миён омад. Светлана Алилуева, духтари Сталин аз хориҷа баргаштан нахост. Карйераи ҷиддии сиёсии Семичастний дар 43 – солагӣ ба охир расид. Дар оянда вай – генерал-полковник муовини раиси Совети Вазирони Украина шуда, зиндагии ҳақиронаю бемақсад ба сар бурд. Дар Киев ӯ то солҳои 1980 нишаст, инфаркт гирифт…
Шелепинро раиси иттифоқҳои касабаи умумииттифоқ (ВЦСПС) таъин карданд. Сарфи назар аз он ки вай аъзои Политбюро монд, аммо нуфузашро пурра аз даст дод.
Соли 1975 Шелепин дар сафи иттифоқҳои касаба ба Лондон рафт. Дар он ҷо ҷанҷоли бузурги сиёсӣ ба вуқуъ пайваст. Муҳоҷирони украинӣ ликвидатсияи Бандераро ба хотираш оварда, ӯро бо помидорҳои гандида «пешвоз» гирифтанд…
Александр Шелепини фартут 14 октябри соли 1997 аз дунё гузашт ва бо ҳамин як саҳифаи таърихии ҳукумати советӣ варақгардон шуд.
Умари ШЕРХОН
