– 30.08.2023. Намози ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев – бонкдори номӣ ва тавонои тоҷик, ки гуфта мешавад, ҷинояткорон рӯзи 23.06.2023 куштаву ба дарёи Зарафшон афганда буданд, дар масҷиди Сари Осиё баргузор ва ҷасадаш дар манзили ҳамном ба дасти хок рафт: Ҷош ҷаннат!
– 31.08.2023. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид.
– Кореяи Ҷанубӣ барои лоиҳакашии бунёди роҳи оҳани шаҳрӣ ва метро дар ш.Душанбе 200 ҳазор доллар ҷудо менамояд.
– Дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатии мамлакат қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа – Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе – Бохтар ба шумор меравад, ба истифода дода шуд.
– Акбар Аҳмадов, яке аз ҷинояткороне, ки дар рабудану қатли муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дошт, дар зиндон фавтид: ҷояш дӯзах!!!
